Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАДРАСАИ МИРОЛИМ ДОДХОҲ

МАДРАСАИ МИРОЛИМ ДОДХОҲ

МАДРАСАИ МИРОЛИМ ДОДХОҲ, ёдгории меъмории асри 18 дар Панҷакент. Толори мураббаъшакл дошта, ноҳияи гунбази пиррадор пӯшида шудааст ва се тарафашро айвонҳои гунбазздор иҳота кардаанд. Меҳроби толор гаҷкориву муқарнаскорист. Изораи масҷид аз санг сохта шуда, эҳтимол боқимондаи бинои кӯҳнатаре бошад. Мадрасаи Миролим Додхоҳ аз типи масҷидҳои «гузарӣ» буда, намунааш дар меъмории халқӣ васеъ паҳн шудааст. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат аст.

МАДРАСАИ МИРОЛИМ ДОДХОҲ
Сурати “МАДРАСАИ МИРОЛИМ ДОДХОҲ”

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …