Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ҚАЗОҚИСТОН

ҚАЗОҚИСТОН

kazaxstan

ҚАЗОҚИСТОН, Республикаи Советии Социалистӣ (Қазақ Советтик Содиалистик Республикасы, Казахстан), дар ҷан.ғарби қисми осиёгии СССР воқеъ буда, бо Хитой дамсарҳад аст. Масоҳ. 2717,3 ҳаз. км3. Аҳолиаш 16028 ҳаз. наф. (1986), қазоқҳо, русҳо, украиниҳо, немисҳо, тоторҳо, узбекҳо, уйғурҳо ва диг. Аҳолии шаҳрӣ — 57 % 19 вилоят, 221 район, 83 шаҳр ва 204 птш дорад. Пойтахташ ш. Алмаато. Қисми ғарбии республикаро пастиҳои Назди-каспий ва Турон, марказиро талистони Қазоқистон, шимолиро канори ҷанубии ҳамвории Сибири Ғарбӣ, қисмҳои шарқӣ ва ҷан. шарқиро системаи к-ҳои Олтой, Тарбагатой, Алатови Ҷунгар ва Тиёншон ишғол кардаанд. Иқлимаш ниҳоят континентист. Ҳарор. миёнаи янв. аз —18С дар шимол то —ЗТ дар ҷануб. Июль 19°С дар шимол, 28—ЗО’С дар ҷануб. Боришоти солона дар шимол то 300 м, дар биёбон камтар аа 100 мм, дар куҳҳо то 1600 мм. Дарьёҳои калонтарин: Иртыш, Урал, Чу, Сир; кули Балхаш, қисман б-ҳои Арал ва Каспий. Хоки ҳудуди Қ. сйёҳ, хурмоӣ, бур, хокистарранг, дорчинӣ. Асосан растаниҳои даштӣ ва биёбонӣ меруянд.

Ҷамъияти синфӣ дар ҳудуди ҳозираи Қ. дар а-ҳои 2—1 то м. ба вуҷуд омадааст (иттиҳоди давлати Кангюй). Дар миёнаи а-ҳои 6—8 Хоқонии Турк, давлатҳои тургашҳо -ва дарлуҷҳо, дар а-ҳои 9—12 давлатҳои оғузҳо, Қарохониён вуҷуд доштаанд. Дар а. 11— авв- а. 13 ба ин сарзамин салҷуқиён, кидониён ва муғулҳо тохтанд. Ох. а. 15 хонии Қазоқ ба вуҷуд омад, ки он ба жузҳо тақсим шуда буд. Дар авв. а. 16 халқияти қазоқ асосан ташаккул ёфт. Дар а. 18 жузҳои Хурд ва Миёна, дар с-ҳои 60 а. 19 Жузи Калон ихтиёран тобеияти Россияро қабул карданд. Дар ох. а. 19—ибт. а. 20 аввалин кружокҳои С.-д. ба вуҷуд омаданд. Меҳнаткашони Қ. дар Рев-1905—07, Шуриши с. 1916-и Осиёи Миёна, Рев. Февраль ва Рев. Октябрь (1917) иштирок кардаанд. Ҳокимияти Советӣ дар саросари Қ. аз нояб. 1917 то февр. 1918 барпо карда шуд. Марти 1920 ҷанги гражданӣ қатъ гардид. 26 авг. 1920 дар ҳайати РСФСР РАСС Қирғ. таъсис ёфта, 19 апр. 1925 РАСС Қаз. ном гирифт. С-ҳои 1921—22 ислоҳоти обу замни гузаронида шуд. Аз 5 дек. 1936  чун республикаи иттифоқӣ ба ҳайати СССР дохил гардид. Бо орденҳои Ленин (1956, 1979, 1982), Революцияи Октябрь (1970), Дустии Халқҳо (1972) мукофотонида шудааст.

Партияи Коммунистии Қ. Соли 1937         таъсис ёфтааст. 1 янв. 1986 шумораи аъзоёни партия 775992 наф. ва номзадҳо ба аъзогии партия 34784 наф. буд; аъзоёни комсомол —2527309 наф., аъзоёни иттифоқҳои касаба — 7337546 наф.

Дар натиҷаи дигаргунсозиҳои социалистӣ Қ. ба республикаи индустриявию х. қ.-аш коллективии мутараққӣ табдил ёфт. Маҳсулоти саноат с. 1979 нисбат ба с. 1940-ум 31 маротиба афзуд. Маъданҳои ранга, металлҳои нодир, ангишт, нефт (Манқишлоқ Эмба), гази табиӣ, маъдани оҳан (конҳои Соколов, Сарбай ва Лисаков), маъданҳои хромит, манган ва фосфорит истихроҷ мекунанд. Ст. электрни обии калон (дар Иртыш), ст-ҳои электрии ҳароратӣ дар Дараганда, Чимкент ва .ғ; истеҳсоли энергияи электрик 74,6 млрд кВт’С (1984). Соҳаҳои муҳими саноаташ: металлургияи ранга (дар Балхаш, Дездозган, Уст-Каменогорск, Леянингорск, Чимкент ва ғ.), металлургияи сиёҳ (Темиртов, Оқтеппа, Ермак), мошинсозии гуногун (Алмаато, Караганда, Павлодар), саноати Қ. химия (нуриҳои минералӣ, кислотаи сулфур, наху ресмони химиявӣ дар Қаротов, Чимкент, Дамбул ва диг. ҷойҳо, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, саноати сабук, хурокворӣ (корхонаҳои гушту шир, қанд, моҳӣ, равғанкашӣ ва ғ-)’. Дар натиҷаи корам намудани заминҳои нав ва бекорхобида (1954—00) Қ. ба яке аз ноҳияҳои калони ғаллакории СССР табдил ёфт. Маҳсулоти умумии х. қ, с. 1979 нисбат ба с. 1940-ум 7,6 маротиба афзуд. Майдони киштзор 36 млн га: заиминҳои обӣ 1,9 млн п (1984), асосан дар Қ.-и ҷанубӣ 1 янв. 1985 дар Қ. 2139 совхоз, 394 колхоз ва 18 артели моҳигирӣ буд. Зироатҳои х. қ.: гандум, ҷав, ҷуворкмакка, шолӣ, арзан, офтобпараст, зағир, хардал, лаблабуи қанд, пахта (дар вил. Чимкент), сабзавот, зироатҳои полизӣ ва хуроки чорво. Боғу токзорҳо асосан дар вил-ҳои Чимкент ва Алмаато мавҷуданд. Чорводорӣ ва паррандапарварӣ соҳаҳои муҳимми х. қ. мебошанд. Махсусан гусфандпарварӣ (аз ҷумла гусфанди қароқулӣ) тараққӣ кардааст. Инчунин гов, хук, уштур, асп мепарваранд. Тули умумии р. о. 14,3 ҳаз. км, роҳҳои автомобилгард 97,3 ҳаз. км. Дар б. Каспий, б. Арал, кули Балхаш, д-ҳои Иртыш, Сир, Урал киштиронӣ мекунанд. Дар Қ. космодроми Байконур воқеъ аст.

 

С. 1979 ба 1000 каси машғули кори х. қ. 807 каси маълумоти оли ва миёнадор рост меомад. Дар соли дониши 1979/80 дар 53 донишкадаи олӣ 251 ҳаз. студент, дар 231 мактаби миёнаи махсус 260,2 ҳаз. талаба мехонд. АФ (таъсисаш 1946) мавҷуд. 29 театр дорад. С. 1979 ба ҳар 10 ҳаз. кас 30,8 духтур рост меомад.

Харита дар сад. 256—257.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …