САТҲИ МУВОЗИН (аз арабӣ — бо чизе ҳамвазн будан) дар геодезия, сатҳест, ки дар ҳамаи нуқтаҳояш потенсиали қувваи вазнинӣ як хел бузургӣ дорад. Самти нормал ба Сатҳи мувозин ба самти қувваи вазнинӣ, яъне хати шоқулӣ, мувофиқ меояд. Сатҳи моеъи дар мувозинатбуда мисоли Сатҳи мувозин мебошад. Сатҳи мувозини майдони ҷозибаи Заминро, …
Муфассал »САТҲИ ДАВРЗАНӢ
САТҲИ ДАВРЗАНӢ, сатҳест, ки дар натиҷаи дар атрофи меҳвари беҳаракат давр задани ягон хати каҷ (ташкилкунанда) ҳосил мешавад. Нуқтаҳои хати каҷи ташкилкунанда (т) ҳангоми даврзанӣ давраҳоеро ҳосил мекунанд, ки параллелҳои сатҳ ном доранд (расм). Параллели калонтаринро экватор (а) ва хурдтаринро гарданаи Сатҳ меноманд. Буриши сатҳ бо ҳамворие, ки аз тири …
Муфассал »САТҲИ ВИНТӢ
САТҲИ ВИНТӢ, сатҳест, ки хати £ ҳангоми дар гирди меҳвари ноҷунбони ОО’ бо суръати кунҷии доимӣ чарх зада ва қад-қади ҳамин меҳвар ба пеш ҳаракат карданаш, ташкил медиҳад (расми 1). Сатҳи винтие, ки хати рост мекашад, геликоид (аз юнонӣ ЬеНкоз — спирал ва е1<1оз— шакл) ном дорад. Агар ин хати …
Муфассал »САРҶУМЛА
САРҶУМЛА, қисми асосии предикативии ҷумлаи мураккаби тобеъ аст, ки мазмуну моҳияти онро дар бар мегирад. Сарҷумла бо қисми дигари ҷумлаи мураккаби тобеъ — ҷумлаи пайрав, ки ба Сарҷумла тобеъ буда, аа ҳар ҷиҳат онро эзоҳ медиҳад, як воҳиди кулли нутқ — воситаи мураккаби ахборро ташкил мекунад. Масалан: Домони уфуқ дар …
Муфассал »САРОС
САРОС, даврест, ки баъди гузаштани он аз рӯи ҳамон як пайдарпаии муайян Офтоб ва Моҳ такроран мегиранд. Дар натиҷаи дар кураи осмон даврӣ такрон шудани мавқеи мутақобили Офтоб, Моҳ ва гиреҳҳоги Мадори Моҳ ба амал меояд. Сарос тақрибан ба 6585 1/3 шаборӯз баробар аст. Нигаред, низ Гирифт.
Муфассал »САРМАШҚ
САРМАШҚ (с а р х а т, ҳусни хат, муфрадот, маҷмӯи ҳарфҳои алоҳида, таркибҳои ҳарфии гуногун, калимаю ҷумлаҳои бо хати ҷалӣ навиштан намунавист, ки аз рӯи он шогирдон барои хушнависӣ машқ мекунанд. Сармашқ одатан ба шакли китобча чоп мешавад. Пеш аз Револютсияи Кабири Сотсиалистӣ Октябр чандин Сармашқи тоҷикӣ чоп шуда …
Муфассал »САРВӢ
САРВӢ навъи хатест, ки дар асрҳои 16—19 дар Хуросону Моваро- уннаҳр паҳн гашта, бештар дар гулпартои ва нақшбандии қолинҳо ис- тифода мешуд. Хати Сарвӣ инчунин барои навиштани мактубҳои махфӣ, ки аз якчанд калима иборат буданд, истифода мешуд. Азбаски шакли он ба шохаҳои дарахти сӯзанбарг (сарв) шабеҳ аст, ин навъи хат …
Муфассал »Бурҷи САРАТОН
САРАТОН (арабӣ, харчанг; лотинӣ Сапсег, русӣ Рак), бурҷи чорум аз бурҷҳои дувоздаҳгона. Равшаноии муниртарин ситорааш ба 3,5 қадри ситоравии зоҳирӣ баробар аст. Дар бурҷи Саратон тарокуми мансураи ситораҳои М 44 воқеъ гардидааст. Ду ҳазор сол қабл аз ин инқилоби зимистонаи Офтоб дар ҳамин бурҷ ба амал меомад. Аз ин ҷост, …
Муфассал »САПФИР
САПФИР, ёқути кабуд. Нигаред, Ёқут.
Муфассал »САПОНИНҲО
САПОНИНҲО (собун), пайвастҳои мураккаби бенитрогени органикиро аз гурӯҳи гликозидҳои наботӣ гӯянд. Ҳангоми гидролизи кислотагӣ ё ферментативӣ Сапониҳо ба моносахаридҳо (як ё якчанд молекула) ва қисми ғайриангиштобӣ — агликон (сапогенин) таҷзия мешаванд. Вобаста ба сохти химиявии агликон Сапонинҳо тритерпеноидӣ ва стероидӣ мешаванд. Сапониҳо бисёртар дар растаниҳо ва баъзе ҳайвонҳои баҳрӣ (ситораи …
Муфассал »