Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАРАЗДАҚ Абуфирос Ҳаммом ибни Ғолиб

ФАРАЗДАҚ Абуфирос Ҳаммом ибни Ғолиб

ФАРАЗДАҚ Абуфирос Ҳаммом ибни Ғолиб (641, Басра — байни 728—732, ҳамон ҷо), шоири араб,яке аз асосгузорони қасидаи мадҳӣ дар адабиёти араб. Фараздақ анъанаҳои эҷодии адабиёти ҷоҳилии (пеш аз ислом)-ро пайравӣ мекард, вале баробари ин ба шеъри ӯ ақоиди ислом ва калимаву ибораҳои Қуръон роҳ ёфтаанд. Нақоид (баҳсу мунозира)-и Фараздақ бо Ҷарир ва дигар шоирони муосираш боиси пайдоиши ҳаҷв дар адабиёти араб гардидаанд. Дар охири умр қасидае «дар ҳаҷви шайтон» навишт, ки яке аз нахустин асарҳои манзуми мазҳабии адабиёти асримиёнагии араб ба шумор меравад.

Адабиёт: Филштинский И. М. История арабской литературы, Москва, 1985.

 

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …