Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ ФАХРӢ»

«ТАЪРИХИ ФАХРӢ»

«ТАЪРИХИ ФАХРӢ» номи пуррааш «Мунъат-ул-фузало фӣ таворих-ил-хулафо ва-л-вузаро», асари Сафуддин Муҳаммад ибни Алии маъруф ба Ибни Тақтақо, ки соли 1302 ба забони арабӣ таълиф шудааст. «Таърихи Фахрӣ» аз ду боб — боби аввал тарзи мамлакатдории подшоҳонро баён карда, боби дуввум таърихи хукмронии сулолаҳои Фотимиён, Оли Буя, Салҷуқиён ва таърихи халифаҳои арабро (аз пайдошп то барҳамхӯрии онҳо) дар бар мегирад. Дар таълифи китоб ба «Таърих-ул- комил»-я Ибни Асир такя шудааст.
«Таърихи Фахрӣ» барои омӯзиши таърихи ҳукмронии халифаҳои араб, воқеаҳои сиёсию таърихии замони муаллиф маъхази пурқиматест. Адиб ва муаррихи форс-тоҷик Муҳаммад ибни Ҳиндушоҳи Нахҷувонӣ баъди 22 соли таълифи «Таърихи Фахрӣ» онро бо номи «Таҷоруб-ус-салаф» ба забони форсӣ-тоҷики тарҷума кардааст. Матни арабии «Таърихи Фахрӣ» солҳои 1860 дар Гота (РДГ), 1895 дар Париж, 1900 ва 1923 дар Қоҳира нашр гардид, соли 1910 ба франсавӣ тарчума шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …