Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Маданияти Арабизабон

Маданияти Арабизабон

МАДАНИЯТИ АРАБИЗАБОН — маданиятест, ки байни асрхои 7—10 дар Хилофати араб дар натичаи омузиши маданияти арабхо ва халкхои аз тарафи онхо истилошудаи Шарки Наздик ва Миёна, Африкаи Шимоли, чануби гарбии Европа ба вучуд омадааст.

Маданияти Арабизабон Пеш аз маданияти араб дар нимчазираи Арабистоин маданияти арабхои кучманчи ва мукимии зироаткоре вучуд дошт, ки онхо дар мархалаи гузариш ба шакли ибтидоии чамъияти синфи буданд. Онхо аксаран бисьёрхудо ва бутпараст буданд. Дар асрхои 4—6 ба ин маданият таъсири маданияти Ямани бостони, суриёнию эллини, яхуди, эрони калон буд. Унсури хоси маданияти тоисломи (ба ном чохидия) адабиёти мутараккии шифохии халки аст.

Ташаккули Маданияти  арабизабон ба замони пайдоиши ислом (асри 7) ва ташкили хилофате, ки дар натичаи истилои арабхо ба давлати азиме табдил ёфта буд, тааллук дорад. Умумияти давлати-сиёсие, ки арабхо ташкил доданд, инчунин ягонагии дин ва дар бисёр нохияхо як хел будани забон барои пайдоиши шаклхои умумии хаёти мадании халкхон Хилофат шароити мусоид фарохам овард. Дар мархалахои аввали ташаккули худ, Маданияти  арабизабон асосан процессе буд, ки мероси мадании халкхои кишвархои истилошуда (мероси Юнони Кадим, эллини-руми, ороми, эрони ва г.)-ро дар вазъияти нави идеологи ва ичтимоию сиёси ах худ мекард, ба он аз нав бахо дода, онро аз чихати эчоди такмил модод.

Худи арабхо дар Маданияти  арабизабон дини ислом, забони араби ва анъанахои назми бадавиро чори намуданд. Ба Маданияти арабизабон сахми асосиро халкхое гузоштанд, ки исломро кабул карда, сохибихтиёрии миллиашонро нигох доштанд, баъд aз истиклолияти давлатии худро низ аз нав баркарор карданд (халкхои Осиёи Миёна, Эрон, Закавказия). Ба Маданияти арабизабон инчунин як кисми ахолии Хилофат, ин исломро кабул накардаид (масехиёни суриёни, яхудиён, зардуштиёни Эрон, намояндагони мазхабхои гностикии Осиёи Пеш) низ сахми босазое гузоштанд; ба фаъолияти онхо (хусусан насториёни суриёни ва сохбихои ш. Харрон) интишори гояхои фалсафию ахлоки ва мероси илми атика ва эллини марбут аст. Дар асрхои 8—10 ёдгорихои зиёди илмию адаби, аз он чумла юнонию суриёни, форсии миёна ва хинди ба забони араби тарчума шудаанд. Онхо дар шакли тарчумаву асархои аз нав таълифшуда ба адабиёти хаттии араб дохил шуда, барои мустахкам шудани робитаи байни маданияти олами аллини ва тавассути он тамаддуни атика ва Шарки кадим ёри расониданд.

Аз охири асри 7 то нимаи асри 8 дар катори пойтахти сулолаи Умавиён ш. Димишк, шахрхои Макка ва Мадина дар нимчазираи Арабистон, Куфа ва Басра дар Ирок марказхои асосии ташаккули Маданияти арабизабон буданд. Гояхои динию фалсафи, комёбихои нав ва нахустини илми, конуну анъанахои шеъри араби, намунахои меъмори ва г. дар вилоятхои Хилофати умавиён дар кишвархои аз Пиреней то хавзаи дарёи Хинд вокеъбуда пахн шуданд ва минбаъд ривочу равнак ёфтанд.

Баъди тахти Хилофатро забт кардани Аббосиён (соли 750) маркази Маданияти арабизабон дар шаркии Хилофат аз Сурия ба Ирок—Багдод кучид, ки он соли 762 буньёд гардида буд. Ин шахр дар тули такрибан се аср макони асосии бехтарин куввахои илмию адабии Шарки исломи буд. Дар асрхои 9—10 Маданияти арабизабон ба авчи камолот ва шукухи худ расид. Комёбихои он маданияти бисьёр халкхо, аз чумла халкхои Европаи асримиёнагиро бой намуда, дар ганчинаи маданияти умумичахони сахми намоён ва барчастае шуданд. Онхо махсусан ба инкишофи фалсафа, тиб, риёзиёт, нучум, чугрофия, фанхои адабию таърихи, химия, маъданшиноси дахл доранд.

Дар таракки додани Маданияти арабизабон, яъне дар инкишофи илму адаб тамоми халкхои Хилофат (арабхо ва гайри арабхо) ширкат варзиданд, бинобар ин хамаи ин мероси мадани моли хамаи онхост. Барои гани гардидани Маданияти арабизабон имкониятхои васеи робита ва мубодилаи комёбихои мадании байни халкхои Шарки исломи ва дигар халкхои Шарку Европа мусоидат намуданд.

Инкирози Хилофати Аббосиён (миёнаи асри 10) ва ташкили давлатхои мустакил ба танг шуда ин доираи интишор ва суст шудани роли Маданияти арабизабон дар инкишофи умумии маданияти чахони оварда расонд. Дар Испанияи исломи, ки хануз дар асри 8 аз Хилофати Аббосиён чудо шуда буд, маданияти ба ном арабу испани мустакилона нашъунамо меёфт. Дар музофотхои шаркии Хилофат дар охири асри эхёи босуръати милли ва мадании эрони мушохида мегардид. Забони форси забони арабиро аввал аз сохаи шеъру адаб ва дертар аз баъзе илмхои чамъияти (таърих, чугрофия ва г.) танг карда баровард. Вале забони араби чун забони Куръон, фанхои динию конунгузори (хукук, илохиёт) ва як катор фанхои илми-табиатшиноси (тиб, риёзиёт, ситорашиноси, химия), инчунин забони фалсафа ахамияти худро гум накард. Сурия, Миср, Испания марказхои Маданияти арабизабон гардиданд. Дар Африкаи Шимоли дар давраи хукмронии Фотимиён (асрхои 10—12) ва Айюбиён (асрхои 12—13) такмили бехтарин анъанахои Маданияти арабизабон дар сохаи илм, адабиёт, санъат ва маданияти модди идома дошт, аммо акнун назар ба асри 8 — нимаи якуми асри 10 ба пешравии умумии маданияти халкхои Шарки исломи камтар таъсир мерасонд. Дар охири асри 10 Багдод макоми худро хамчун маркази Маданияти арабизабон аз даст дод, чои онро Кохира гирифт.

Ахамият ва кимати Маданияти арабизабон асрхои 8—10 дар таърихи маданияти чахони аз он иборат аст, ки намояндагони он офаранда ва кашшофи воситахои нави илми, динию фалсафи ва бадеии дарккунии оламу одам буданд. Дар даврахои минбаъда кушиши асосии намояндагони Маданияти арабизабон ба танзим ва тадкики ин мерос равона карда шуда буд.

Анъанахои илмию эстетикии Маданияти арабизабон катъ нагарднда бошанд хам, аммо аз нимаи дуюми асри 13 дар эчодиёти намояндагони он таклидкори дар илму адаб ривоч ёфт. Эчодкорони чудогонае, ки таклидкори намекарданд, низ буданд, вале онхо Маданияти арабизабонро аз акибмонии умуми бароварда наметавонистанд. Аз ин ру, Маданияти арабизабон аз чихати суръати пешравии мадани аз дигар кишвархои исломи (Эрон, Осиёи Миёна дар асрхои 14—15, Туркияи Усмони дар асри 16) ва Европа хеле акиб монд. Дар Эрон, Хуросону Мовароуннахр марказхои ободи илмию адаби ба вучуд омаданд (асрхои 10—15) ва дар ин чо олимону адибони форсу точике ба воя расиданд (Ибни Сино, Насируддини Туси, Умари Хайём ва дигар), ки осори худро хам ба забони модариашон ва хам ба забони араби эчод карданд. Шухрати онхо дар Шарк ва Европа пахн, мероси илми ва адабиашон ба ганчинаи маданияти чахони дохил гардид. Мероси илмию адабии онхо моли форсхову точикон бошад хам, умуман маданияти ба истилох арабиро бойтар гардонид. Аз ин ру, онхоро бисьёр халкхои Шарки исломи фарзандони худ мешуморанд.

Дар асрхои 10—15 маданияти арабу испани низ хеле васеъ ривоч ёфт. Марказхои он шахрхои Курдоб, Севилья, Малага ва Гранада буданд. Дар ин чо дар сохаи ситорашиноси, риёзиёт, химия ва тиб комёбихои азиме ба даст оварда шуданд. Инкишофи равияхои пешкадами фалсафаи асрхои миёнаи Фороби (870—950), Ибни Сино (980—1037) дар осори Ибни Рушд (Аверроэс, 1126—98) идома ёфт. Дар сохаи назму насри бадеи асархое ба вучуд омаданд, ки аз бехтарин ёдгорихои адабии Маданияти арабизабон ба шумор мераванд. Ёдгорихои меъмории испани-мавритани ба санъати амалии ин сарзамин шухрати чахони доданд.

Муаррих ва чамъиятшинос Ибни Халдун (1332—1406) дар «Китоб-ул-ибар», назарияи таърихию фалсафии инкишофи чамъиятро тадкик карда баромад, ки он муваффакияти барчастаи илмии Маданияти арабизабон мебошад.

Дар асри 16 мамлакатхои араб ба музофотхои империяи Усмония табдил ёфтанд. Маданияти арабизабон ру ба таназзул ниход, аммо марказхои кадими мадании Сурия, Ирок ва Миср аз руи анъана хануз хам диккати олимони кишвархои исломиро ба худ мекашиданд.

Давраи инкишофи сифатан нави Маданияти арабизабон аз нимаи якуми асри 19 огоз ёфт. Дар вазъияти авчи хаёти иктисоди ва сиёсии мамлакатхои араб, дар шароити вусъати харакатхои миллию озодихохи ва нихоят тавлиди давлатхои мустакили араб маданияти хозиразамони араб ташаккул ёфта истодааст. Маданияти арабизабон акнун бештар дар дохили хар як кишвари араби бо тарзи ба худ хос таракки ёфта истодааст (Ниг. низ ба фаслхои дахлдори маколахо доир ба мамлакатхои чудогонаи араб), т. Мардонов.

Илмхои дакик ва табиатшиноси. Маркази инкишофи илмхои табиатшиноси дар Хилофат аввал дар Сурия ва кисман дар чанубу гарбии Эрон буд. Дар ин чо ба тарчумаи араби ва тафсири осори муаллифони атика асос гузошта шуд. Тавассути тарчумахо аз забонхои юнонию суриёни олимони кишвархои исломи бо кисми зиёди адабиёти илмии атика шинос шуданд. Аксар ин тарчумахо ягона сарчашмае буданд, ки аз руи он дар Европаи Гарби бо илми атика шинос мешуданд. Чунончи «Механика»-и Герои ва бисьёр рисолахои Архимед факат дар тарчумаи араби боки мондаанду бас. Туфайли намояндагони Маданияти арабизабон навигарихои илмию техникии зиёде ба европоиён маълум гаштанд (компас, бодбони кач ва г.), ки як кисми онхо аз Хитою Хиндустон гирифта шуда буданд.

Асрхои 9—11 давраи инкишофи пуравчи илм дар Хилофат буд. Багдод ба маркази бузургтарини илмии дорои мактабхову китобхонахо табдил ёфт. Дар баробари мавчудияти адабиёти зиёди тарчумашуда ва тафсиру таъликоти он дар ин чо сохахои нави илм ба вучуд омаданд, ки ба халли масъалахои амалии сохтмон, заминченкуни, савдо марбутанд. Илмхои нучум, риёзиёт, хукук, маъданшиноси, чугрофия васеъ ривоч ёфтанд.

Дар натичаи таназзули Хилофат ва ба давлатхои алохидаи мустакил (асри 10) чудо шудани он, дар баробари Багдод боз як катор марказхои адабию илми ба монанди Димишк, Халлб дар Сурия, Кохира дар Миср, Марога дар Озарбойчон, Самарканду Бухоро дар Осиёи Миёна, Газна дар Афгонистон, инчунин марказхои маданияти испану араб аввал дар Куртоб, баъд дар Севилья ва Гранада ба вучуд омаданд. Дар даврахои гуногун шахрхои бузурги Эрон ва Осиёи Миёна аз кабили Бухоро, Утрор, Марв, Исфахон ва г. роли марказхои мухими маданиро бозидаанд. Мероси илмию адабии дар шахрхои Эpoн ва Осиёи Миёна бавучудомада ганчи бебахои халкхои эронизабон буда, дар айни хол маданияти ба ном араби ва умуман маданияти чахониро бой гардонид. Чунончи фаъолияти илмии олим ва шоири бузур­ги форс-точик Умари Хайём (1048— 1122), ки рисолахои худро ба забони араби таълиф намудааст, дар Исфахон мегузашт.

Дар Кохира аз аввали асри 11 «Байтуя- илм» вучуд дошт, ки дар он ситорашинос Ибни Юнус (950—1009) ва олими риёзиёту физика Ибни Хай­сам (965—1039) кор мекарданд. Соли 1004 дар ин чо расадхона сохта шуд.

Ба ташаккули риёзиёт дар кишвархои исломи, ба гайр аз мероси юнониён, инчунин анъанаи илмии хинди бо истифодаи сифр, ки аз ихтирооти хинди мобошад, интишор ёфт. Нахустин асари ба забони ара­би таълифшуда доир ба арифметика ба калами барчастатарин намояндаи мактаби илмии Багдод, олими эронинажод Абумаъшар ибни Мусои Хоразми (асри 9) тааллук дорад. Дар асри 15 олими форс-точик аз Самарканд Чамшеди Кошони насри дахкаратаро ба истифодаи илми дохил намуда, тарзи кор кардани онхоро нишон дод. Дар асархои Абулвафои Вузачони (940—998), Беруни (973—1050), Умари Хайём, Насируддини Туси  (1201-1274-77 ё 1280), Чамшеди Кошони усулхои баровардани решаи дорои ракамхои натурали кор карда ва ба тартиб дароварда шуданд. Сахми Хоразми ва Умари Хайём инчу­нин дар офаридани алчабр (алгеб­ра) чун фанни мустакили риёзиёт нихоят бузург аст. Рисолаи «Ал- чабр»-и Хоразми таснифоти муодилахои квадрати ва тарзи халли онхо, рисолаи Умари Хайём бошад, назария ва таснифоти муодилахои кубиро фаро мегирад. Беруни, Чамшеди Кошони ва дигар усулхои хисоббарориро хеле такмил доданд.

Рисолаи доир ба хандаса эчодкардаи «Писарони Мусо» (Бани Мусо) дар асри 9, осори Абулвафои Бузачони оид ба хандасаи амали, рисолахои Ибни Курра (836—901), асари Ибни Хайсам дар бораи тарбеъи конусхои бурида ва чисмхои куби, ки дар натичаи давр задани онхо ба вучуд меояд, инчунин тадкикотхои Найрези (асрхои 9—10), Ибни Хайсам, Ума­ри Хайём, Насируддини Туси ва дигарон доир ба назарияи хатхои параллели чолиби диккат мебошанд.

Олимони риёзиёти кишвархои ис­ломи тригонометрияи хамвор ва доирашаклро аз фасли ёрирасони ситорашиноси ба фанни мустакили математики табдил доданд. Дар таълифоти Хоразми, Марвази, ал-Баттони, Беруни, Насируддини Туси хамаи шаш хати тригонометрии дохили доира, тобеияти байни функцияхои тригонометри муайян карда шуда, тамоми холатхои халли секунчахои сфери тадкик гардиданд, мухимтарин теоремахои тригонометри кашф шуданд, чадвалхои гуногуни триго­нометрие мураттаб сохта шуданд, ки аз хайси аники ва дакикии худ мумтоз буданд.

Илми ситорашиноси ба комёбихои калон ноил гардид. Пеш аз хама тарчума ва тафсири асархои Птоломей (Батлимус) ва таълифоти ситорашиносони хинд ба анчом расонда шуд. Маркази фаъолияти тарчумони асосан «Байтулхикма» ва расадхонаи он дар Багдод буд. Тарчумаи ри­солахои ситорашиносии хинд аз тарафи падар (вафот соли 777) ва писар (вафоташ соли 796) Фазарихо ва Яъкуб ибни Торик ба амал бароварда шуд. Дар асрхои миёна зичхо — мачмуи чадвалхо ва коидахои хисоббарори дар илми нучум шухрати калон пайдо карданд. То замони мо кариб 100 зичи асрхои 13—15 омада расидааст. Тахминан 20 зич дар асоси мушохидаи бевоситаи олимон дар расадхонахои шахрхои гуногун: Беруни дар Газна, Баттони дар Ракка, Ибни Юнус дар Кохира, Насируддини Туси дар Марога, Кошони дар Самар­канд ва г. эчод гардидаанд. Ситорашиносони Шарк дар чен кардани майли эклиптика махорат ва дакиккорихои беназир нишон доданд. Дар замони халифа Маъмун (асри 9) барои муайян кардани хачми кураи замин дарачаи меридиан чен карда шуд.

Тахкики мероси механикаи антики дар он давра идома меёфт: рисо­лаи Ибни Курра дар бораи тарозуи фишанги — корастун; рисолахои Бе­руни, Умари Хайём, ал-Хозини (асри 12) дар хусуси муайян намудани вазни аслии охану маъданхо. Силсилаи тадкикот доир ба масъалахои умумии механика аз кори тарчума ва тафсири асархои Арасту огоз ёфта буд.

Бисьёр олимон дар сохаи маъданшиноси кор мебурданд (Беруни, ал-Хозини, олим ва табиби машхури форс-точик Рози). Маълумот оид ба физика, хусусан физикаи кайхон ва физикаи замин, дар «Конуни Масъуди» ва «Минаралогия»-и Беруни, «Донишнома»-и Ибни Сино мушохида мешавад.

medicine

Илми тиб дар ин давра ба комёбихои зиёде муваффак шуда буд. Китоби «Ал-Конун фит-тиб»-и Ибни Сино дар тули асрхо барои тибби амалии чи Шарки асримиёнаги аз чи Европаи Гарби чун сармашк, ва дастури асоси хизмат кард. Дар байни асархои Беруни ва Ибни Сино рисолахои оид ба дорушиноси низ мавчуданд. Асари барчастаи Рози (864— 925), ки кариб тамоми маълумоти тибби асрхои миёнаро фаро мегирад, шухрати калон дорад. Хамчунин масъалахои муоличаи касалихои pухи, чашм, дилу меъда ва г. кор кар­да мешуданд. Химия ва ботаника низ дар инкишоф буданд.

Илми географияи араб дар асрххои миёна ба вучуд омада, дар хамон вакт ба авчи тараккиёти худ расида буд. Сарчашмаи инкишофи географияи илмии араб, аз як тараф тарчума ва тафсири асархои геогра­фию астрономии Птоломей (Батлимус) ва дигар муаллифони атика бо­шад, аз тарафи дигар, эхтиёчоти дохилии Хилофати чавони араб ба асар­хои географи буд. Хилофати араб, ки дар натичаи забткорихои арабхо ташкил ёфта буд, халкиятхо ва киш­вархои мухталифи аз якдигар хеле дур вокеъгаштаро дар бар мегирифт. Махз зарурати муносибати байни маркази Хилофат ва кишвархои забтшуда географияи арабро ба чунин пояи баланди инкишоф оварда расонд. Асархои сайёхон ва географхои араб на факат географияи мамлакатхои исломи, балки як катор кишвархои кисми шимоли ва марказии Африка, як кисми Европа ва Осиёро то худуди Корея дар бар мегиранд. Аз ин ру, географияи араб барои омузиши таърихи баъзе халкиятхои асримиёнаги сарчашмаи ав­валин ва муътамад мебошад. Як чихати чолиби диккати географияи араб аз он иборат аст, ки дар он ге­ографияи Замин аз руи назарияхои географии Птоломей дар бораи сохти олам, аз руи харитахои у ё харитахои Эрони Кадим шарх дода шудаанд.

Пайдоиши намунахои аввалини ге­ографияи тасвирии араб (асархои ал-Балозури (812—892), Ибни Хурдодбех (820—912), Кудома ибни Чаъфар (нимаи аввали асри 10), Яъкуби (вафот 897) ба асри 9 тааллук дорад. Жанри тасвирии географияи араб ва уму­ман адабиёти он дар асри 10 ба дарачаи олии тараккиёти худ расид. Намояндагони барчастаи мактаби классикии географияи араб Истахри (вафот 951/2), Ибни Хавкал (асри 10) ва Мукаддаси (947—1000) мебошанд, ки асархои онхо манбаъхои бойтарин ва эътимодноктарини маълумотхои географии таърихи дониста шудаанд. Асархои муаллифони мазкур ба­рои омухтани география аз таърихи асрхои 9—10 сарзамини Точикистони имруза низ ахамияти калонро дорост. Дар асри 10 як катор муаллифони дигар низ (ба монанди Ибни Факехи Хамадони, Ибни Русто, Ибни Фазлон, Абудулаф) оид ба география асархо навиштаанд. Дар асархои он­хо дар бораи роххои сафар аз як шахр ба шахри дигар, масофаи байни oнхo, мавкеи географии хар як махал, топографияи шахрхо, касбу кори мардум ва г. маълумотхои зиёд оварда мешаванд. Жанри сафарноманависи дар географияи араб дар асрхои минбаъда низ давом кардааст (асархои Абухамиди Гарноти (вафот 1170), Ибни Чубайр (вафот 1217), Ибни Баттута (1304—77). Дар асархои географии баъзе муаллифон Абузайди Сайрофи (аввали асри 10) ва Бузург ибни Шахриёр вокеият бо ривоятхои афсонави омехта ба калам дода шудаанд, хусусан вакте ки сухан дар бораи халкхои берун аз Хилофати араб ме­равад.

Дар асрхои 11—14 жанрхои нави ге­ографи: фархангхои географи ва космографи — тасвири умумии олам пайдо шуданд. Асархои дар жанрхои мазкур эчодшуда тамоми мате­риалхои географии то ин вакт гуншударо чамъбаст мекарданд: лугатхои географии Ёкут (1179—1229), Бакри (вафот 1094), асархои космо­графии Казвини (вафот 1283), Димишки (вафот 1327), Абулфидо. Яке аз географхои араб Идриси (1100—65) дар Европа хамчун географи бехтарин дониста шудааст. Асари у, ки дорои 70 харита буд, дар асрхои миёна бехтарин асари географи хисоб меёфт. Дар ин асари у на факат гео­графияи кишвархои исломи, балки як катор мамлакатхои Европаи Гарби ва Шарки низ тасвир ёфта буданд.

Дар даврахои минбаъда географияи араб компилятиви пеш рафта, дар он маълумотхои космографи омехта бо маълумотхои таърихи ва топографи оварда шудаанд (ба монанди асархои ал-Макризи). Бобхои географии асархои энциклопедии Нувайри, Умари ва Калкашанди низ дорои ахамияти зиёданд. Асархои Ибни Мачид (асри 15) ва Махри (асри 16), ки дар онхо назария ва амалияи бисьёрасраи бахрнавардии араб чамъбаст карда шудаанд, сахми босазое дар илми географияи араб мебошад.

Фалсафа. Афкори фалсафи то пайдоиши ислом барои арабхо кариб бегона буд. Азбаски хаёти маънавии онхо мутаносибан ба хаёти моддиашон хеле содда буд, дар андешаи онхо тахайюлоти бадеи бар тафаккури мантики бартари дошт. Танхо баъди пайдоиши ислом, ташкили Хилофат ва шиносои бо тамаддуни халкхои пешкадами хамсоя инкишофи фал­сафа ва тафаккури фалсафи дар байни халкхои араб имконпазир гардид. Таърихи асримиёнагии афкори фалсафии арабро асосан се чараёни бузург—калом, машшоия, тасаввуфи назарияви ва муборизаи байни онхо ташкил медихад.

Таълимоти ислом харчанд дорои зиддиятхо ва акидахои ба акли мантики номувофик буд, вале дар аввал арабхо онро бечунучаро гаравиданд. Дере нагузашта дар натичаи ихтилоти арабхо бо халкхои гайр ва шино­сои бо маданияти онхо ин таълимот аз як тараф ба мукобилияти сахти дину акидахои гуногун дучор шуд, аз тарафи дигар, худи сохибони он, ки ба тарзи нав андеша мекардаги шуданд, наметавонистанд бар хилофи акли солим ба хамагуна конунхои дину шариат бе кайду шарт бовар намоянд.

Ин буд, ки хануз дар замони Хилофати Умавиён (660—750) масъалахои казову кадар ва зоту сифоти ху­до мавриди бахс карор гирифта, хар кас мувофики фахм ва гарази худ онхоро таъбиру таъвил мекард. Ин бахсу мунозира тадричан шакли муайян гирифт ва баъдхо бо номи илми калом маъруф шуд. Натичаи бахсхои каломи ба он оварда расонд, ки дар нимаи дуюми асри 8 аз байни мутакаллимон фиркаи муътазилия ба вучуд омад.

Муътазилихо бар хилофи дигар мутакаллимон дар масъалаи казову кадар нуфузи худоро махдуд карда, инсонро дар корхои худ сохибихтиёр ва фоили мухтор медонистанд. Онхо дар тавхиди илохи муболига карда, нисбати хамагуна сифатро ба худо, ки боиси пайдоиши гумони хисси мешуд, инкор намуданд. Аз ин чо ба чунин хулоса омаданд, ки худо сифати калом надорад ва Куръон хамчун каломи дорои савту садохо ходис аст, на кадим. Дар ин асос онхо таъвили чихатхои зиддиятнок ва ба акли солим мухолифи китоби мукаддасро раво донистанд. Муътазилия акидаи «aкл хамчун ягона меъёри хакикат»-ро пеш гирифта, якумин шуда дар олами исломи мантику фалсафаи Юнонро ба фоидаи худ истифода намуд. Дар замони хукмронии халифа Маъмун (813— 833) таълимоти муътазилия хамчун таълимоти расми эътироф шуд. Ин боиси ривоч ёфтани тарнима ва таргиби илмхои дакик ва фалсафаи бостони ба араби шуд ва бо хамин ба­рои интишори фалсафаи машшоия дар Шарк замина тайёр намуд. Ахли муътазилия дар инкишофи афкори фалсафии Шарк роли калон бозид, вале сиёсати иртичоиро пеша карда, аз хукуки худ суиистеъмол намуд. Ахли муътазилия зидди мухолифони худ на факат дар бахсхои назария­ви, балки бо тегу камчин низ мубориза мебурд. Онхо масъалаи кадим ва ё ходис будани Куръонро меъёри куфру имон карор дода, хар киро, ки махлукии Куръонро эътироф наме­кард, ба куфр хукм мекарданд ва катлашро раво медонистанд. Дар натича дар байни худи муътазилия ихтилофе cap зад, ки он боиси пай­до гардидани таълимоти ашъария гардид.

Ашъария дар масъалаи куфру имон бар хилофи муътазилия рафтор карда, хама муътакидони ягонагии Аллохро муъмин мехисобид. Аа ин ру, дар байни омма ба зуди нуфуз пайдо карда, таълимоти муътазилияро тамоман аз байн бурд. Ахли ашъария даъво мекарданд, ки калом ду хел — лафзи ва нафси мешавад. Каломи худо ба акидаи онхо нафси буда, аз аломатхои хисси холист. Дар ин асос онхо Куръон каломи ху­до гуфта, азали будани Куръонро исбот кардани мешуданд. Мувофики таълимоти ашъария олам аз заррахои хурди таксимнашаванда таркиб ёфта аст ва ин заррахо дар байни худ хеч робитае надошта, хар лахза аз тарафи худо нав шуда меистанд. Ба ин восита онхо алокаи сабабиро дар олам инкор карда, барои исботи муъчизаи дини асос медоданд.

Фалсафаи Юнон дар байни ахли ислом ба ду восита рох ёфт: якум ба воситаи муътазилия, ки дар муборизаи худ бар зидди мухолифонаш аз мантику фалсафа истифода мебурд; дуюм ба воситаи эхтиёчи зиёд пайдо кардани мусулмонон ба илмхои дакик ва тиб. Азбаски фал­сафа дар он вакт аз илмхои дакик чудо набуд ва мачмуи хамаи онхо­ро дар бар мегирифт, бинобар ин машгул шудан ба яке аз ин илмхои дакик маънои ба фалсафа машгул шуданро дошт. Асоси таълимоти машшоияи Шаркро фалсафаи Арас­ту, ки ба воситаи тарчумахои суриёни ба арабхо расидааст ва дигар таълимотхои фалсафии Юнон ташкил медихад. Якумин касе, ки фалсафаи машшоъро дар Шарк дар асоси асарххои Арасту иншо кард, падари фал­сафаи араби ал-Кинди (796—873) буд. Баъдтар ин фалсафа аз тарафи ду намояндаи бузурги Осиёи Миёна Фороби ва Ибни Сино тахлил ёфта, такмил дода шуд ва онхо то андозае тавонистаид онро ба афкори Шарк наздик ва мутобик кунанд.

Фалсафаи машшоъ аз бисьёр чихат ба таълимоти ислом мухолиф буд. Хусусан кадим хисобидани олам, эътирофи принсипи сабабият ва рад кардани бисьёр акидахои ба маоди дини алокаманд боиси кахру газаби намояндагони равияхои ди­нию идеалист мешуд. Ин буд, ки Газзоли (1059—1111) ба мукобили фалсафаи машшоъ, хусусан ду на­мояндаи бузурги он Форобию Ибни Сино китоби «Ташофут-ул-фалосифа»-ро таълиф намуда, таълимоти онхоро танкид ва худи онхоро ба куфр айбдор кард. Баъди ин хучуми Газзоли инкишофи фалсафа дар шарки олами исломи ру ба таназзул нихода, дар асри 11 маркази афкори фалсафи ба Исспания кучид. Инкишо­фи афкори фалсафи дар Испания бо номи се шахси бузург Ибни Боча, Ибни Туфайл ва Ибни Рушд алокаманд аст. Аз байни инхо хусусан Иб­ни Рушд идеяхои машшоиёнро аз хучуми Газзоли мухофизат карда, дар радди далелхои у китоби «Тахофут-ут-тахофут»-ро навшит. У бори дигар кадим будани олам, алокаи сабаби ва фаношавандагии нафсхои чузъиро исбот намуд. Хизмати бузурги Ибни Рушд аз oн иборат аст, ки фалсафа ба тавассути у ба Европа гузашта, дар он аз нав тачдид гардид.

Дар асри 14 дар кисми гарбии олами исломи боз як мутафаккири бузург Ибни Халдун ба арсаи таърих кадам гузошт. Ибни Халдун яке аз асосгузорони фалсафаи таърих мебошад. Илова бар ин у бори аввал дар таърихи афкори иктисоди роли мехнатро дар артиши мол кайд кардааст.

Дар мукобили калом ва машшоия тасаввуф ташаккул ва инкишоф ёфт. Мувофики таълимоти тасаввуф саодати комил ин ба хакикати мутлак расидан аст. Хакикати мутлак танхо аз рохи риёзат, пок сохтани ола­ми ботини бо макомот ба даст оварда мешаванд.

Онхо кашфро бар хулосабарории мантики ва завкро бар акл бари дониста дониши кашфиро дониши хакикию мутлак медонистанд. Тасав­вуф дар ибтидо ба муковимати сахти ахли зохирия дучор шуд. Вале баъдхо дар байни пешвоёни шариат нуфуз пайдо карда бо кушиши баъзеи онхо, хусусан Газзоли, охиста-охиста ба расмият даромад. Яке аз бу­зургтарин намояндаи тасаввуфи назарияви, асосгузори назарияи вахдати вучуд Ибни Араби (1165—1240) ба хисоб меравад. Ин назария куллаи баланди инкишофи тасаввуфи назарияви буда, дар он бисьёр унсурхои мантики диалектикиро пайдо кардан мумкин аст.

Муборизаи ду тамоюли фалсафи— материализму идеализм дар фалсафаи асримиёнагии араб ба таври умум дар шакли муборизаи аклу имон, фалсафаю дин, муборизаи фалсафаи машшоияву чараёнхои динию идеалисти зохир мегардад. Вале на хама вакт танкиди фалсафаю акл далели манфи ва ба тарафдории онхо баромадаи далели мусбат аст. Зе­ро лафзхои «фалсафа» ва «акл» дар асрхои миёна дар хамин маврид на ба тамоми маънохои имрузаи худ, балки ба як кисми он далолат мекарданд. Аксар вакт дар асри мафхуми фалсафа ва aкл фалсафаю мантики Юнон дар назар дошта мешуд. Чунки фалсафаи Юнон хар чанд ба забони араби тарчума шуда дар Шарк пайравони зиёде пайдо карда бошад хам, вале шаклан мустакилияти худро дар дохили афкори фалсафии Шарк пурра нигох дошт ва яке аз аломатхои он мустакилият боки мондани лафзи юнонии «фалса­фа» ва исми хоси он гаштани ин лафз мебошад. Мутафаккирони Шарк, хусусан арабхо, на танхо дар фикри тагйир додани сохту шакли он набуданд, балки кушиш мекарданд, ки муваффакиятхои фикрии худро хар чи бештар дар замон шакл ифода кунанд. Бинобар он фал­сафа ба маънои асримиёнагиаш харчанд дар шакли юнонии худ боки монд, вале мазмунан тамоман юнони набуд. Ягон категорияву мафхуми фалсафиеро пайдо кардан мумкин нест, ки ифодаи кадимии худро хифз карда бошад. Илова ба ин дар мубориза бо равияхои дигари фалсафаи Юнон аз имтихони сахт гузашта, та­моми чихатхои асилу сусти он ошкор шуд. Аз ин чо танкиди фалсафа ва акл махз ин танкиди чихатхои сусти фалсафа ва методи фалсафии Юнон буд, на умуман танкиди фал­сафаю акл.

Хулоса, фалсафаи араб хамчун як чузъи фалсафаи халкхои Шарк дар таърихи инкишофи афкори башари макомн хосе дошта, халкаи пайвасткунандаи давраи бостонии он бо давраи хозира ба хисоб меравад ва ба ин восита сайри инкишофи афкори фалсафии умумибашари сурати як процесси ягонаву муттасилро ба худ мегирад.

Ад.: История философии, т. 1. М.. 1957; Избранные произведения мыслите­ле П стран Ближнего и Среднего Босто­на IX—XIV вв., М., 1961; Богоутдинов Л. М., Очерки по истории таджик­ской философии, Сталинабад, 1961; Лей Г., Очерк историй средневекового мате­риализма (пер. с. нем.). М., 1962; Гри­горян С. Н., Средневековая философия народов Ближнего и Среднего Востока, М.. I960.    С. Шахобиддинов.

Илми таърихшиносии араб (арабизабон) хамчун илми мустакил дар асрхои 8—9 ба вучуд омадааст. Аввалин навиштачоти таърихи ба охири асри 7 тааллук доранд (Убайд ибни Шарийа (асри 7) ва Ваххоб ибни Мунаббих (624—728). Аввалин асархои таърихии араб дар асоси наклу ривоятхои нимафсонави дар бораи чангхои байникабилави, ки бо номи «Айём-ул- араб» машхуранд, маълумотхои таъ­рихии генеалоги (насабшиноси) ва ривоятхои дахонии нимафсонави оид ба давлатхои тоисломии араб — киндихо дар чануби нимчазираи Арабистон, гассонихо дар Сурия ва лахмихо дар Ирок навишта шуда буданд. Инчунин хадисхои дини ва таърихи оид ба хаёти Мухаммад, пайдоиш ва пахнкунии ислом ба зухур ёфтани таърихшиноси низ бетаъсир набу­данд. Мувофики шакли кабулшудаи таърихнависи дар таърихшиносии араб, муаррих аввал суханро аз халк кардани оламу одам cap карда, дав­раи хар як пайгамбарро шарх дода, пас ба тасвири ходисахои замони худ мепардозад. Ин тарзи таърихнависи дар таъсири акоиди куръони оид ба пайдоиши оламу одам ва тасаввуроте, ки мувофики он гуё замони гузашта аз силсилаи пайдархами пайгамбарон иборат бошад, пайдо шудааст. Кушиши насабшиносони исломии асрхои 7—9, ки мехостанд насаби арабхоро ба «чадвали халкхо»-и дар Инчилу Таврот зикршуда бурда расонанд, ба таърихшиносии араб бетаъсир намонд. Дар пайдоиши илми таърихшиносии араб инкишофи донишхои астрономи ва тарчумаи асархои таърихию эпикии форсхои давраи Сосониён (аз кабили «Худойнома», «Шохнома», «Ахди Ардашер») ва ривоятхои динии яхудию масехи низ роли калон бозидаанд.

Илми таърихшиносии асримиёна­гии араб рафти таърихи умумичахониро аз нуктаи назари теология шарх дода, дар он амали гардонидани иродаи илохиро нисбат ба инсон мебинад. Дар айни хол, он масъулияти инсонро нисбат ба рафтори худ эътироф карда, чунин мешуморад, ки вазифаи муаррих таълим додани тачрибаи таърих аст. Фикри ахамияти дидактики доштани таърих, ки онро аксари муаррихони арабизабон кабул карда буданд, хусусан аз тарафи Ибни Мискавейх (вафот 1030) хеле равшан ифода гардидааст. Му­аррихони араб бо вучуди эчод кар­дани асархои бузург ва мухим аз чорчубаи накли таърих берун баро­мада натавонистаанд. Факат Ибни Халдун кушиш кардааст, ки ходисахоро дар алокаманди бо якдигар тасвир намояд. Аз ин ру, ба у муяссар шудааст, ки дар бобати коидахои умумии инкишофи чамъияти инсони таълимоти оригиналие кор карда барояд. Пешгузаштагони му­аррихони касбии араб ровиён ва насабшиносоне буданд, ки онхо насаби кабилаи худ ва ахбори гузаштаи он­ро ба хуби медонистанд. Азбаски он ахбору ривоятхо факат аз дахон ба дахон мегузаштанд ва дар чое сабт нагардида буданд, дар онхо сахву хатои бисьёре чой дошт. Ин ривоятхои таърихи ва маълумотхои генеалогиро Мухаммади Калби (вафот 763) ва писараш Хишом (вафот 819) чамъ карда ба система дароварданд. Пас аз ал-Калби дигар муаррихони араб низ насабномахо навиштаанд (ба монанди Муаррчи Садуси (вафот 811), Сухайм ибни Хафс (вафот 806), Мусъаби Зубайри (вафот 851), Зубайр ибни Баккор (вафот 870),

Ибни Хазм (вафот 1030), ал-Калкашанди (1355— 1418) ва дигарон. Аавалин ривоятхои таърихие, ки ба вокеияти реали наздик буданд, дар Мадина пайдо шуда, лахзае аз хаёти Мухаммадро (хусу­сан чангхо-газохои уро) дар бар мегирифтанд. Ин тарзи таърихнависи ба худ номи «Магози»-ро гирифт. Абон ибни Усмон (641—723), Урва ибни Зубайр (677—712) ва Мухаммади Зухри (671—742) намояндагони барчастаи жанри магози буданд. Дар байни донишмандони магози Мухаммади Зухри макоми баланд дошт, зеро у аввалин касе буд, ки ба навиштани ходисахои таърихи пардохт. Навиштахои у на факат Maгoзии пайгамбар, мавзуъхои насабшиноси ва ривоятхои кабилави, балки аксари вокеахои сиёсии Хилофати арабро низ фаро гирифта, дар онхо ходисахо ба як тарзи ба вокеият наздик ва бо хам алокаманд тасвир ёфта буданд. Пайдоищи нахустин асари калони таърихи ба калами Мухаммад ибни Исхок (704—767/8) тааллук дошта, ба хаёти Мухаммад ва дигар пайгамбарон бахшида шуда буд. Дар пайравии Ибни Исхок асар­хои зиёде эчод гардиданд (ба монанди асархои Вокиди (747—823), Ибни Саъд (782—844) ва диг.). Дар асри 8 ва миёнаи асри 9 маркази таърихшиносии араб аз Мадина ба Ирок кучид. Дар Ирок асархои таърихие навишта шуданд, ки онхо ба ходисахои муайяни Хилофат (асосан футухот — забткорихои арабхо ва чангхои граждани) бахшида шуда буданд (асархои Абумихнаф, вафот 774, Сайф ибни Умар, вафот 796, Абубайди, 731—826, Мадоини, 752—839). Пайдоиши асархои таърихи, ки дар онхо маълумотхои таърихи аз руи мавзуъ интихоб карда шуда, ходисахо дар робитаи мутакобил ва дар алокамандии мантики оварда мешуданд, асархои Балозури (812—892), Динавари (вафот 895) ва Яъкуби (вафот 897) ба нимаи дуюми а. 9 та­аллук дорад.

Аз муаррихони маз­кур — Яъкуби ба жанри нави таърихшиносии араб — таърихи умуми асос гузошт, ки он пайравони зиёде пайдо карда, дар асархои 9—11 ба яке аз жанрхои асосии таърихшиносии араб табдил ёфт. Ин гуна асархо дар шакли ахбор тартиб дода шуда, муаллифон суханро аз таърихи умумии олам cap карда, баъд офариниши дуньё, таърихи давраи аввали пай­доиши чамоаи ислом, хучуми арабхо ба давлатхои хамсоя, таърихи сиё­сии Хилофати араб (Умавиён ва Аббосиён) ва г-ро айна ба айна тас­вир менамуданд. Асари бузургтарин ва бисьёрчилдае, ки дар ин жанр эчод гардид «Таърихи пайгамбарон ва шохон»-и Табари (838/9—923) буд. Асархои калонхачми муаррихо­ни дигар аз кабили Масъуди (вафот 956/7), Хамзаи Исфахони (вафот нимаи дуюми асри 10), баъдтар Ибни Асир (1160—1233/4) ва Ибни Халдун низ дар жанри мазкур навишта шу­да, дорои шухрати чахонианд. Муар­рихони асрхои 9—10 араб бо чахонбинии васеъ ва донишхои энциклопе­дии худ фарк мекунанд (хусусан Яъкуби ва Масъуди, ки доир ба таърих ва маданияти халкхои берун аз худуди кишвархои исломи низ дар асархояшон маълумютхо чамъ овардаанд).

Дар натичаи ташаккули шуури худшиносии сиёсии махалли, дар терр. Хилофати Аббосиён аз нимаи дуюми асри 10 cap карда, дар илми таърихшиносии араб мавкеи асосиро таъриххои махалли ва сулолави ишгол менамоянд. Муаллифони онхо аксаран на олимон, балки муаррихо­ни дарбори (котибону вазирон) бу­данд ва асархояшон низ дар шакли хроника аз хаёти вазирону котибон накл мекарданд (масалан, асархои Чахшиёри, вафот 943 ва Хилоли Соби, 969—1056, ба хаёти вазирон; асархои Вакии Кози, вафот 918, ал- Кинди, вафот 961, ал-Хушони, вафот 971, ба хаёти козихо бахшида шуда буданд). Таърихшиносии махалли бошад аз асархое иборат буд, ки онхо таърихи ягон шахр ё вилоятеро фаро гирифта бошанд (ба монанди «Таърихи Мака»-и Азраки, вафот 858, «Таърихи Багдод»-и Ибни Абутохири Тайфур, 819/20—893, «Таърихи Миср»-и Ибни Абдулхакам, 798—871, «Таърихи Испанияи исломи»-и Аб­дулмалик ибни Хабиб, 796—853, «Таърихи Бухоро»-и Наршахи).

Асари энциклопедии таърихии муаррихи ямани —Хамдони (вафот нимаи дуюми асри 10), ки дар он маълумотхои генеалоги (насабшиноси), таърихи, археологи, географи ва адаби оид ба чануби нимчазираи Арабистон гирд оварда шудаанд, дар таърихшиносии араб мавкеи хосе дорад. Дар асрхои баъдина муаррихони араб ба шакли нави таърихнависи, яъне на­виштани асархои тарчумаихоли мегузаранд. Дар асархои онхо тарчумаи холи сиёсатмадорон, рухониён, олимон ва дигар шахсони машхур вобаста ба хаёти сиёси ва ичтимоии замонашон баён карда шудааст (ба монанди «Таърихи Багдод»-и Хатиби Багдоди (1002—71), «Таърихи Димишк»-и Ибни Асокир (1105—76) ва Калониси (вафот 1160), «Таърихи Халаб»-и Ибни Адим (1192—1262), «Таърихи Гарнота»-н Ибни Хатиб (1313—74). Таърихи сулолави, ки ба он Иброхими Соби (вафот 994) бо аса­ри ба Бувайхихо бахшидааш ва Утби (961—1022, ё 1036, ё ки 1040) бо асари ба таърихи Газнавихо бахши­дааш асос гузошта буданд, дар асрхои 12—13 ривочи махсус меёбанд. Дар ин асрхо маркази таърихшиносии араб ба Сурия мекучад ва таърихи сулолахои махалли — Зангихо ва Айюбихо аз тарафи Имомуддини Исфахони (1125—1201), Ибни Шаддод (1145—1234), Абушома (1203—68) ва махсусан Ибни Восил (1207—98) хамачониба навишта мешавад.

Дар айни хол дар Сурия дар жанри таърихи умуми як катор асархо эчод гар­диданд: асархои Абулфидо (1273—1331), Захаби (1274—1353 ё 1347), Ибни Касир (1300—73) ва дигарон. Дар асрхои 15—16 дар таърихшиносии араб мавкеи асосиро муаррихони Миср ишгол мекарданд. Онхо муаллифони таърихи мамлукхо, энциклопедияи таърихи (Нувайри, 1279—1332), хроникахои умуми (Ибни Фурот 1334—1405) ва дигар асархо бу­данд. Таърихи сиёси, ичтимои-иктисоди ва мадании Миср дар асархои мухим ва бисьёрчилдаи чунин му­аррихони бузурги мисри, аз кабили Макризи (1364—1442), ал-Айни (1362—1451), Абулмахосин ибни Тагриберди (1409/10—1470) ва Суюти (1445—1505) сабт гардидааст. Як сохаи илми таърихшиносии арабро адабиёти тарчумаихоли дар бар мегирад. Ба монанди асархои тарчумаихолии умумии Ёкут Ибни Халликон (1211—82), Захаби, Сафади (1296/7—1363). Дар асархои Ибни Кифти (1172—1248) ва Ибни Абуусайбиа (1203—70) тарчумаи холи файл асуфон, табибон ва табиатшиносон гирд оварда шудааст.

Асархои таърихи ба забони араби на факат дар мамлакатхои араб, бал­ки дар дигар давлатхои Шарки исло­ми, аз он чумла дар Хиндустон, Покистон, Эрон, Туркия ва Африкаи Шарки низ навишта шудаанд. Дар давраи хукмронии туркхо (асри 16 — аввали асри 20) дар илми таърихшиносии араб пешравии чиддие мушохида карда намешавад. Дар ин давра муаррихон асосан дар пайравии муарри­хони гузашта асархои компилятиви навиштаанд, ки мухимтарини онхо «Таърихи Андалусияи»-и Маккари (1591/2—1632) ва асари тарчумаихолии муаррихи мисри Хафочи (вафот 1659) мебошанд. Г. Гоибов.

Адабиёт. Адабиёти араб аз анъанахои санъати шифохии суханвари oгoз ёфта пайдоиши он ба даврахои кадими тоисломи, ба замони хаёти авлодию кабилавии ахолии нимчазираи Арабистон тааллук дорад. Адаби­ёти араб ибтидоан аз таъсири ачнаби такрибан холи буда, бештар миёни бодиянишинони кучманчии чорвопарвар (бадавихо) маълум буд, ва­ле дертар, дар байни ахолии ниммуким ва мукимию зироаткори мавзеъхои ободу шахрхо низ интишор ёфт. Манбаи асосии он назме буд, ки сурудхои шикори, мехнати, сорбони ва маросимии дигарро фаро мегирифт. Дар хамон вакт жанрхои шеърии танкиду тахкири душманон (хачв). ситоиши кабилаи худ (фахр), сурудхои интикомгири (саър), мотаму таъзия (рисо ё худ марсия), ифодаи эхсосоти ишки (насиб) ва тасвири (васф) ба вучуд омада, ташаккул ва такомул ёфтанд. Ибтидои насри ба­деи аз кабили путкхои хитоби, ривоятхо дар бораи чангхои кабилави (айёмулараб) ва дигар вокеахои намоёни рузгор низ ба хамон давраи кадим тааллук дорад. Кадимтарини ин ривоятхои шифохии арабхо, ки бо унвони умумии «Айём-ул-араб» машхуранд, «Харб-ул-Басус», «Явму Дахис ва-л-Габро», «Харб-ус-сибок», «Явм зи Кор» ва г. мебошанд.

Назми бостонии араб бештар дар кисми маркази ва шимолии нимчазираи Арабистон инкишоф ёфта, мавзуъхои ишкию хамосиро дар бар мегирифт. Назми асрхои 5—7 намунаи бехтарини махсули эчоди адабии арабхо шинохта шуда, дар давоми асрхои минбаъда меъёри махсуси за­боих, бахсу вазнхои шеъри ва иде­алу  хусну зебои гардид ва мавзуъ, тарикати иншо ва услубхои бадеиро дар адабиёти араб муайян мекард.

Дар назми тоисломи мавкеи марказиро худи шоир ишгол менамуд. У аз мавкеи манфиатхои кабила баромад мекард. Симои шоир аз рафтору кирдори у дар шароити хаёти вазнини бодия, зимин тасвири манзарахои вокеии шикору чанг ва сахрои гуногунранги араб хувайдо мегардад. Шакли асосии назми кадими араб касида ва порчахои шеъри (китъа ё худ мукаттаъ) буд. Ин назм бо захираи лугавии хеле бою сермаъно, шаклхои рангини сарфу нахв, тарзхои мухталифи ифодаву баён, забони пурбалогату серобуранг ва фасех фарк мекунад.

Ба тавассути тазкирахои кадим номи такрибан 125 шоири тоисломии араб то замони мо расидаанд. Барчастатарини онхо шоирони зерин хисоб меёбанд: Имрулкайс (вафот байни солхои 530—540), офарандаи шакли классикии касида; Тарафа ибни Абд (асри 6) муаллифи яке аз муаллакот., Антара ибни Шаддод (асрхои 6—7) сарояндаи шучоату мардонаги ва ишки одами; Зухайр ибни Абисулма (асри 6), Лабид ибн Рабиа (560—661), Шаифара (асри 6), Тааббата Шарраи (асри 6), Хорис ибн Хиллиза (асри 6), Иб­ни Кулсум (асри 6), шоира-ал-Хансо (вафот 664), шоирони дарбори Нобигаи Зубёни (асри 6 — аввали асри 7), инчунин шоирон Алкамаи Фахл, Урва ибни Вард, Абид ибни Абрас, Аъшо, Ади ибни Зайд ва дигарон. Баъзеи он шоирон дар дарбори шохони Сосони хизмат кардаанд (Ади ибн Зайд тарчумони Хусрави II Парвиз буд) ва онхоро дар ашъори худ мадх гуфтаанд (ал-Аъшо).

Дар давраи тоисломи адабиёти араб бо хафт шохкории манзуми хафт шоир: Имруулкайс, Тарафа, Зухайр, Хорис ибн Хиллиза, Амр ибн Кулсум, Антара ва Лабнд бой мегардад. Ин шохкорихо бо номи муаллакот шухрат пайдо карданд. Баъзе шеърнависони асрхои миёна адади муаллакотро то дахто расонидаанд. Яке аз аввалин мураттибони муаллакот шоири эронинажод аз ш. Куфа Хаммоди Рови (694—773) ме­бошад. Дар байни асрхои 8—10 муаллакахо навишта гирифта шуда, дар тазкирахо, мачмуахо ва асархои як катор муаллифон оварда шудаанд: дар «Ал-Муфаззалиёт»-и Муфаззали Заби (вафот 786), «Ал-Асмаиёт»-и ал-Асмаи (вафот 830), «Китоб-ул-хамоса»-и Абутаммоми Той (796—845) ва «Китоб-ул-хамоса»-и ал-Бухтури, «Накд-уш-шеър»-и Ибни Кутайба (вафот 889), «Китоб-ул-баён ва-т-таби- ин»-и ал-Чохиз (вафот 869), «Китоб- ул-агони»-и Абулфарачи Исфахони, инчунин дар девонхои шоирони номбурда муаллакахо нуфузи васеъ пай­до карда, ба адабиёти минбаъдаи араб таъсири зиёде бахшиданд.

Нахустин осори хаттии араби Куръон аст. Дар он вазъу гуфторхои Мухаммад, хикоятхои динию афсонавии арабхо ва китобхои мукаддаси дигар динхо (Инчилу Таврот), суханхои пандомез, конуну тартиботи чомеа ва давлати исломи гирд оварда шудаанд. Таъсири Куръон дар тамоми адабиёти мин­баъдаи араб хис карда мешавад. Му­хаммад ва пайравони у дар огози фаъолияти худ бар зидди шеъру шоири баромад мекарданд, зеро дар назм онхо як ифодаи акидахои бисьёрхудоиву бутпарастиро медиданд. Вале нисбат ба шоироне, ки дини исломро маъкул дониста кабул ме­карданд, онхо хеч гуна танкид ё таъкибро раво намедиданд. Дар ибтидои пайдоиши дини нав инкишо­фи назм як андоза акиб монд, вале анъанахо, воситахои бадеии он хамоно нигох дошта шуда, мазмуни гоявии он дар зери таъсири ислом каму беш тагйир ёфт.

Марказхои калони адаби акнун дар Сурия ва Ирок ба вучуд омаданд. Дар дарбори халифахои Умавиён шоирони номи — Ахтал, Карир ва Фарзадак эчод мекарданд.

Дар назми ин давра як катор ходисахои калон ба назар мерасанд, ки бештар ба хулку атвори доираи ашрофони шахрхои калони Хилофат вобастаанд. Дар ин чо навъи шеърхои кутохи ошикона ривоч меёбад. Намояндагони ин жанр шоирони маъруф Умар ибни Абурабиа (641 — вафот 712 – 718), Ибни Кайси Рукайёт, Абудахбал дар Макка , Ахвас дар Мадина , халифа Валиди 2 дар Димишк. Аз миёни бодиянишинони араб як зумра шоирон — вассофони ишки идеали ё худ узри (аз номи кабилаи Узро) арзи вучуд карданд. Дар шеъри Узри ошик ва маъшукаи у хамеша ба висоли якдигар нарасида халок мегарданд. Дертар дар бораи ин гуна ошикон (Чамил ва Бусайна, Мачнун ва Лайло, Кусайир ва Азза ва диг.) киссахои ачиби ро­мантики офарида шуданд. Махсусан киссаи Мачнун ва Лайли, ки сайри таърих ин дароз дорад, шухрати оламшумуле пайдо карда, ба адабиёти халкхои гуногуни чахон таъсир расонидааст.

Аз нимаи асри 8 cap карда сахми намояндагони халкхои аз тарафи арабххо истило шуда дар инкишофи ада­биёти араб афзун мегардад. Аз ин дам хусни тавччухи олимон ва адибон ба омузиши мероси кадим меафзояд, тадкикот оид ба забон, услуб, вазни шеър зиёд мегарданд, тарчума аз забонхои юнони, суриёни, форсии миёна авч мегирад. Дар инкишофи насри бадеи махсусан тарчумахои Абдуллох ибни Мукаффаъ (катлаш 759) аз форсии миёна ба забони араби роли багоят мухиме бозид. У асархои бостонии «Ка­лила ва Димна» ва «Худойнома»-ро тарчума кард. Аббони Лохики (вафот 815) «Калила ва Димна», китобхои Маздак, Синдбод ва г-ро ба шеъри араби гардонд. Таъсири тамаддуни Эрон дар назми араби низ хис карда мешавад.

Дар назм навовари дида мешавад, зеро акнун шоирон аз касидахои калонхачму вазнин дида бештар шеърхои кутохи мустакилмавзуъро меписанданд. Онхо ба услуби нав (услуби бадеъ) майл кар­да, образу вазнхо ва санъатхои тозаи латиферо истифода мекарданд, ки дар назми пешин дида намешуд. Офаридгори «услуби нав» шоири эронинажод аз Тахористон, суханвари озодфикр Башшор ибни Бурд (вафот 783) буд. Дарбори халифаи Аббосиён макони адибон ва шоирони он давра Мутеъ ибни Иёс, Волиба ибни дубоб, Диъбил, падару писар Иброхим, Исхоки Мавсили ва бисьёр дигар буд. Байни ин шоирон устоди барчастаи каломи бадеъ Абунувос (762—815) макоми махсус дорад. Абунувос, бешубха, классики адаби­ёти араб аст, вале бояд гуфт, ки у забони форсиро аз модараш Гулбон омухта, баъд дар як катор шеърхояш калима ва иборахои зиёди фор­сиро истифода бурдааст ва мавзуъхои марбут ба мухит ва акоиди эрониро ифода намудааст. Ин гуна шеърхои у бо номи «Форсиёти Абу­нувос» машхур шудаанд.

Дар заамин давра шоир Абулъатохия чун навовар баромад карда, дар ашъори зохидонаи худ шартхои анъанавии назми арабро сарфи на­зар кард. Бо мурури замон «услуби нав» мавриди эътирофи умум гардида, дар шахси Абдуллох ибни Муътазз (861—908) назариётчии худро дарёфт. Лекин боз шоироне буданд—Марвон ибни Абихафс (721—797), Муслим ибни Валид (вафот 803), Абутаммом Хабиб, Бухтури ва дигарон, ки анъанахои касидаи классикиро идома медоданд.

Асрхои 8—9 инчунин давраи мухими инкишофи насри араб гардиданд, ки заминаи онро эчодиёти шифохи, омузиши Куръон, тарчумаи осори илмию адаби аз забонхои юно­ни, суриёни ва форсии миёна тайёр карда буд. Адабиёти таърихии дар ин давра пайдошуда афсонаву асотир, тасвири ходисахои алохида ва адабиёти космографи, накли хикояхои точирону сайёхонро дар бораи кишвархои мухталиф дар бар мегирифтанд. Насри бадеи инчунин аз хисоби услубхои китобати расми ва хитоби монанди мукотиба санъати суханрони ва нуткэродкуни (воизи), ваъзу хадис ва г. бойтар мегардид. Як зумра котибон ва нотикон дар ин соха ба дарачаи баланди ифоданоки ва махорат расиданд. Дар ин бобат дар асархои насрнависони араб Чохиз (767—868) ва Кутайба (828— 889) маълумотхои фаровон оварда шудаанд. Дар асри 9 тарчумаи афсонахои форси-точики, китоби «Хазор афсона» («Хазору як шаб»-и хозира) ба вучуд омад.

Таназзули Хилофат боиси парешон гардидани куввахои илмию адаби гардид. Дар хамин давра як катор давлатхои мустакиле ба вучуд омаданд, ки дорои марказхои илмию адабии худ шуданд. Дар давлати Сомониён адабиёти бадеи, хусусан назм бо рохи худ ва ба забони форси-точики инкишоф ёфт. Албатта забон ва адабиёти форс-точик аз забон ва адабиёти араб таъсир бардошт. Аз чумла илмхои аруз, бадеъ аз арабхо иктибос шудаанд. Шоирони форс-точик забони арабиро хуб медонистанд, мероси гании шоирони арабро азбар карда буданд, номхои суханварони номии арабро бо эхтиром ба забон мегирифтанд, баъзе шеърхои онхоро ба забони худ тарчума мекарданд. Мас., устод Рудаки номхои шоирони араб Чарир, Абутамом Хабиб, Хассон ибн Собит, Муслим ибни Валид (Сареъ), Сахбони Воилро дар касидаи «Модари май» ёд карда, худро хамрадифи онхо мехисобад ва дертар як китъаи Ибни Румиро аз араби тарчума мекунад. Аммо инкишофи умумии адабиёти форс-точик акнун дар заминаи дигар ва бо тарзи ба худ хос чараён меёфт. Дар Хуросону Мовароуннахр назми арабизабон низ вучуд дошт, вале доираи он танг буд, бештар дар табакаи хокимону ашрофон роич ва ба мардуми одди бегона буд. Катъи назар аз ин, назми арабизабони ин чо аллакай аз таъсири мухит ва назми араби озод буда, бо адабиёти форс-точик робитаи ногусастани дошт. Бинобар ин он як кисми адабиёти форс-точик мебошад.

Яке аз марказхои адабиёти араб дар асри 10 пойтахти давлати Хамдонихо ш. Халаб шуд. Дар дарбори Сайфуддавла шоири машхур Мутанабби (915—965) умр ба cap мебурд. Мадхияхо ва касидахои хачви ба як услуби нозук ва зебо навишта ва бо ташбеху истмора, тамсилу киноя, тачрису тарсеъ ва дигар санъатхои бадеи ба як тарзи ачибе ороиш дода шудаанд. Таъсири Мутанабби дар эчодиёти як катор шоирони араб ва форс-точик (мас, Саъдии Шерози) хис карда мешавад. Дар асри 11 дар Сурия шоир ва мутафаккири бузурги араб Абулаълои Маарри (973—1057) зиндаги карда аст. Дар эчодиёти у мавзуоти амики фалсафи, панду ахлоки баён шудааст. Насрнависони маъруфи асри 10 Абухайёни Тавхиди (вафот 1009) ва Танухи (940—994) буданд. Дар ин давра насри мусаччаъ хеле ривоч меёбад. Хоразми (вафот 993) бо насри мусаччаъ «Расоил»-и пурзарофати худро эчод кардааст. Бадеъуззамони Хамадони (969—1007) бо ин наср жанри «макома»-ро офаридааст, ки онро комёбии баландтарини насри бадеии араб мешуморанд, Ин жанр дар адабиёти араб ва баъд дар адабиёти форс-точик пахн гашта пайравони худро ёфт. Вале агар дар макомахои Бадеъуззамони Хамадони зебои ва балогати забони араби нигох дошта шуда бошад хам, дар макомахои дигар муаллифон, ки аксар таклидкори мекарданд, зарофату таровати забони араби аз байн рафтааст.

Дар асрхои 8—10 дар Андалусия (Испанияи араби), ки бо кишвархои Магриб алокамандии зич дошт, адабиёти гание ташаккул меёбад. Дар ин мархала Андалусия яке аз музофотхои дури Хилофат ба хисоб мерафт, иазми он асосан дар мачрои назме, ки дар кисмати шаркии Хилофат ба вучуд меомад, дохил буд. Дар ин чо шоири нозукбаён, муаллифи достон дар бораи Испанияро истило намудани арабхо ал-Разал (770—864), муаллифи тазкираи машхури «Ал-икдул-фарид» ва шоир Ибн Абду Раббоихи (860—940), офарандаи кариб 60 касида Ибни Хони (вафот 972) ва дигарон зиндаги ва эчод мекарданд. Бо мурури вакт дар назми арабии Андалусия на танхо таъсири мухити махалли зохир гашт, балки жанрхои шеърие ба монанди мувашшах (камарбаста) ва зачал (охангдор) ба вучуд омаданд, ки ба назми анъанавии араб ношинос буданд. Ин жанрхо дар миёни мардуми одди дар натичаи омезиш, ба хам пайвастани маданияти арабхо, барбархо ва ахолии махаллии романи тавлид ёфтанд. Мувашшах аз ин чо баромада дар асри 10 ба назми кишвархои Хилофат ворид гардид, вале дар асри 13 ба як колиби шахшуда мубаддал шуд. Зачал хамчун шакли дустдоштаи шеърии мусулмонон ва масехиёни Испания боки монд, дар кишвархои дигари араб низ интишор ёфт ва ба инкишофи назми провансали таъсири калони мусбат бахшид.

Бехтарин офарандаи ин жанр Ибни Кузмон (1086—1160) буда, девони у то имруз махфуз мондааст. Авчи баланди адабиёти арабизабони андалуси ба асри 11, ба давраи пароканда шуда ин Хилофати Дуртуба ва дарчи он таъсис шудани якчанд аморат рост меояд. Дар хар яке аз онхо махфили адаби амал мекард. Яке аз ин гуна марказхои адаби Севилья буда, дар он ду хокими адабиётдусту шеъргуи ал-Муътазид (1012—69) ва Муътамид (1040—95) ширкат меварзиданд. Ал-Муътамид ба асорат афтода, дар Марокаш аз дуньё чашм пушид. Дар асорат уро шоири дигари арабизабони андалуей Ибни Хамдис (1055—1132) хамрохи мекард. Дар Андалусия инчунин як зумра шоирони арабизабон ба монанди Ибни Зайдун (1003—71), Ибни Абдун, ал-Вакоти, Ибни Хафоча, Солехи Ронди ва дигар зиндаги ва эчод мекарданд. Ташаккул ва равнаки насри бадеии ин сарзамин бо номхои нависандаи асари «Тавк-ул-хаммома» («Зеби гардани махбуба»-)и Ибни Хазм ва муаллифи ривояти фалсафии «Хай ибни Якзон» (хамноми асари Абуали Ибни Сино «Хай ибни Якзон»)-и Ибни Туфайл (1110— 85) марбут аст.

Катъи назар аз зиёдшавии хачму микдори адабиёти араб аз нимаи асри 11  cap карда дар он аломатхои инкироз ва пастрави зухур мекунанд ва адабиёти араб охиста ру ба таназзул меоварад. Дар назм акнун бештар мавзухои тасаввуфию ирфони ва дар наср охангхои пандуахлоки ифода карда мешаванд. Намояндагони маъруфи адабиёти араб дар ин давра шоирони андалуей Ибни Араби (1165—1240)  Шуштари (вафот 1269), шоир ва мутафаккири мисри Умар ибни Фориз (1182—1235) буданд. Ибни Зафар (вафот 1169) дар Сицилия дар рохи эчоди новеллахои таърихи кадамхои заифи нахустин гузошта буд. Амири суриёни Усома ибни Мункиз (1095—1188) аввалин шуда дар адабиёти араб асари бадеии тарчумаихолии «Китоби насихот»-ро таълиф намуд.

Дар шароити таназзули адабиёти хатти, ки асосан талаботи маданию маънавии хокимону феодалон ва доираи махдуди сохибмаълумоту босаводонро конеъ мегардонд, эчодиёти манзуми шифохи хеле вусъат ёфт. Пас аз истилои мугулхо (асри 13) марказхои асосии адабиёти араб дар Мисру Сурия доими чойгир шуданд. Дар ин чо жанрхои мувашшах ва зачал роич гаштанд. Шоирони суфи ва хатто шоири дарбори Бахоуддини Зухайр (1187—1258) кушиш мекарданд, ки шеърхои худро бо забони ба халк наздику мафхум бинависанд. Ибни Доинёл (асри 13) дар Миср намоишчахои халкии дар сахна гузошта мешудагиро навишта мегирад. Дар асрхои 13—15 ва минбаъд киссахои халкии дар жанри «сира» (capгузашт) офаридашуда шухрат ёфтанд. Ин саргузаштхо аз силсилаи хикояхои дар мавзуъхои кахрамонию ишки бо иштироки шахсони таърихи ё гайритаърихи, ходисахои вокеию бофта (маснуъ) эчодшуда иборат буданд. Дар Европа ин гуна киссахоро ба гурухи достону ривоятхои чавонмардию кахрамони (рыцарский роман) дохил намудаавд. Ин киссахоро гуяндагон — ровиён дар кучаву майдону бозорхо накл мекарданд ва амалан ба тарзи содда нишон хам медоданд.

Мухимтарин ва маъруфтарини ин киссахо чунинанд: саргузашти шоири нанговар Ангара (асри 6) ва махбубаи у Абла, саргузашти султони мамлукхо Бейбарс, киссаи ба Миср ва Африкаи Шимоли кучида омадани кабилаи Бану Хилол, саргузашти Зулхимма ва г. Баъзеи ин киссахо зохиран хеле барвакт пайдо шудаанд. Хотираи халк онхоро дар тули асрхо нигох дошта, наклхои гуногуни гуяндагон ба онхо лахзахо ва тафсилоти наверо бофта зам мекарданд, ки дар натича чараёни ходисахо дар онхо баъзан мухолифу галат акс ёфтааст. Дар саргузаштхои чанги ходисахои давраи хучумхои салибдорон инъикос ёфтааст, зеро дар онхо аксаран сухан дар атрофи чанг бо кофирон— фарангихо ё румихо меравад. Мачмуи афсонахои «Хазору як шаб» аз кабили хамин адабиёти халки аст, чунки ба он дар баробари маълумотхои фольклори, адаби ва таърихи саргузашти Умар ибни Нуъмон пурра дохил карда шудааст.

Адабиёти араб дар асрхои 16—18 аз чорчубаи схоластики ва анъанави берун набаромада чизи намоёне ба амал наовардааст. Аз ин ру, ахамияти калон надорад. Вале дар ин давра анъанаи руйбардории дастхатхои кадими мавчуда хеле кувват гирифт. Ба туфайли хамин анъана бисьёр осори хаттии даврахои бошукухи гузаштаи адабиёти араб то рузгори мо боки мондааст.         Т. Мардонов.

Меъмори, санъати тасвири ва ороиши. Санъати кишвархои араб таърихи дурудароз ва сарчашмахои зиёде дорад. Дар чануби нимчазираи Арабистон аз маданияти давлатхои Саба, Мино ва Химяр (хазораи 1 то м.— асри 6 м.) огоз меёбад, ки он дар навбати худ бо давлатхои минтакаи бахри Миёназамин ва Африкаи Шимоли алокаи зич дошт. Анъанахои кадимаи меъмори дар иморатхои манорашакли Хадрамавт ва бинохои болохонадори Яман, ки намохои онхо бо накшхои рангоранг зинат дода шудаанд, мушохида мешаванд. Санъати асримиёнагии Сурия, Байнаннахрайн (Ирок), Миср ва Магриб асосхои махалли дошта бошад хам, дар ташаккули он маданияти форсхо, византиягихо, ошурихо ва дигарон таъсири зиёде расонид.

Меъмори. Дар давраи ислом масчид ибодатгохи асосии мардум ба шумор мерафт. Масчидхо дар аввал аз ду кисми бо девор фаро гирифташуда — хавличой ва долон, ки асосан онро катори зиёди сутунхо ташкил медоданд, иборат буданд. Масчидхои аввалин соли 635 дар Басра, 638 дар Куфа ва солхои 40 асри 7 дар

Фустот сохта шуда буданд. Масчиди арабие, ки бо санъати олии худ машхур аст ва он катори сутунхои зебо дошт, дар Димишк — пойтахти Умавиён хануз дар ибтидои асри 8 сохта шуда буд. Бинокорони масчиди Димишк аз анъанахои махаллии меъмории эллини, усули биносозии сурьёнию византиягихо истифода намуда, биноро бо материалхои гуногунранг хотамкори карда, ба офаридани обидахои меъмори муваффак шудаанд. Масчидхои Кайрувон (Сиди Укбо, асрхои 7—9) ва Куртуба (асрхои 8—10) низ аз чумлаи масчидхои бохашамат ва бошукух ба шумор мераванд. Сохтани масчидхое, ки дар онхо катори сутунхо мавкеи асосиро ишгол менамуд, дар кишвархои араб муддати дароз хамчун шакли асосии меъмори боки монд (масчидхои Ибни Тулун дар Кохира, асри 9; Мутаваккил дар Сомарро, асри 9; Хасан дар Работ ва Кутубия дар Марокаш, хар ду асри 12; Масчиди Бузург дар Алчазоир, асри 11 ва г.). Меъмории араб ба санъати бинокории давраи исломии чунин кишвархо ба монанди Эрон, Кавказ, Осиёи Миёна ва Хиндустон низ таъсир расонидааст. Гайр аз ин, дар санъати меъмории араб сохтани бинохои гунбаздор низ ривоч меёбад, ки масчиди хашткунчаи Куббатуссахра дар Байтулмукаддас (687—691) яке аз намунахои аввалини он мебошад. Баъдтар гунбазхо дар сохтмони макбарахо истифода шудаанд.

Дар давраи Умавиён сохтмони бинохои дуньяви ривочи махсус ёфт: шахрхо мустахкам шуда, дар беруни шахр барои феодалхо ва халифахо касрхое сохта мешуданд, ки онхо бо мучассамахои мудаввар, кандакори, хотамкори ва накщунигор оро дода шуда буданд (Мшатта, Кусайри Амр, Касрулхайри Гарби, Касрулхайри Шарки, Хирбетулмафчар).

Дар давраи хилофати Аббосиён шахрсози авч гирифт. Багдод, ки тахкурсии он соли 762 гузошта шуда буд, ба монанди Хатра ва Ктесифон (Мадоин) шакли доираро дошт; дар маркази он каср ва масчид чой гирифта, атрофи он бо ду девори мустахками мудофиави печонида шуда буд. Дар Сомарро (пойтахти Хилофат дар солхои 836—892), ки он кад-кади дарьёи Дачла тул кашида буд, накшаи сохтмони шахр шакли чоркунча дошт; хароботи касрхои мухташами аз хишт буньёдгардидаи ашрофон ва хавлихои онхо чоркунча буданд; девори толорхои кабули равокбандии онхо бо кандакори ва суратхои рангаи гуногун зинат ёфта буданд; манорахои масчидхои Сомарро шакли зиккурат (кафаса) доштанд.

Сохтмонхои Кохираи давраи Фотимиён мактаби махсуси меъмории араб дониста шудааст. Деворхои ондавраи шахр аз санг бино шуда, аз руи накша мураббаъ тартиб дода шудааст. Чанде аз дарвозахои шахри асри 11 боки мондаанд, ки кучахои асосии шахр ба онхо пайвастаанд. Кохираи давраи Фотимиён дорои Касрхои мухташам, корвонсаройхо, хаммомхо, дуконхо, хавлихо ва масчидхо буд. Масчидхои Хаким ва ал-Лхар, инчунин масчидхои ал-Акмар ва ас-Солех-Талоиро, ки сангхои онхо бо кандакорихои зебою нафис зинат дода шудаанд, аз чумлаи бинохои бошукухе мебошанд, ки то замони мо омада расидаанд.

Аз асри 13 то аввали асри 16 анъанахои санъати меъмории Мисру Сурия байни худ алокаи зич доштанд. Сохтмони калъахо авч гирифт (калъахои бузург дар Кохираю Халаб ва г.). Дар санъати меъмории ин давра ба чои масчидхои хавлидор шакли дигари сохтмон — бинохои азими калонхачм расм мешавад. Ин бинохо дорои устувонахои муктадири гунбазпуш ва пештокхои мухташам буданд. Дар ин давра сохтани бинохои бузурги чорайвона расм шуда буд: мористон (беморхона) дар Каловун (асри 13) ва масчиди ) Хасан дар Кохира (асри 14), масчиду мадрасахо дар Димишк ва дигар шахрхо. Сохтмони макбарахои гунбазпуш маъмул гаштанд (гуристони мамлукхо дар Кохира, асрхои 15—16). Барои зинат додани деворхои иморат аз берун ва аз дохил дар баробари кандакори хотамкори низ васеъ истифода мешуд. Дар Ирок дар асрхои 15—16 иморатхо бо рангхои гуногун ва зархал зинат дода мешуданд (масчидхои Мусои Козим дар Багдод, Хусайн дар Карбало ва имом Али дар Начаф).

Дар асрхои 10—15 санъати меъмории араб, махсусан, дар Магриб ва Испания хеле таракки кард. Дар шахрхои калон (Работ, Марокаш, Фес ва г.) касабакалъахое, ки дорои деворхои мустахкам, дарвозахо, бурчхо буданд ва Мадина (шахристон — махаллахои савдогарон ва хунармандон) сохта мешуданд. Масчидхои бузурги серсутуни Магриб (масчидхои Тлемсон, Таза ва г.), ки дорои манорахои серкабата буданд, бо кандакорихои пурнакшунигор ва бо худ аз дигар ёдгорихо фарк мекарданд. Ин масчидхо монанди дигар масчидхои асрхои 13—14 Марокаш бо кандакорихои нафис, мармар ва сангхои рангоранг зинат дода шудаанд. Дар Испания дар баробари масчиди Куртуба боз дигар ёдгорихои меъмории араб боки мондаанд; манораи «Ла Хиралда» дар ш. Севилья, ки меъмор Чобир сохта буд (солхои 1184—96), дарвоза дар Толедо, касри Алгамбра (Касрулхамро) дар Гренада (Гарнота)— шохкории барчастатарини санъати меъмори ва ороиши араб дар асрхои (13—15) ва г. Санъати меъмории араб ба меъмории романи ва готии Испания («услуби мудехар») Сицилия ва дигар кишвархои хавзаи бахри Миёназамин таъсир расондааст.

Баъди дар асри 16 кишвархои арабро забт кардаии туркхои усмони дар сохти ибодатгоххо таъсири анъанахои меъмории туркхо мушохида мешавад. Аммо дар меъмории бинохои дуняви анъанахои махаллии бинокори ва санъати ороиши идома ёфта, пеш мерафт.

Санъати тасвири ва ороиши. Ороиш, ки тачассуми равшани тафаккури бадеист, дар санъати асримиёнагии араб, сарфи назар аз он ки дар хар кадом кишвар шаклхои хос доштанд, конуниятхои умумии инкишофро аз cap гузаронидааст. Ислими, ки аз баъзе чихатхо то ба давраи атика рафта мерасад, як навъ накшунигоре мебошад, ки аз тарафи арабхо эчод гардида, дар он накшхои дакики хандаси пайваста бо хаёлоти озоди бадеи омадааст. Катиба — навиштачоти зебо, чузъиёти санъати ороиши мебошад, низ хеле инкишоф ёфт.

Накшунигор ва катиба, ки дар санъати меъмори васеъ истифода мешуданд (кандакори дар руи чубу санг), ба санъати амали (бо накшхо зинат додани асбобхои рузгор, ки ба дарачаи оли инкишоф ёфта, тарзи ба худ хоси эчодиёти бадеии арабхоро тачассум мекунанд) низ характернок буд. Зарфхо бо накшхои рангоранг зинат дода мешуданд (дар шахрхои Байнаннахрайн — Ракка ва Сомарро ва дар Мисри давраи Фотимиён). Тарзи испани-мавритании ороиши зарфхо дар асрхои 14—15 ба санъати амалии европоиён таъсири калон расонидааст. Матоъхои абрешимии гулдори араби (суриёни, мисри, мавритани) низ шухрати чахони доштанд. Арабхо инчунин аз пашм патколин мебофтанд. Асбобхои биринчи (коса, куза, чилим ва г.) бо тиллою нукра хотамкори ва хаккоки мегардиданд. Хусусан махсулоти асрхои 12—14 ш. Мавсили Ирок ва баъзе аз марказхои хунармандии Сурия бо санъати баланд сохта шудаанд. Шишахои суриёнии бо кабати тунуктарин сирдода шуда, ки дорои накшунигори нафиси хаккоки буданд ва махсулоти мисрии аз булур, устухони фил ва аз навъхои кимати дарахтхо сохта шуда низ шухрати калон доштанд.

Санъати кишвархои исломи зери таъсири мутакобили санъату дин инкишоф ёфтааст. Бинобар он масчидхо ва китоби мукаддаси Куръон бо накшунигори хандаси ва мунаббати зинат дода мешуданд. Ислом, баръакси дини масехи ва буддои, аз истифодаи тасвири мавчудоти зинда бо максадхои ташвики идеяхои худ даст кашид. Рухониёни асрхои 11—13 (Раззоли ва дигар) ин гуна тасвирхоро гунохи азим эълон карда буданд. Вале рассомони озодфикр дар тули тамоми асри миёна сурати одамон ва хайвонотро кашидаанд. Дар асрхои аввали пайдоиши ислом, ки фикх конунхои эстетикии худро хануз кор карда набаромада буд, фаровонии тасвирхо ва хайкалхо дар касрхои Умавиён аз кувваи бузурги анъанахои бадеии тоисломи шаходат медиханд. Дар «Рисолахои бародарони пок» («Расоилу ихвон-ус-сафо», асри 10) ба санъати рассоми чунии бахо дода шудааст: «он таклидест ба шакли ашьёхои мавчудаи сунъи ва табии, одамон ва хайвонот».

Санъати тасвири дар Мисри асрхои 10—12 хеле пеш рафт: деворхои бинохои ш. Фустот, ки бо суратхои одамон ва сахнахои тасвирии дорои мазмуни муайян зинат дода шуда буданд, таксимчахо ва гулдонхои зебои сафолини усто Саъд ва дигар кандакорихои руи устухон ва чуб (лавхаи асри 11 дар касри Фотимиёни Миср ва г.), матоъхои абрешими ва пахтаги, зарфхои биринчи дар шакли хайвоноту паррандахо ва г. Айни хамин дар Сурия ва Байнаннахрайн асрхои 10—14 чой дошт; сахнаи базмхои дарбори ва дигар манзарахо бо амалхои хеле нозук ва нафиси хаккоки, кандакори ва хотамкори дар накшунигори асбобхои биринчи шишаги ва сафоли чой дода шудаанд.

Дар таърихи санъати чахони минётури китобии араб яке аз чойхои намоёнро ишгол мекунад. Дар Миср минётур асрхои 9—10 (аз Файюм cap задааст) ва асрхои 11—12 аз чихати услуб бо санъати кибтиён алокаманд аст. Дар минётурхои суриёни таъсири Византия мушохида мешавад. Санъати минётури китоби дар Ирок асрхои 12—13 ба дарачаи баланд расид. Дар он чо якчанд чараёни услуби чой дошт. Яке аз онхо (шояд услуби шимоли Ирок) агар дар тасвири сахнахои дарбори рангхои баландро истифода бурда, сахнахоро хеле дабдабанок ва бохашамат тасвир карда бошад, чараёни дигар суратхоро (дар адабиёти илми) муъчаз ва мухтасар тасвир кардааст, махсусан варакхо аз «Фармакология»-и Диоскорид, ки соли 1222 аз тарафи Абдуллох ибни Фазл нусхабардори карда шуда буд ва холо дар музейхои гуногуни чахон махфуз аст. Минётурхои китоби «Макомот»-и Харири дар хакикат ифтихори мактаби минётури Ирок мебошанд. Онхо дар шакли якчанд дастхат то ба давраи мо омада расидаанд (минётурхои дастхати соли 1237, амали рассом Яхё ибни Махмуд аз ш. Восит, дар китобхонаи миллии Париж ва дастхати асри 13 дар шуъбаи ленинградии Институти шаркишиноси). Дар минётурхои зикршуда расмхо бо рангхои гуногун ва табии дар асоси мушохида кашида шуда, образхо барои хама мафхуму дастрасанд. Санъати минётури Ирок дар охири асри 14 давраи пешравиро аз cap гузаронд. Дар ин вакт дар Багдод рассоми бузург Чунайди Султони, муаллифи минётурхои дастхати «Хамса» Хочуи Кирмони, соли 1396 (Музеи Британия, Лондон) зиндаги мекард.

Санъати тасвири дар кишвархои арабии Гapб на он кадар таракки карда буд. Бо вучудн он дар ин чо низ як катор намунахои хуби санъат эчод гардидаанд чун хайкали хайвонот, накшупигорхо дар шакли чисмхои зинда ва минётурхо (дастхати «Таърихи Баёз ва Риёз», асри 13, дар китобхонаи Ватикан).

Умуман санъати араб дар таърихи маданияти бадеии давраи асримиёнагии чахон як ходисаи барчаста ва махсусе мебошад, ки он на факат олами ислом, балки як катор кишвархои дигар чахонро низ фаро гирифта буд.

Мусики. Мусикии араб дар натичаи омезиши санъати мусикии араб бо мусикии кишвархои забтшуда (хусусан Эрон, Хуросон ва Мовароуннахр) тавлид ёфт. Мусикии араб хам якчоя бо шеъри араб ба вучуд омадааст. Дар бораи хофизон ва дар як вакт хофизони касбии араб, жанрхои онвактаи суруд — хида (сурудхои корвониён), хабоб (сурудхои саворагон) ва дар бораи асбобхои мусики — дафор (доираи хурди чоркунча), мизхар (як навъ уди одди, ки ба болои косаи он пуст кашида шудааст), рубоб (як навъ гижжаки яктора) маълумотхо боки мондааст.

Пас аз забт шудани Эрон, як кисми Византия, Осиёи Миёна ва Миср, арабхо анъанахои мадании мутараккии халкхои ин кишвархоро кабул карданд (асосхои назариявии мусикии юнони; дар зери таъсири мусикии форси ва византияги каторовози мусикии араби то ду октава васеъ шуд). Дар баъзе макомхо ва асбобхои мусикии араби таъсири форсхо ва халкхои Осиёи Миёна барало хис карда мешавад. Давраи гулгулшукуфии мусикии классикии араб ба охири асри 7 рост меояд. Асоси мусикии классикии арабро пардахои 7-даранаги ташкил медиханд, ки дар онхо дар баробари овозхои асоси фосилахои мобайни — коммахо (камтар аз ‘/в хиссаи пардаи пурра) низ истифода бурда мешаванд. Хусусияти пардагии мусикии араб тарзи хоси сурудхониро ба вучуд овардааст, ки дар он лагжиш аз як лахн ба лахни дигар васеъ истифода бурда мешавад. Мусикии классикии араб асосан вокали буд. Жанри аз хама пахншудатарин — ансамбли вокали-инструментали ба хисоб меравад, ки дар он роли асосиро хофиз ичро мекард.

Дар давраи Умавихо хофизон — Ибни Мусаччих ва Муслим ибни Мухриз, аз байни занхо Чамила ва шогирдонаш шухрати калон пайдо карда буданд. Дар давраи Аббосиён мутрибон ва охангнавозон Иброхими Мавсили (742—804) ва писари у Исхоки Мавсили (767— 850)— асосгузорони мактаби мусикии Багдод ва инчунин Мансури Залзал шухрати зиёде доштанд. Илми мусикии араб дар асрхои миёна хеле пеш рафт. Яке аз назариётчиёни илми мусикии асримиёнаги — файласуфи араб ал-Кинди буд, ки у назарияи метафизикии «гармонияи олам» – и афлотунии навро дар мусикии араб истифода бурд. Гайр аз у боз ал-Исфахони (897—987), муаллифи «Китоби сурудхо» ва Сафиуддини Урмави (1230—94), муаллифи «аш-Шарафия» ро, ки асараш ба садохо ва мувофикату алокаи онхо бахшида шудааст, номбар кардан мумкин аст. Дар асари Фороби «Рисолаи бузург дар бораи мусики» ва асари Ибни Сино «Рисола дар (илми) мусики» ва асархои дигар муаллифон маълумоти мухимтарин дар бораи мусикии Шарк гирд оварда шудаанд. Мусикии араб дар асрхои миёна ба санъати мусикии Испания, Португалия ва дар сохтани баъзе асбобхои мусикии европои таъсир расонидааст.   Г. Гоибов.

Адабиёти истифодашуда .: Крачковски И И. Ю., Избр. соч., т. 1—0, М.—Л., 1955—60; Юшиевич А, П., История математики в средние пека. М., 1961; Хан нааль-Фахури, История арабской литературы, т. 1—2, пер. сараб., М., 1959—61; Бартольд В. В., Соч., т. в, М., 1966; Мец А., Мусульманский Ренессанс, пер. с нем., М., 1966; Беляев Е. А., Арабы, ислам и арабский халифат в раннее средневековье, М., 1966; Петрушевский И. П., Ислам в Иране в VII—XV веках. Л.. 1066; Лев и-П рова нсаль Э„ Арабская культура в Испании, пер. с франц. М., 1967; Фильштинскмй И. М.. Ш и д ф а р Б. Я., Очерк арабомусульманской культуры (VII—XII вв.), М.. 1971; Воронина В.’Д., Народное жилище.арабских стран, М., 1972; Уотт У. М. и Какиа П., Мусульманская Испания, пер. с англ.. М., 1976; ФилЬ-шт и некий И. М., Арабская литература в средние века. Словесное искусство арабов в древности и раннем средневековье, М., 1977; хамон муалл„ Арабская литература. VIII—IX веков, М,. 1978; Бол ян И., Очерки арабской музыки, М., 1977; Путинцева Т. А., Тысяча и один год арабского театра. М., 1977.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …