Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Падрӯд

padryd

Падрӯд, деҳаест дар Совети  қишлоқи  Шинги pайони Панҷакент, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Правда». Аз Падрӯд то маркази Совети қишлоқ 22 километр то район 62 километр. Аҳолиаш 275 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола, магазин, пункти тиббӣ дорад. Аз ёдгориҳои таъ- рихӣ Қалъаи Нофин боқӣ мондааст. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — тамокукорӣ, …

Муфассал »

Падиддору

Падиддоруи суратгирӣ, маҳлули якчанд моддаҳоест барои аён сохтани акси ноаёни фотографӣ. Акси ноаёни сурати фотографӣ дар натиҷаи ба навори кино ё лавҳаи фотографии ҳассос таъсир кардани равшани ё дигар намуди афканишот пайдо мешавад. Падиддору ду хел мешавад: муқаррарӣ (ё худ химиявӣ) ва физикӣ. Падидоруи х и м и я в …

Муфассал »

Падеж

padej

Падеж, категорияи грамматикии хиссаҳои номии нутқ (исм, сифат, ҷонишин, шумора) дар забонҳои ҳиндуевропоӣ, туркӣ, фину угорӣ, сомӣ, кавказӣ ва ғайра. Дар забонҳон имрӯзаи эронӣ Падеж дар забонҳои помирӣ, пушту, осетинӣ мавҷуд аст. Шаклҳои категорияи мазкур муносибатҳои гуногуни байни аъзои мустақил ва ғайримустақили ибораро ифода карда, ба воситаи аффиксҳо ва флексияи …

Муфассал »

Па-де-де

pa_de_de

Па-де-де (фраке, pas de deilx — рақси дукаса), номи яке аз шаклҳои маъмули мусиқию рақсӣ дар балет. Аз қисмҳои зерин: баромади умумӣ— адажио (рақси дукасаи лирикӣ), аллегро —ду вариасия (рақси яккаи раққос ва раққоса) ва кода (рақси якҷояи хотимавӣ) иборат аст.

Муфассал »

Падаршоҳӣ

padarshohi

Падаршоҳӣ, як шакли маъмули муносибатҳои ҷамоти ибтидоист, ки зимни он дар хоҷагӣ, чамъият ва оила мард ҳукмфармоӣ мекунад. Дар натиҷаи тараққии қувваҳои истеҳсолкунанда ва афзудани ҳосилнокии меҳнат дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии ҷамоаи ибтидоӣ: деҳқонӣ, чорводорӣ, шикор ва моҳигирӣ Падаршоҳӣ ба амал пайваст. Тараққкёти истеҳсолот боиси авҷ гирифтани мубодила ва пайдо …

Муфассал »