Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Пайса

paysa

Пайса, 1) тангаи ҳиндии aсри 18 ва 19; 2) пули майдаи фулузии Ҳиндустон ва Покистон. То гузаштан ба сисгтемаи пули даҳӣ Пайса ба ‘/64 рупия, баъди гузаштан (дар Ҳиндустон соли 1957, Покистон 1961) ба 1/ioo рупия баробар буд.

Муфассал »

Пайравии Соваҷӣ

Пайрави Соваҷӣ Амирбек (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 16 форс-тоҷик. Пайрави Соваҷӣ аз мардуми шаҳри Соваи Эрон буда, пас аз касби камол ба Ҳиндустон рафт ва дар он ҷо зиндгиву эҷод кардааст. Зоҳиран, бо дарбори хукмрони давр — Анбар робитае дошт. Мувофиқи маълумоти тазкираҳо Пайравии Соваҷӣ ғазалсарои бомаҳорате …

Муфассал »

Пайрав Отаҷон Сулаймонӣ

Пайрав (тахаллус; ном ва фамилияаш Отаҷон Сулаймонӣ; 15. 4. 1899, Бухоро — 9. 6. 1933. Самарқанд), шоири советии тоҷик. Аз оилаи савдогари калон. То соли 1911 дар .мактаби ибтидоии Бухо­ро, солҳои 1911—14 дар мадрасаи фор­сии Марв хонда, аз соли 1914 то 1916 дар назди муаллимони хусуси за­бони русӣ омӯхта, аз …

Муфассал »

Пайкори гурд

paykon

«Пайкори гурд» 1) суруди қадимии маросимист. ки дар аҳди Сосониён Борбади Марвӣ барои ҳарбиёни Хусрави Парвиз эҷод кардааст. 2) Шуъбаи созӣ дар «Понздаҳмақом». 3) Гӯшаи мусиқӣ дар таркиби шуъбаҳои «Хаштмақом», «Ҳумоюн» («Дувоздаҳма қом»).

Муфассал »

Пайкон

payk

Пайкон, олатест, ки ба нӯки тири камон ё найза пайваст намуда, дар шикор ва ҷангҳо истифода ба­ранд. Пайкон ҳанӯз дар давраи мезолит ва неолит ба вуҷуд омадааст. Он дар ибтидо аз чақмоқсанг (баъзан устухон), дертар аз биринҷӣ ва чӯб сох­та мешуд. Дар охирҳои асри биринҷӣ (асрҳои 12—8 то милод) дар …

Муфассал »