Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулазиз ибни Шарафуддин

Абдулазиз ибни Шарафуддин

Абдулазиз ибни Шарафуддин соли таваллуд ва вафоташ номаълум), ҳунарманд ва рехтагари тоҷик (охири асри 14 – ибтидои асри 15). Дар дарбори Амир Темур (ҳукмрониаш 1370 -1405) зиндагӣ ва эҷод кардааст. Аз амали Абдулазиз то замони мо осори кам расидааст.

Намунаи машҳури ҳунари ӯ деги калонест, ки соли 1399 аз хулаи ҳафтҷӯш барои мазори Хоҷи Аҳмади Ясавӣ (шаҳри Туркистон) рехта шуда­аст. Ин дег намунаи барҷастаи санъати рехтагарӣ ва мисгарӣ буда, ҳашт ҳалкаи нуқракӯби зарандуд дорад. Дар девораҳои дег тасвири сари шер, мурғ ва моҳӣ муҷассам ва ҳаққокӣ гаштааст. Гирдогирди он бо хатҳои сулс, кӯфӣ ва риқоъ матнҳои гуногун китобат шудаанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …