Маълумоти охирин
Главная / Илм (страница 3)

Илм

маданияти САО

САО,маданияти археологиеро гӯянд, ки асрҳои 10—19 дар поёноби дарёҳои Шари ва Логоне (территоорияи ҳозираи Республикаи Чад) мавҷуд буд. Мувофиқи ривоятҳо САО-ро халқи сао, ки ба соҳилҳои кӯли Чад аз Билми Саҳрои Кабир омада буд, ба вуҷуд овардааст. Аҳолӣ асосан бо шикор, моҳигирӣ, деҳқонӣ, косибӣ, оҳангарӣ машғул буд. Дар натиҷаи ҳафриёти …

Муфассал »

САНҶИҲО

САНҶИҲО, сели метеориест, ки радианташ дар бурҷи Санҷ воқеъ аст. 20 ё 21 апрел мушоҳида мешавад. Бори аввал соли 687 то милод дар Хитой мушоҳида шудааст. 20 апрели 1803, 21 апрели 1922 ва 21 апрели 1958 афзоиши кӯтоҳмуддати миқдори Санҷиҳо мушоҳида шуд.

Муфассал »

Бурҷи САНҶ

burjho

САНҶ ( русиш Лира), бурҷест дар Нимкураи шимолии осмон. Ситораи муниртаринаш Насри Воқеъ (қадри ситоравиаш 0,0) мебо- шад. Ай хоки Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР махсусан фасли баҳор, тобистон ва тирамоҳ нағз намудор аст. Нигаред, низ Осмон.

Муфассал »

САНЪАТИ ҚАНДАҲОР

САНЪАТИ ҚАНДАҲОР, мактаби машҳури бадеии замони Кушониён (а-срҳои 1—3 милод), ки баробари «санъати сулолави»-и Кушониён вуҷуд дошт. Номи ин санъат аз номи вилояти Қандаҳор (поёноби дарёи Кобул ва як қисми водии дарёи Ҳинд) бармеояд. Як гурӯҳ муҳаққиқон Санъати Қандаҳорро ба санъатн юнонию буддоӣ, гурӯҳи дигар ба римию буддоӣ нисбат медиҳанд. …

Муфассал »

САНСКРИТ

sanskrit

САНСКРИТ, яке аз забонҳои асосии ҳиндии қадим; ба оилаи забонҳои ҳиндуевропоӣ дохил мешавад. Санскрит ҳамчун забони адабӣ дар Ҳиндустони Шимолӣ аз асри 1 то милод интишор ёфтааст. Санскрит бо грамматикаи ба норма даромада ва системаи муайяни сайқалёфтаи қоидаҳояш аз дигар забонҳои ҳиндии қадим фарқ мекунад. Ба Санскрит асарҳои зиёди бадеӣ, …

Муфассал »

САНКХЯ

САНКХЯ. (санскрип, айнан — шумора, ҳисоб), яке аз шаш мактаби рошидии (бараҳмании) фалсафии Ҳиндустон, ки Ведаро эътироф мекунад. Асосгузораш Капила (асри 7 то милод). Таълимоти Санкхя ба вайшешика ва йога наздик буда, ба веданта ва миманса муқобил аст. Давраи классикии Санкхя аз асрҳои 3—4 то 7—8 дониста шудааст. Таълимоти фалсафии …

Муфассал »

САНКАП

САНКАП, к о т о ф о р, 2,4—Бис (изонропиламино) -6-этилтио-сим-триазин, як навъ гербисидро гӯянд, ки барои нест кардани алафҳои бегонаи пахтазор (ба ҳар гектар 1—3 килограмм) истифода мебаранд. Санкап моддаи кристаллии беранг аст; Ь гудозиш 104—106°Селсия. Дар асетон, хлороформ ва баъзе ҳалкунандаҳон дигари органикӣ нағз ҳал мешавад. Санкапро дар …

Муфассал »

САНИДИК

sanidik

САНИДИК (аз юнонӣ зашбаз — тахта; аз сабаби ҳамвору тахтамонанд будани кристаллҳояш чунин номидаанд), минерали ҷинсофарин, шпати даштии баландҳарорати калийдор К(А151308]; аз 100 то 37% калий, ба миқдори гуногун А1 ва 3» дорад. Дар таркибаш то 5% ^а20 ва баъзан ВаО низ ҳаст. Системак кристаллбандиаш моноклинӣ. Кристаллҳояш беранг ё шаффофи …

Муфассал »

САНГҲОИ РЕЗАКОРӢ

59085282

САНГҲОИ РЕЗАКОРӢ, минералҳо ва ҷинсҳои кӯҳии хушрангу зебоеро гӯянд, ки барои резакориҳои бадеию ороишӣ (хотамкорӣ, сохтани гулдонҳо, ҳар гуна маснуоти заргарӣ ва ғайра) истифода мешаванд. Сангрезаҳои резакорӣ аз рӯи хусусиятҳои физикию механикиашон с а х т (сахтиашон мувофиқи шкалаи минералогӣ 5 ва аз он боло, аз қабили нефрит, яшм, ақиқ …

Муфассал »

САНГИ ЧАҚМОҚ

336_kremen

САНГИ ЧАҚМОҚ, чақмоқсанг, минералест, ки аз дуоксиди силисии кристаллӣ ва аморфӣ (опал, халседон ё кварс) таркиб ёфтааст. Дар байни оҳаксанг ва таҳнишастҳои давраи табошир дар шакли конкресия ва қабатҳо вомехӯрад. Санги чақмоқ дар натиҷаи диагенези таҳнишастҳо, категенези ҷинсҳои кӯҳӣ ва фарсоиш ба вуҷуд меояд. Сахтиаш 7. Бинобар қирраҳои тез доштанаш …

Муфассал »