Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОЗОРОВА Саноат Шукуровна

БОЗОРОВА Саноат Шукуровна

imagesБОЗОРОВА Саноат Шукуровна (таваллуд 29.8.1932, ноҳияи Янгибозор – ҳозира шаҳри Ваҳдат). д. и. педагогӣ (2006). Пас аз хатми факултаи забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1957) дар ҳамин донишкада ва баъдан дар УДТ, Дониш­гоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба сифати мудир ва дотсенти кафедра, ноиби ректор оид ба тарбия ва дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода ҳамчун профессори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ кор кардааст. Муаллифи 8 рисола,10 дастури методӣ ва зиёда аз 100 мақолаи илмӣ-методӣ оид ба таърихи пайдоиш ва рушди маориф, асосҳои назариявӣ ва ташаккули маълумоти педагогӣ, тарбия ва рушди он, вазифаҳои стратегии мактаби олӣ ва ғайра. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1964), Аълочии мактаби олии Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ (1982).

Осор: Маориф ва аҳамиияти он барои такмили мутахассисони оянда. Душанбе, 2004; Маориф: таърихи пайдоиш ва рушди он. Душанбе, 2005; Асосҳои назариявӣ ва ташаккули маълумоти педагогӣ. Душанбе, 2006; Фалсафаи тарбия: роҳҳои рушди ом. Душанбе, 2008; Тарбия дар заминаи омӯзиши шахсият. Душанбе, 2010; Тарбия яке аз вазифаҳои страте­гии мактаби олӣ. Душанбе, 2011;  Дастур барои роҳбари гурӯҳ (дастури методӣ). Душанбе, 2011.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …