Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУХАММАДИЕВ Фазлиддин Аминович

МУХАММАДИЕВ Фазлиддин Аминович

МУХАММАДИЕВ Фазлиддин АминовичМУХАММАДИЕВ Фазлиддин Аминович (таваллудаш 15.6.1928, Самарканд), нависандаи советии точик. Аз оилаи саххоф. Аъзои КПСС аз соли 1951. Баъди хатми мактаби миёна табелчии колхоз ва аз соли 1947 то 1949 ходими адабии газетаи «Точикистани Сурх» (холо «Точикистони Совети») буд.

Соли 1951 Мактаби Марказии комсо­молии КМ ВЛКСМ- ро дар Москва хатм кард. Сипас вазифахои журналистиро ба чо овард: котиби масъул, баъд чонишини мударрири газетаи.«Чавонони Точикистон» (холо «Комсомоли Точикистон», 1951— феврали 1954), мударрири «Газетаи муаллимон» (соли 1954), мудири шуъбаи маданият ва маишати газетаи «Точикистони совети» (1954—1955), котиби масъули журналхОи «Занони Точикистон» (1955 —1956) ва «Хорпуштак » (1956—57), мудири шуъба, котиби масъули журнали«Шарки Сурх» (холо «Садои Шарк»1957—1960) буд. Соли 1962 Курси олии адабии назди Институти адабиёти ба но­ми М. Горкий Москваро ба итмом расонд. Мударрири журнали«Хорпуштак» (1962—1964). Ба сифати аъзои коллегияи сенарии киностудияи «Точик- филм» (1965—1966), мударрири калони нашриёти «Ирфон» (1967—1968), му­дири редаксияи назорати адабии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Со­ветии Точик (1969—1973) низ хизмат кардааст. Сармударрири Комитети давлатии РСС Точикистон оид ба кинемато­графия (1973—1976). Солхои 1978—1981 котиби Правленияи ИН Точикистон.

Мухаммадиев яке аз насрнависони намоён ва навовари точик аст. Эчодиёти адабии у аз соли 1955 аз нашри хикояи «Порчаи остин» огоз ёфтааст. Дар аввалин очерку хикоёти Мухаммадиев «Раиси нав» (1955), «Мухочирон» (1956), «Фаттох ва Музаффар» масъалахои мухими хочагии дехот, иктисодиёти колхозхои баландкух ва ахлоку маишати мардуми кишлок тадкик шудаанд. Соли 1958 нахустин мачмуаи очерку хикояхои Мухаммадиев«Мухочирон» ба табъ расид. Дар адабиёти советии точик бо ин китоб очерки проблеми инкишоф ёфт. Аввалин  повести Мухаммадиев  «Тири хокхурда» (1960) дар насри советии точик якумин асари детективии оид ба хаёти чекистхо мебошад. Повести «Одамони кухна» (1963), ки аз хаёти мардуми шахр буда, портрети як гурух зиёиён ва коргаронро ба тасвир овардааст, мардуми накукор, инсонпарвар, мехнатдуст ва хушахлоканд; образи коммунистро офарида, масъалаи робитаи наслдоро ба миён мегузорад, адлу инсофи чамъияти, хакикат ва гояхои инсонпарвариро тасдик мекунад. Дар баробари хамин вокеияти мураккабро тахлил карда, мансабпарасти, беадолати, худбинии баъзе шахсиятхоро фош менамояд. Повести таърихии нави­санда «Зайнаббиби» (1964) дар мисоли аввалин зан — раиси Комитети ичроияи райони Лакай-точик Зайнаб Курбонова муборизаи занони даврони навро дар рохи мустахкам намудани Хокимияти Совети дар Точи­кистон тачассум менамояд. Повести «Дар он дунё» (1965) асари арзиши­нокест дар адабиёти муосири совети рочеъ ба фош кардани оинхои фар­судаи ислом ва ахкоми шариат. Ба­рои ин асар ва повести «Одамони кухна» вависанда сазовори Мукофоти давлатии РСС Точикистон ба номи Рудаки гардид (1967). Ду китоби хикоя, кисса ва очеркхои Мухаммадиев «Соэи Муваввар» (1969) ва «Шаби саввум» (1978) ба мухимтарин масъалахои хаёти ичтимойГи ва ахлокии муосирони мо бахшида шудаанд. Нависанда ба тадкики бадеии масъулият ва карзи граждании хар фард дар назди чамъият, покизагии вичдон, ахду вафо, ишкгку мухаббати пок, ватандусти, инсониятпарвари ва дигар чихатхои маънавиёти халк бо камоли назорат машгул шудааст. Чустучухои эчоди, назари дакик ва дахолати фаъолонаю амики ин санъаткор ба вокеияти со­тсиалисти боиси ба майдон омадани романи ичтимоии «Палатаи кунчаки» (1974) гардидаанд. Дар асари мазкур мухимтарин просессхои хаё­ти сиёси, ахлоки ва маишии чамъи­ят дар давраи сотсиализми мутаракки аз мавееи партияияти коммунисти тахлил ва чамъбаст шудааст.

Нависанда анъанахои кахрамони, чанги ва мехнати, пайванди маънавии наслхои гуногуни бинокорони чамъияти коммунисти, ташаккули вахдати оилаи сермиллати совети, тарзи зиндаги ва рузгори сотсиалисти, ягонагии манфиатхои партия, давлат ва шахсиятро реалистона ба тадкик гирифтааст. Мухаммадиев дар повести «Шодии япон» (1982), ки ба мавзуи замони хозира бахшида шудааст, масъалахои мухими ичтимои ва ах­локи ба мисли покизагию садокат ба хизмати Ватан ва дустию рафокати вакилони халкхои гуногунро ба таври бадеи тадкик карда, образхои муътамади каргаран ва хизматчиёни давлатиро эчод монамояд ва тавассути фаъолияти он чо горатгарони моликияти чамъиятиро фош месозад.

Кахрамонони осори Мухаммадиев хамзамонони мо мебошавд. Мухаммадиев услуби хоси эчоди дорад. Тахлили амики ичтимоии вокеият, руди публитсисти, омезиши тасвири реалисти ва романтики, хачви латифу зариф умдатарин хусусиятхои услубии эчодиёти Мухаммадиев ба шумор мераванд.

Асархои Мухаммадалиев ба забони руси ва дигар халкхои СССР — украини, белоруси, латини, эстани, узбеки, армани, казоки, туркмани. киргизи ва гайра тарчума шудаанд. Соли 1971 нашриёти «Мо­лодая гвардия» ва 1976 нашриёти «Художественная литература» повестдо ва хикояхои Мухаммадиевро интишор карданд.

Осори Мухаммадиев ба забонхои хоричи низ тарчума шудааст. Соли 1967 журнали «Совет­ская литература», ки ба забонхои англиси, франсави, немиси ва иснани чоп мешавад, дар шумораи 9-ум по­вести «Одамони кухна»-ро дарч кард. Худи хамон сол нашриёти «Про­гресс» (Москва) дар мачмуаи асар­хои нависандагони Осиёи Миёна ва Казокистон «Офтоб дар регхомахо», ки ба забони араби интишор намудааст, повести «Одамони кухна»-ро низ дохил кард. Соли 1975 дар РДГ ба забо­ни немиси хикояи «Даъво» дар мачмуа  «Хикояхои совети» чоп шуд. Хамин хикоя ба забони румини дар мачмуаи «Хикояхои нависандагони совети» (1976) дар Бухарест ба табъ расид. Хикояи «Сози Мунаввар» ба забони булгори дар мачмуаи «Синфи саодатманд» дар София нашр гардид. По­вести «Дар он дунё» соли 1978 ба за­бони мачори, 1979 ба чехи, 1980 ба булгори интишор ёфтааст.

Тарчумони кисми таркибии фаъолияти эчодии худи Мухаммадиев хам мебошад. Бо калами у романхои нависандаи франсави Андре Стил «Зарбаи аввал», адиби румин Михаил Садовяну «Чазираи Гулистон», повестхои Ч. Айтматов «Чамила», «Алвидоъ, Гулсари», песахои Н. Погодин «Досто­ни саввуми муассир», А. Каххор «Чон модаракон» ва «Садо аз тобут», баъзе хикояхои А. Чехов, Т. Драйзер ва дарон нависандахои совети ва адибони пешкадами хоричи ба забони точики тарчума шудаанд. Мухаммадиев аз соли1958 узви ИН СССР аст.

Мухаммадиев ходими фаъоли чамъиятист. У аъзои Комиссиям марказии тафти- шоти Правленияи ИН СССР, аъзои Правления ва Президиуми ИН То­чикистон мебошад. Коркуни Хизматнишондодаи маданияти РСС Точикистон (1978).

Бо ордени «Нишонн Фахри», ме­далхоо ва Грамотахои Фахрии Сове­ти Олии РСС Точикистонва баъзе республикахои бародари сарфароз шуда­аст.

А. Сайфуллоев.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …