Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ҚАҲРАМОНИ ЛИРИКӢ

ҚАҲРАМОНИ ЛИРИКӢ

ҚАҲРАМОНИ ЛИРИКӢ, шахсест (аксаран худи шоир), ки шеъри лирики аз номи у навишта шудааст ё фикру ҳиссиёташ дар шеър ифода ёфтааст. Қ. л. дар асоси таҷрибаю мушоҳидаҳои муаллиф буньёд шавад ҳам, он аз доираи шахсияти муаллиф ҳамеша берун мебошад. Ба ин маънӣ шахсияти шоир прототиперо мемонад, ки дар асоси он образи бадеии типӣ сохта мешавад. Қ. л.-и шоирони бузург ғояҳои пешқадами давраашон ва ғояҳои умумиинсониро ифода намудаанд. Хусусиятҳои тасвири олами маънавии Қ. л. ба таҷрибаи ҳаётӣ ва ҷамъиятӣ, ба маҳорат ва услуби адабии шоир вобаста аст. Дар як давраи адабиёт ба олами Қ. л. нақши худро мегузорад. Қ. л.-и адабиёти советии тоҷик, ки анъанаҳои писандидаи классикиро ба мерос гирифтааст, хусусиятҳои тоза касб намуд. Вай муборизи матинироди адолату саодат, сулҳу амонӣ ва рафоқату садоқат мебошад (қаҳрамонони осори С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, Ҳ. Юсуфӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Муъмин Қаноат ва диг.).

М. Давлатова.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …