Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОКС

box

БОКС (аз англ. Bох — зарба), муштзанӣ, навъи варзиш, аз рӯйи қоидаи муайян муштзании байни ду варзишгар. Панҷ ҳазор сол пеш дар Мисру Бобул дар шакли муштзании одӣ пайдо шудааст. Қоидаҳои бозии Бокс (бе дастпушак) дар Англия (асри 18) ҷорӣ гардида, соли 1867 истифодаи дастпушак шурӯъ шуд. Бокс аз соли …

Муфассал »

БОККАЧО Ҷовани

chovanni

БОККАЧО Ҷовани (1313, Порис – 21.12.1375, Черталдо, наздики Флоренсия), нависандаи итолиёӣ. Яке аз нахустин намояндагони адабиёти инсондустии давраи Эҳё. Достонҳои Боккачо «Шикори Диана» (1334), «Филоколо» (1330), «Филострато» (1338), «Тесеида» (1339-1341), оид ба муборизаи Тесей ба муқобили амазонкаҳо) ва ғайра, романи «Филоколо» – иборат аз 5 китоб (1336) дар таъсири адабиёти …

Муфассал »

БОКӢ Мулло Теҳронхоҷа ибни Мулло Муҳаммад Боқирхоҷа

images

БОКӢ Мулло Теҳронхоҷа ибни Мулло Муҳаммад Боқирхоҷа мутахаллис ба Бебок, шоири тоҷик (асри 19). Мувофиқи маълумоти тазкиранигорон Абдӣ ва Муҳтарам Боқӣ аз акобирзодагони Бухоро буда, нисбаташ ба Амир Исмоили Сомонӣ мерасидааст. Дар назди олимону фозилон илмҳои мутадовилаи даврро ба хубӣ аз худ намуда, чун шахси донишманд шуҳрат ёфт. Ба тасаввуф, …

Муфассал »

БОЙҶУВОРӢ

chuvori

БОЙҶУВОРӢ, бойдарвеш, навъи ҷувории сафед. Асосан барои дону силос кишт мекунанд. Донаш сафед (вазни 1000-тоаш 38-45 г). Баъди 130 – 135 рӯзи кишт мепазад. Барои силос баъди 115 – 120 рӯз медараванд. Дар 2 дарав аз ҳар га то 1000 сентнер баргу пояи силосбоб ва 60-65 сентнер дон гирифтан мумкин …

Муфассал »

БОЙСУНТОҒ

kuh

БОЙСУНТОҒ, кӯҳ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Шохаи ҷануби ғарбии қаторкӯҳи Ҳисор. Бахшгоҳи дарёҳои Сурхон ва Шеробод. Аз шимоли шарқ ба ҷануби ғарб ба масофаи 150 км тӯл кашидааст. Баландиаш ба ҳисоби миёна 3000- 3400 м, нуқтаи аз ҳама баланди он 4424 м. Бойсунтоғ аз оҳаксанг, регсанг, гил, гнейс, варақсанг, гранит ва …

Муфассал »