Маълумоти охирин
Главная / Биология (страница 4)

Биология

САРИЧА

САРИЧА, мурғест хурдҷусса, ки бисёртар дар лаби обҳо нишаста думҷунбонӣ мекунад. Нигаред,низ Сангобдавак.

Муфассал »

САРИРУЛАСНОН

САРИРУЛАСНОН (арабӣ ғиҷирроси дандонҳо), садоеро гӯянд, кц ҳангоми хоб дар натиҷаи бо ҳам соида шудани дандонҳо ба вуҷуд меояд.

Муфассал »

Ангури САРИАНГУШТ

angur

САРИАНГУШТ, сариангуштӣ, як навъ ангури ҷойдорӣ. Селексияи халқист. Токаш зудсабз, баргаш панҷашакл, гулаш дуҷинса, хӯшааш ғуч (вазни миёнааш 324 грамм), донааш дарозрӯя ё гирда, пӯсташ ғафс (ширааш 27—30% қанд дорад). Охирҳои моҳи сентябр мепазад. Барои тархӯрӣ ва мавиз истифода мебаранд. Сариангушт ан- гури серҳосил (аз ҳар гектар 300—350 сентнер). Дар …

Муфассал »

САРДХУНҲО

67000427

САРДХУНҲО, ҳайвонҳои пойкилотермӣ (аз юнонӣ — гуногун, тағйирёбанда ва шегте — гар- мӣ), як гурӯҳ ҷонваронеро гӯянд, ки ҳарорати баданашон вобаста ба ҳарорати муҳити беруна тағйир ёфта меистад. Ба Сардхунҳо ҳамаи бемӯҳраҳо, моҳиҳо, обхокиҳо ва хазандаҳо мансубанд. Ҳарорати бадани Сардхунҳо одатан ба ҳарорати муҳити беруна баробар ё аз он ҳамагӣ …

Муфассал »

САРГИНҒЕЛОНҲО

САРГИНҒЕЛОНҲО, саргинхӯракҳо, як гурӯҳ гамбусакҳоеро гӯ- янд, ки ба оилаи лавҳачамӯйлабҳо мансубанд. Якчанд зерсиларо дар бар мегиранд. Андозаашон 3—70 миллиметр; рангашон бур ё сиёҳ, баъзан ҷилои металлӣ дорад. Аксари кирминаю гамбускҳои болиғи ин гурӯҳ саргин, баъзеашон ҷасади ҳайвоноти мурдаро мехӯранд, баъзеи дигарашон бошанд, растанихӯранд. Саргинғелонҳои модина дар саргини ҳайвонҳои ширхӯр …

Муфассал »

САРВИҲО

v-krymu-na-yaltinskoy-trasse-goryat-kiparisy_foto-iz-intereneta_1_2014-07-30-11-54-42

САРВИҲО, як оилаи бутта ё дарахтони ҳамешасабзи- сӯзанбаргро гӯянд. Сарвиҳо аз 10 то 70 метр қад мекашанд. Диаметри танаашон аз 20 сантиметр то 6 метр мерасад. Сарвиҳо барги пулакчамоланд (0,5—3 миллиметр) ё сӯзаншакл (1—3 сантиметр), ҷалғӯзаи чӯбӣ ё «руҷуммева» (масалан, арча) доранд. Сарвиҳо 19 ҷинс ва 130 (мувофиқи маълумоти дигар …

Муфассал »

САРВ-АРЧА

v-krymu-na-yaltinskoy-trasse-goryat-kiparisy_foto-iz-intereneta_1_2014-07-30-11-54-42

САРВ-АРЧА, с а в р-а р ч а, дарахти сӯзанбарги ҳамешасабаест аз оилаи сарвҳо. Баландпаш 10—18 метр, шохчаҳояш бештар чун химчаҳои маҷнунбед овезон мешаванд. Сарв-арча дар бисёр ноҳияҳои Тоҷикистон (аз қаторкӯҳҳои Қурама то қаторкӯҳҳои Помири Ғарбӣ) вомехӯрад. Чуби он хушбул сурхтоб ва зифтдор аст. Нигаред, низ Арча.

Муфассал »

САРБУТУНҲО

САРБУТУНҲО, яке аз зерсинфҳон моҳиҳои тағоякдорро гӯянд. Дарозии танашон то 1,2 метр; скелеташон тағоякӣ. Косахонаи са- рашон аутостилӣ мебошад, яъне тағояки ком пурра ба косахонаи сар васл шудааст; 4 роғи ғалсамалшон бо чини пӯст пӯшида шудааст, ки ба туфайли ин фақат як ҷуфти сӯрохии ғалсамаашог ба берун кушода мешавад. Дандонҳояшон …

Муфассал »

САРАФ

САРАФ (арабӣ — хирагии ақл), дар тибби қадим истилоҳест, ки заиф ва хира шудани ақлро ифода мекунад.

Муфассал »