Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Планҳои панҷсолаи тараққии хоҷагии халқи СССР

Планҳои панҷсолаи тараққии хоҷагии халқи СССР, шакли асосии кашидани плани тараққии иҷтимоию иқтисодии мамлакат, қисми таркибии системаи планхои дарозмуддат, миёнамӯҳлат (панҷсо­ла) на планҳои ҷории хоҷагии халқ, мебошад. (Нигаред Планкашии хоҷагии халқ). Планҳои панҷсола мақсади плани дарозмуддатро аниқтар карда, муҳлати иҷрои мунтазами онро муайян мекунанд, барои аз ҷиҳати техникию иқтисодӣ пурра …

Муфассал »

Планҳои панҷсолаи тараққии хоҷагии халқи РСС Тоҷикистон

Планҳои панҷсолаи тараққии хоҷагии халқи РСС  Тоҷикистон, шакли асосии планкашии иҷтимоию иқтисодии тараққии рес­публика, ҷузъи таркибии системаи планҳоест, ки планҳои дарозмуддат, миёна (панҷсола) ва ҷории хоҷагии, халқро дарбар мегирад. Планҳои тараққии хоҷагии халқ дар ҳаёти халқи советӣ роли басо бузург бозидаанд. Онҳо дар давраи гузариш аз капитализм ба сохти нави …

Муфассал »

Планҳои молияи

planhoi-moliyai

Планҳои молияи дар СССР, планхоест, ки даромади пулии давлат, корхона, ташкилотҳо ва шакли ғункунии онҳо, инчунин тартиби истифода аз онҳоро ифода мекунад. План дар асоси планҳои перспективӣ ва ҷории хоҷагии халқ тартиб дода мешавад. Дар План нишондиҳандаҳои гуногуни натуралии дар планҳои хоҷагии халқ мавҷуда бо пул ифода мегарданд ва нишондиҳандаҳои …

Муфассал »

Плантасия

plantasiya

Плантасия (лотинӣ planlatio — шинондани растанӣ, аз planto — мешинонам), 1) хоҷагии калони заминдорӣ дар мамлакатҳои капиталистӣ (нигаред Хоҷагии плантасионӣ). 2) Қитъаи калони замини зироати махсуси хоҷагии қишлоқ (масалан, Плантасияи лаблабӯи канд, Плантасияи чой ва ғайра).

Муфассал »

Плантаж

plantaj

Плантаж, шудгори планта­жии хок (франсавӣ plantage, лотинӣ plan- to—мешиносам), шудгори чуқури замини парвардахона ва ниҳолхонаи ток, дарахту бутта ба воситаи плугҳои махсус. Ҳаигоми Плантаж қабати хокро чуқур (40—75 сантиметр( ва зиёда аз ин) нарм мекунанд ва ин барои инкишофи решаи растанӣ шароити мусоид фаро меоварад. Барои он ки қабати камҳосили …

Муфассал »