Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ХИЗОНАИ ОМИРА»

«ХИЗОНАИ ОМИРА»

«ХИЗОНАИ ОМИРА» тазкираест, ки Мир Ғуломалии Озоди Балгиромӣ соли 1757 таълиф кардааст. Шарҳи ҳоли шоирони форстоҷик (аз давраи Рӯдакӣ то замони зиндагии муаллиф)-ро дар бар мегирад, Тартиби тазкира алифбоист. Муаллиф зимни баёни тарҷумаи ҳоли шоирон аз «Лубоо-ул-албоб», «Тазкират-уш-шуаро »-и Давлатшоҳ, «Тӯҳфаи Сомӣ», «Ҳафт иқлим», «Мунтахаб-ут-таворих»-и Бадоунӣ, «Маҷмаъ-ул-фузало»-и Бақоӣ, «Тазкираи Насрободӣ», «Миръот-ул-хаёл», «Ҳамешабаҳор», «Риёз-уш-шуа-ро», «Маҷмаъ-ун-нафоис», «Марду-ми дида» ва ғайра истифода бурдааст.

«Xизонаи омира» ба ғайри баъзе иштибоҳот (нодурустии соли таълифи асарҳо, нисбат додани асари шоире ба шоири дигар) яке аз тазкираҳои мӯътабари форсист. «Xизонаи омира» якчанд бор дар матбааҳои Ҳиндустон ба табъ (Чопи сангӣ) расидааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …