ЛОГОПЕДИЯ (аз забони юнонӣ: logos — калима ва paideia — тарбия намудан), соҳаи педагогика, ки нуқсонҳои нутқ (лакнати забои ва ғайра) ва пешгирӣ кардани онҳо, инчунин роҳҳои ислоҳи ин нуқсонҳоро меомӯзад.
Аввалҳо бо масъалаҳои Логопедия (асри 17) соҳаи сурдопедагогика машғул буд. Аз нимаи 2-юми асри 19 омӯхтани нуқсонҳои нутқ соҳаи мустақил шуда бошад ҳам, ба он аз нуқтаи назари тиб наздик мешуданд. Дар натиҷаи васеъ шудани тасаввурот дар бораи табиати фаъолияти нутқ ва тадқиқотҳои назариявӣ доир ба ин соҳа равияи Логопедия тамоман тағьир ёфт, мазмуни педагогӣ ба ҷои аввал гузашт.
Фанни Логопедияи муосир ба омӯхтани табиати фаъолияти нутқи инсон, хусусиятҳои ба фаъолияти психикитаъсир расондани он аҳамияти махсус медиҳад. Нуқсони нутқ аз рӯи пайдоиш ва аз ҷиҳати ба тараққиёти психика таъсиррасонӣ гуногун мешавад. Нуқсони нутқ ҷараёни омӯзиш ва бо одамони атроф мубодила намуданро душвор мегардонад. Дар натиҷа кӯдак дар тараққиёти рӯҳӣ аз ҳамсолони худ қафо мемонад. Ҳангоми тадқиқотхҳи логопедӣ баробари нуқсонҳои талаффуз тараққиёти лексикиву грамматикаи нутқ низ омӯхта мешавад.
Бар комёбиҳои илми тиб, психология, забоншиносӣ ва физиология истинод карда, дар соҳаи Логопедия тадқиқотҳои махсуси педагогӣ бурда мешавад. Дар Тоҷикистон ба кӯдакон дар поликлиника, боғчаҳои бачагон, мактабҳои махсус ва дигар муассисаҳо ёрии логопедӣ мерасонанд.