Маълумоти охирин

ФАРАНГИС

shohnoma

ФАРАНГИС                 яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, духтари Афросиёб, завҷаи Сиёвуш. У мувофиқи ривояти Фирдавсӣ, зани фидокору ҷасур аст. Ҳангоми азми куштани Сиёвуш кардани падараш барои раҳонидани шавҳараш аз марг кӯшиши зиёд намуд. Вале Афросиёб Сиёвушро ба қатл расонид ва амр дод Фарангисро то афтодани тифли дар шикамаш буда бизананд. Пирони Виса ӯро аз марг наҷот дод. Бар ивази ин некӣ Фарангис ҳам Пиронро аз марг раҳонид. Ф. Кайхусравро ба дунё овард ва пас аз чанд сол ҳамроҳи паҳлавони эронӣ — Гев, ки бо талаби Кайхусрав омада буд, ба Эрон рафт. Фарангис то охири умр ба Сиёвуш содиқ буд.

М. Диловаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …