Маълумоти охирин
Главная / Биология / ФАРАНДАЛИҲО

ФАРАНДАЛИҲО

ФАРАНДАЛИҲО (Lythraseae), як оилаи гиёҳҳои яксолаву бисёрсола, нимбуттаву бутта ва дарахтонро гуянд. Барги бедандона, шукуфаи гулоби, сурх, бунафш, баъзан сафед ё зард, ғӯзаи кушодашавандаи сертухм доранд. Фарандалиҳо 25 ҷинс (беш аз 500 намуд)-и растаниҳоро дар бар мегиранд.

farandal

Алалхусус дар ноҳияҳои тропикӣ ва субтропикӣ фаровонанд. Дар СССР 7 ҷинс (26 намуд)-и Фарандалиҳо маълум аст. Дар Тоҷикистон 5 ҷинс (12 намуд)-и Фарандалиҳои худрӯй месабзад. 2 намуди фарандалиҳо— ёсӣ ҳиндӣ (Lagectroemia indica) ва oино (Laysinia inermis)-ро мепарваранд. Ёси ҳиндӣ буттаи хеле базеб аст ва гулҳои сурхи зебо дорад; кӯчаву хиёбонҳон шаҳри Душаиберо оро медиҳад. Аз барги ҳино моддаи рангубории лавсон — ранги сурхи зардтоб (барои ранг кардани матоъҳои пашмиву шоҳӣ, мӯи сар ва нохун), равғани эфир ва ғайра мегиравд. С. Юнусов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …