Ожогина, дарёест дар РАСС Еқут., шохоби чапи дарёи Колима. Тӯлаш 523 километр, масоҳати ҳавзааш 24300 километр2. Аз якшавии дарёҳои Сулаккан ва Делкю, ки аз қаторкӯҳи Мома ибтидо меёбанд, ҳосил мешавад.
Дар ҳавзаи Ожогина зиёда аз 2800 кӯл (масоҳати умумиашон 908 километр2) мавҷуд аст. Манбаи дарё барфу борон. Давраи яхбандӣ октябр—май. Шохобҳои калонтаринаш: Хоска (аз чап), Чёчёлюгюн (аз рост). Дар поёнобаш катер мегардад.