Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Пахтақайнар

Пахтақайнар, деҳаест дар Совети қишлоқи Роҳи Ленин, pайони Вахши вилояти Қурғонтеппа. Территорияи колхози «Ленинград». Аз Пахтақайнар то маркази Совети қишлоқи 3 километр, то рай­он 8 километр. Аҳолиаш 680 нафар. (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа мактаби ибтидоӣ, пункти тиббӣ ва магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ пахта­корист. Заминҳо аз канали Дарахтзор обёрӣ …

Муфассал »

Пахтаобод дар pайони Ҳисор

Пахтаобод, деҳаест дар Совети қишлоқи Деҳқонободи pайони Ҳисори Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи колхози «Съезди 22-юми партия». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 2 километр, то район 3 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 750 нафар. (.1981), тоҷикон ва ӯз­бекҳо. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пах­такорӣ. Заминҳо аз дарёи Чангоб обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Пахтаобод дар pайони Қумсангир

Пахтаобод, деҳаест дар Совети қишлоқи  Панҷи pайони Қумсангир, вилояти Қурғонтеппа. Территорияи колхози ба номи Владимир Илич Ленин. Аз Пахтаобод то маркази Совети қишлоқи 4 километр, то район 12 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1025 нафар. (1981), асосан тоҷикон. Де­ҳа клуб, китобхона, пункти тиббӣ, магазин, чойхона, шуъбаи алоқа до­рад. Соҳаи асосии хоҷагӣ …

Муфассал »

Пахтаобод дар pайони Хуҷанд

Пахтаобод, деҳаест дар Совети қишлоқи Овчиқалъачаи pайони Хуҷанд, вилояти Ле­нинобод. Территорияи колхози ба номи В. В. Куйбышев. Аз Пахтаобод то маркази Совети қишлоқ 6 километр, то район 24 километр; роҳ асфалт­пӯш. Аҳолиаш 520 нафар. (1981), қирғизҳо. Деҳа мактаби 8-сола, пункти тиббӣ ва магазин дорад. Соҳаи асосин хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо …

Муфассал »

Пахтаобод pайони Колхозобод

Пахтаобод, деҳаест дар Совети қишлоқи Узуни pайони Колхозобод, вилояти Қурғоптеппа. Территорияи колхози ба номи Карл Маркс. Аз Пахтаобод то маркази Совети қишлоқ 1 километр, то район 8 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1035 нафар. (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Со­ҳаи асосии хоҷагӣ пахтакорист. Заминҳо ба воситаи канал аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд.

Муфассал »