Маълумоти охирин

Литва

ЛИТВА (Lietuva), – чумхуриест, ки масохаташ 65,2 хазор километри мураббаъ. Ахолиаш 2,8 миллион нафар (2017 с). Дар шарки иттиходи аврупо чойгир мебошад ва дар сохили бахри Балтика вокеъ аст. Дар шимол бо Латвия, дар Шимол ва Чануб бо Белорусия, дар чануб ва гарб бо Польша ва вилояти Калинингради Руссия хамсархад аст. Аз Гарб онро бахри Балтика ихота кардааст. Ба 44 райони маъмури таксим шуда, 92 шахр ва 22 чамоатхо дорад. Пойтахташ — ш. Вильнюс (450 хазор нафар ахолиаш).Литва давлати демокарти аз соли 1991 мебошад.

Расми шахри Вилнюс - Пойтахти Литва
Расми шахри Вилнюс – Пойтахти Литва

Табиат. Масохати Литва дар кисми гарбии хамворни Европаи Шарки вокеъ аст. Пастхамии Приморил кад-кади сохили бахри Балтика тул кашидааст. Баландии Жемайти теппадор (нуктаи баландии 234 метр) аз шарктари он cap шуда, нишебии шаркиаш бо пастхамии Литваи Миёна, ки кисми марказии масохат. республикаро ишгол кардааст, пайваст мешавад. Кисми чануб ва Шахр масохати Литваро теплей Балтика (баландии 284 метр) ишгол намудааст. Релефи республика асосан дар плейстоцен аз моренаю тахшинхои пиряхи ташкил ёфтааст. Иклимаш бахрию континенти. Харорати миёнаи солона 6° С., харорорати миёнаи мохи январи -4,8° С, июль 1/2 дарача С. Боришоти солона 630 милиметр аст. Литва дар минтакаи заминхои сернам вокеъ аст. Литва 800 дарё ва 2514 кул дорад. Аз обанборхои сунъи калонтаринаш Каунас (6 350 гектар). Аз сарватхои зеризамини торф, масолехи бинокори (ангидрит, доломит, гил, шагал, per ва г.) ахамияти саноати доранд.

prezident_litva_dalya
Президенти Литва (Грибаускайте Даля). Аз соли 2009.

Дар худуди Литва заминхои хокистари бештаранд. Олами набототаш мисли минтакаи бешахои омехта аст. 26,4%-к тамоми терр-ро беша (карагай— 41,7%, арча — 19,7%, тус — 17,5%) ва 7,6%-ро маргзорхо ишгол кардаанд. Олами хайвоноташ ба минтакаи палеоарктикии гарби монанд аст.

Ахоли. Кисми зиёди ахоли — литвонихо (80%), инчунин русхо (8,9%), полякхо (7,3%), белорусхо (1,7%), яхудихо ва миллатхои дигар зиндаги мекунанд. Ахолии шахр 61%. Зичии миёнаи ахоли дар 1 км. мураббаъ 48 нафар аст. Шахрхои калонтарин (ба хисобн хазор нафар): Вильнюс (451), Каунас (350), Клайпеда (160), Шяуляи (102), Паневежис (100).

Очерки таърихи. Инсон дар масохат. хозираи Литва хануз дар хазорахои 9—3 то мелод маскун шуда буд. Аз охири хазораи 3 то мелод дар тамоми масохат. Литва ачдодони кабилахои сокини сохили Балтика, ки бо чорводорию зироат машгул буданд, сокин шуданд. Махалхои мукими дар асри биринчи (16—6 то мелод) ба вучуд омаданд. Зироат дар аввалхои мелод касбу кори асосии ахоли гардид. Дар асрхои аввали млоди дар масохат. Литва кабилахои калону чамоахои кабилави— жемайтхо, аукштайтхо, ятвягхо ташаккул ёфтанд. Асрхои 5—6 муносибатхои авлоди ба обшинаги табдил ёфт ва дар дохили обшинахо тафовутхои синфи ба амал омад. Дар асрхои 9—12 муносибатхои феодали ташаккул ёфта, иттиходияхои масохати давлатмонанд пайдо шуданд ва шаклгирии халкияти литвонихо огоз ёфт. Литва ва литвонихо бори аввал дар маъхазхои хаттии соли 1009 вомехурад. Такрибан соли 1236 княз Миндаугас заминхои Литваро ба давлати феодали муттахид кард. Ин давлат то соли 1795 Князии Кабири Литва номида мешуд. Асрхои 14—15 ба хайати он тамоми заминхои Белоруссия, кисми зиёди Украина ва кисме аз заминхои Рус дохил мешуданд. Дар ахди княз Алгирдас (1345—77) ва Витаутас (1392—1430) ба Литва заминхои байни Днепру Днестр то бахри Сиёх инчунин Смоленск, Вязма ва вилоят болооби Ока хамрох шуданд, Князии Кабири Литва (KKЛ) аз ибтидои мавчудияти худ бар зиддитачовузи феодалхои немис ки асри 13 дар Прибалтика ордени Ливону ордени Тевтонро таъсис карда, бо бахонаи чори намудани дини насрои заминхои Балтикаро зери тасарруфи худ даровардани буданд. мубориза бурд. Тевтонхоро феодалхои Европаи гарби ва папаи Рим дастгири карданд. Литва дар муборизаи зидди тевтонхо аз мамлакатхои славянии хамсоя иттифокчи мечуст) Соли 1385 ККЛ бо Полша иттифок баст ва дини католикиро чун дини давлати кабул кард (1387 ва 1413).

Харитаи ЛитваКуввахоя муттахидаи Полшею ККЛ соли 1410 дар мухорибаи Грюнвалд ба ордени Тевтон зарбаи сахт заданд, Вале кисме аз заминхои Литва дар ихтиёри мустамликадорони немис монд. Тараккиёти номунтазами ичтимоию иктисоди, аз чихати этники як ранг набудани ахоли боиси нисбатан суст шудани ККЛ гардид. Ин сусти махсусан дар чангхои Литва бо давлати навбунёди марказонидашудаи Рус барои заминхои славянхо бараъло зохир гардид. Манфиатхои синфии феодалхои Литва ба сулхи Люблини соли 1569 оварда расонд, ки мувофики он Литва ва Польша ба як давлат — Реч Посполита муттахид гаштанд. ККЛ масохат., молии, кушун ва рохбарияти харби, маъмурият, суд ва дигар идораю муассисахои давлатиро нигох дошта бошад хам, истиклолияташ хеле махдуд шуд. Ба туфайли ислохоти замини асри 16 заминдории баршинаги ва крепостнойшавии дехконон ба кулли вокеи гардид. Статутхои (карорхои) солхои 1529, 1566, 1588-и ККЛ заминдории шартию меросиро баробар карданд. Асрхои 14— 16 хунарманди (истехсоли сафолот, оина, когаз, инчунин маснуоти заргари), савдо, маданият ва санъати халки Литва хеле ривоч ёфт. Касрхои калони мухташами Вильнюс, Тракай, Каунас сохта шуданд.

Реч Посполита дар натичаи чангхои миёнаи асри 17 бо Швецияю Москва ба таназаули хочагию сиёси ру овард. Дар дохили давлат байни гуруххои алохидаи феодалхо мубориза мерафт. Давлатхои хамсоя — Россия, Пруссия ва Австрия аз ин истифода бурда, Реч Посполитаро байни худ таксим карданд (с. 1772, 1793 ва пурра 1795 —баъди пахш шудани шуриши озодихохии Полша бо рохбарии Т. Костюшко). Кисми зиёди Литва (гайр аз заминхои сохили чапи дарёи Нямунас то соли 1815) соли 1795 ба Россия хамрох шуда, то Чанги якуми чахони асри хукмронии он монд. Ба Россия хамрохшавии Литва ба тараккиёти муносибатхои капиталисти мусоидат кард. Литва ба бозори умумироссия кашида шуд. Мустахкам шудани равобити халкхои русу литвои барои ба харакати револютсионин Россия хамрох шудани мехнаткашони Литва ёри расонд. Зулми крепостнои, сиёсати иртичоии хукуматдорони подшохи, поймол кардани хукукхои оддитарини халкхо (аз чумла халки Литва) солхои 1831 ва 1863 ба шуришхои зидди хукумати подшохи оварда расонданд.

Баъди бекор карда шудани хукуки крепостнои (1861) тараккиёти капитализм ва ташаккули миллати литвои бо болоравии харакати миллию озодихохи пайваста чараён ёфт. Солхои 80-ум дар Литва марксизм пахн шуд, солхои 90-ум харакати оммавии коргарон ривоч ёфта, ташкилотхои сотсиал-демократии Литва ташкил ёфта, ба ду чараён: револютсионии марксисти ва оппортунисти чудо шуд. Корпартоихои оммавии сиёсии август., октябр., декабри 1905 ва тайёри ба шуриши ярокноки декабри 1905 дар Литва аз вокеахои асосии револютсияи 1905—07 буданд. Соли 1915 кушунхои Германия кариб тамоми масохати Литваpo ишгол намуданд, 300 000 нафар ахоли ба районхои дурдасти Россия эвакуатсия карда шуд.

Харитаи Литва 

Револютяи Октябри 1917 барои халки Литва перспективахои озодии ичтимои ва миллиро мухайё намуд. Зери таъсири вокеахои инкилобии Россия, ки дар онхо коргарони литвонии дар Россия буда хам иштирок доштанд. дар Литва муборизаи зидди истилогарони немис ва буржуазия авч гирифт.

Санаи 16 декабри 1918 дар Литва Хокимияти Совети эълон шуд, ки ба он яке аз асосгузорони Партияи Коммунистии Литва (ПКЛ) В. Мискявичюс-Капсукас рохбари кард. 22 декабри 1918 СКХ Россияи Совети декрети имзо намудан В. И. Ленинро дар хусуси эътирофи истиклолияти РСС Литва тасдик кард. Декабри 1918 — январи 1919 дар кисми зиёди масохат. Литва Хокимияти Совети барпо шуд. Аммо буржуазияи Литва бо ёрии куввахои аксулинкидлобии Европаи Гарби Хокимияти Советиро дар Литва бархам дод ва соли 1919 диктатураи худро баркарор кард. Иктисодиёту сиёсати Литва дар солхои хокимияти буржуази (1919—40) тобеи мамлакатхои капиталистии Гарб буд. Иктисодиёташ характери аграри дошт, саноаташ суст таракки мекард. Соли 1920 Полша Вилнюс ва кишвари Вильнюсро забт кард, муваккатан Каунас пойтахти Литва шуд. Соли 1923 ш. Клайпеда ва вилояти Клайпеда ба Литва хамрох гардид. Баъдтар, соли 1939 Германияи гитлери ин сарзаминро боз забт кард. Аммо соли 1939 Армияи Сурх шахру кишвари Вилнюсро озод карда ба Литва баргардонд. Июни 1940 дикта-турои буржуазия сарнагун ва дар Литва Хокимияти Совети баркарор карда шуд. Санаи 3 августи 1940 Совети Олии СССР хохиши себми халкии Литваро ба назар гирифта, онро ба хайати Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти кабул кард. Халки Литва якчоя бо тамоми халкхои дигари совети ба мукобили фашистони истилогар кахрамонона мубориза бурд.

Дар давраи баъди чанг бо ёрии бародаронаи республикахои бародари совети дар Литва окибатхои дахшатангези чангу истилои фашистон бархам дода шуданд.

Парчами Литва
Парчами Литва

Ба туфайли азнавсозихои иктисодию мадани дар Литва асосхои сотсиализм барпо гардид. Дар солхои чанг дар сохтмонн сотсиалисти сохахои нави саноат ба вучуд омаданд. Соли 1975 хачми умумии махсулоти он нисбат ба соли 1940 – ум 47 баробар афзуд. Xочагии кишлок таракки кард (соли 1972 нисбат ба соли 1940 хачми умумии махсулоти саноати 37, хочагии кишлок 2,7 баробар афзуд). Дарачаи некуахволии халк баланд гардид. Дар дахсолахои баъдичанги револютсияи мадани ба амал омад, равнияи маълумоти умумии ахоли баланд шуд. Кадрхои ихтисосноки миллии синфи коргар, зиёиёни халки ба воя расиданд. Илму маданият нашъунамо кард. Дар республика сотсиализм сохта шуд. Халки Литва ба миллати ягонаи сотсиалиси табдил ёфт. Халки Литва дар шароити чамъияти сотсиализми мутаракки якчоя бо дигар халкхои иттиходи шуърави мехнат карда, асосхои чамъияти коммунистиро барпо менамояд. Тараккиёти иктисодиёту маданияти Литва бо робитахои харчонибаи он бо республикахои дигар совети алокаманд мебошад.

Литва бо орденхои Ленин (1965), Револютсияи Октябр (1980), Дустии Халкхо (1972) мукофотонида шудааст.

Дар натчаи пошхурии Иттиходи шуърави  ва чушбишу шуриши озодихохи Саюдиси аз аввали соли 1988-ум Чумхури  Литва мустакилиятро санаи 6-уми сентябри соли 1991 сохиб гашт. 17-уми сентябр ба узви Созмони Миллали Муттахид шомил шуд.

Бо максади рушди иктисодиву кам намудани таъсири Руссия, Чумхурии Литва аз соли 2001 ба узви Ташкилоти Байналхалкии Савдо ва аз 29-уми марти соли 2004 ба узви НАТО (NATO), инчунин ба узви Иттиходи Аврупо аз 1-уми январи соли 2015 хамрох шуд.

Нигахдории тандурусти. Литва соли 1940 –ум 77 касалхонаи дорои 8888 кат (ба хар 10 хазор нафар ахоли 30 кат дошт. Аммо дар охири соли 1974 дар Литва 239 касалхонаи дорои 35 450 кат (107,8 кат ба хар 10 хазор ахоли), 414 амбулатория ва поликлиника, 22 диспансер, 10827 духтур (32,9 духтур ба хар 10 хазор нафар ахоли), 29280 нафар кормандони миёнаи тиб, 4 Институти тиббии тадкикотию илми, Институти тиббии Каунас ва факултети тиббии университети Вилнюс кор мекарданд. Ба 1 хазор нафар ахоли 15,9 нафар таваллуд ва 9,0 нафар фавт рост меомад. Афзоиши табиии ахоли — 6,9%. Чумхури дорои 62 санаторияю хонахои истирохати ва бисёр курортхо мебошад. Духтурони Литва дар сохахои кардиология, гастрология ва ревмотология муваффаккиятхои калон ба даст овардаанд.

Маорифи халк. Муассисахои маданию маърифати ва илми соли тахсили 1939/40 дар Литва гайр аз Клайподаю кишвари он 2815 мактаб, аз чумла 69 гимназия ва 27 мактаби тайёри ба гимназия вучуд дошт, ки дар он 358,9 хазор хонднда (аз чумла 23,8 хазор дар гимназия ва 2,8 хазор дар мактабхои тайёри ба гимназия) тахсил мекард. Дар 7 мактаби оли 4 хазор студент мехонд. 13^%-и ахолии аз 14 то 50-сола бесавод ва чаласавод буд. Дар солхои шурави шумораи мактабхо ва хонандагон афзуд, бесаводи бархам хурд. Соли 1974 –ум 904 муассисаи томактабии бачагона (112,1 хазор бачагон) вучуд дошт. Соли тахсили 2015-ум 2790 мактаби маълумоти умуми (аз чумла 530 мактаби ёздахсола ва 714 хаштсола) мавчуд буд, ки дар он 610,9 хазор нафар хонанда тахсил мекард.

Мактаббачагони Литва
Сурати мактаббачагони Литва

Дар 36 мактаби касбхои техники, 78 мактаби миёнаи махсус (68,1 хазор нафар хонанда), 12 мактаби оли (62,о хазор студент) мавчуд буданд. Калонтарии мактабхои оли: Университети Вильнюс (1579 таъсис ёфтааст), институтхои политехники, инженерию бинокори, педагоги, тибби, санъат, тарбияи чисмони, инчунин Академияи ветеринарии хочагии кишлок консерватория. Дар аввали соли 2017 Литва дорои 2420 китобхонаи оммави, 34 музей, 1401 клуб буд. Маркази корхои илми — Литва (1941 ташкил ёфт) 12 институти илмию тадкикотиро муттахид менамояд. Республика дар ибтидои соли 1975 85 муассисаи илми дошт. Тамоюлоти асосии корхои илмию тадкикоти: назарияи эхтимолият ва хисобкунии математики, проблемами кибернетикии математика, кибернетикаи техники, назарияи спектроскопияи атомхо ва молекулахо, физикаи нммнокилхо, гармии харорати баланд, назарияи тахшини электрикии металлхо ва муайян намудани усулхои хосил намудани андудахои гальваники, асосхои биологии баланд бардоштани хосили зироат ва махсулоти чорводори, куввахои истехсолкунандаи республика, таърих, забон ва адабиёти халки Литва

Матбуот, радио, телсвизион. Дар Литва асосан 4 нашриёти республикави хаст: «Миптис» (адабиёти сиёси), «Мокслас» (илми), «Вага» (бадеи), «Швиеса» (педагоги). Соли 1974 нашриётхои республика 1862 номгуи китобу журнал нашр намуданд. Дар республика 109 газета (86 — номгуи он ба забони литвони) чоп мешавад. Газетахои республикави: «Теса» («Хакикат», аз 1917), «Советская Литва» (ба забони руси), «Комъяунимо теса» («Хакикати комсомол») ва г. Радиошунавони (аз 1926) ба забонхои литвони, руси, поляки, англиси (барои сомеони хоричи), намоишхои телевизион ба воситаи программаи 1 ба забонхои литвони ва руси бурда мешавад.

Адабиёт. Адабиёти хаттии Литва аввал ба забони белоруссии кадим (охири асри 14 дар Литва пайдо шуда буд) ва дертар ба забони лотини инкишоф ёфт. Ба забони литвони таълифи китоб (аввалин китоб — «Катехизис»-и М. Мажвидас, 1547) бо харакати ислохотчиги ва пахншавии идеяхои инсондусти дар асри 16 алокаманд мебошад. Аксари ин китобхо хусусияти динию таргиботи дошта бошанд хам, дар ташаккули адабиёти бадеи ва забони адабии Литва роли мухим бозидаанд.

Вазъияти номусоиди сиёси, ичтимои, мадани, таназаули Речь Посполита, ки баъди иттифоки Люблин (1569) Литва ба хайати он дохил шуда буд, кувват гирифтани чахолатпарастии католисизм, дар байни дворянхою рухоннён пахн шудани забони поляки дар асрхои 17—18 ба инкишофи адабиёти Литва халал расонданд. Дар Пруссияи Шарки, ки литвонихо зиндаги мекарданд, адабиёти литвони ба андозае инкишоф ёфт. Асосгузори адабиёти бадеии Литва Кристионас Донелайтис (1714—1780) асархои худро дар хачмии сарзамин эчод кард. Достони «Мятай» («Фаслхои сол»)-и у оли 1918 нашр шуд.

shoironi_litva

Ба туфайли фаъолияти эчодии нависандагони демократ аз кабили Д. Пошка, С. Станявичюс, С. Даукантас, А. Страздас ва дигарон, ки осорашон бо унсурхои классисизму романтизм саршор аст, дар нимаи 1-уми асри 19 дар Литва чараёни адаби кувват гирифт. Достони лирикии А. Баранаускас (1835—1902) «Аникшю шилялис» («Чангали Аникшю»), ки дар охири ин давра пайдо шуд, намунаи барчастаи асари бадеи аст. Солхои 1864—1904 хокиимияти подшохи матбуоти литвониро манъ кард, ки он ба инкишофи адабиёти Литва таъсири манфи расонд.

Адабиёти нимаи 2-юми асри 19 — ибтидои асри 20-и Литваро гояхои озодии милли ва ичтимои фаро гирифтааст. Дар осори як катор нависандагони Литва, ки дар атрофи журналхои либералии «Аушра» («Субх») ва «Варпас» («Зангула») муттахид буданд (ин журналхоро интеллигенцияи буржуазии Литва дар хорича нашр мекард), унсурхои романтизм, охангхои мубориза барои озодии милли, таърифу тавсифи зиёди гузаштаи Литва ва г-po дидан мумкин аст. Шоир Майронис (1862—1932), ки ба инкишофи минбаъдаи назми Литва таъсири амик расондааст, намояндаи барчастаи ин чараён буд. Унсурхои реализми танкидиро дар эчодиёти В. Кудирка, П. Вайчайтис ва дигар дидан мумкип аст. Махсусан дар хикояхои Жомайтс (1845—1921), Лаздина Пеледа ва Й. Билюнас (1879— 1907) ин унсурхо хеле возеханд. Й. Билюнас аввалин касест, ки дар бораи пролетариат асар навишт. Дар ибтидои асри 20 дар адабиёти Литва муборизаи чараёнхои гуногуни гоявию эстетики (реализми танкиди, импрессионизм, символизм) кувват гирифт ва махорати насрнависон В. Креве, Вайжгаитас, А. Вснуолис (1882— 1957), шоирон Л. Гира, В. Миколай-тис-Путинас (1893—1067), Б. Сруога, К. Бинкис ва дигарон нашъунамо кард. Адабиёти пролетарии Литва ташаккул ёфт ва Ю. Янонинс (1896—1917) онро такмилу ривоч дод. Гояхои Револютсияи Октябрь дар асархои нависандагони пролетари равшан инъикос ёфтааст.

Дар солхои хукмронии буржуазия дар катори нависандагони насли калонсол дар адабиёти Литва як зумра нависандагони навин низ ба майдон омаданд, ки П. Цвирка, А. Венцлова, К. Корсакас, К. Борута, С. Нерис, Т. Тильвитис, В. Монтвила ва дигарон аз хамин кабиланд. Онхо фашизму клерикализмро махкум ва зиддиятхои ичтимоиро ошкор намуданд.

Баробари галабаи хокимияти Совети дар Литва (1940) давраи нави инкишофи адабиёт cap шуд, ки хусусияти асосии он азхуд кардани методи реализми сотсиалисти буд. Адабиёти Литва дар солхои Хокимияти Совети хам аз чихати гояви ва хам аз чихати бадеи сабзида ба камол расид. Адибон Цвирка, Венуолис, Ю. Балтушис, Б. Симонайтите, Ю. Паукштялис, Й. Авижюс I (Мукофоти ленини, с. 1978), А. Беляускас, М. Слуцкие, Й. Микелинскас, Р. Ланкаускас, В. Бубнис, В. Пяткявичюс ва дигарон дар тараккиёти насри советии Литва сахми арзанда гузоштанд. Шеъру достонхои Л. Гира, С. Нерис, В. Монтвила, А. Венцлова, В. Миколайтис-Путинас, Т. Тильвитис, Э. Межелай-тис (Мукофоти ленини, 1962), В. Мозурюнас, Э. Матузявичюс, А. Жукаускас, В. Реймерис, Ю. Марцинкявичюс, А. Балтакис, А. Малдонис, Я. Дягутите, Ю. Мацявичюс, М. Мартинайтис, шоир М. Вайнилайтис (Мукофоти республикави, 1976) ва дигарон назми ин давраро ташкил доданд. Ю. Грушас, К. Сая, Ю. Марцинкявичюс дар сохаи драматургия махорат нишон доданд. Адабиётшиноси ва танкиди адаби (К. Корсакас, В. Галинис, Й. Ланкутис, В. Кубилюс) низ ба як катор муваффакиятхо ноил шуд.

Баъди Чанги Бузурги Ватани робитахои адабиёти тоникулитвони мустахкам гардид. Ба забони литвони «Рубоиёт»-и Умари Хайём (1972), «Марги судхур» (1950), «Еддоштхо» (1952), «Дохунда» (1961)-и С. Айнй, романи Чалол Икроми «Духтари оташ» (1971), 2 мачмуаи афсонахои точики (1952—75), мачмуаи повестхои Ю. Акобиров тахти номи «Духтаре, ки чуустучуяш мекунам» (1967) ва повести алохидаи у «Балогат» (1973), тазкираи назми советии точик «Дастаи гулхои кухи» (1970) тарчима ва нашр шуданд. Инчунин асархои чудогонаи Абдурахмони Чоми, А. Лохути, М. Турсунзода, М. Миршакар, А. Шукухи, Ф. Ансори, А. Бахори ба забони литвони тарчума ва нашр гардидаанд. Очерки «Вильнюс — Сталинобод»-и Т. Тильвитис чоп шуд (1948).

Мачмуаи хикояхои Й. Билюнас «Корпартоии аввалин» (1962), А. Балтрунас «Линас ва Валентинас» (1962), мачмуаи шеърхои Э. Межелайтис «Таассуроти сафар», мачмуаи назми Л. «Ситорахои Литва» (1969) ба точики нашр шуданд. Асархои А. Балтакис, Ю. Балтушис, Л. Гира, В. Даутарпас, А. Дрилинга, Й. Довидайтис, А. Жукаускас, А. Малдонис, Юст. Марцинкявичюс, М. Мартинайтис, Э. Матузявичюс, В. Бубнис, Й. Микелинскас, В. Монтвила, В. Мозурюнас ва дигарон дар тарчумаи точики ба табъ расидаанд.

Санъати тасвири. Санъати тасвирии кадим характери амали дошт. Ашьёи рузгор, газворхои пашмину катони, миёнбандхо, асбобхои кулоли ва фулузи хеле нафис ороиш дода мешуданд. Аз кахрабою фулузот асбобхои зебу зинат тайёр мекарданд. Мучассамахои чубин дар санъати халк макоми махсус доранд. Аа асри 15 маъбадхо, мучассамахои готикии чубин сохта мешуданд. Дар асрхои 16—17 санъати портреткаши инкишоф ёфт ва гравюра ба миён омад. Ибодатхонахои асрхои 17—18 бо мучассамахо, кандакори ва накшу нигор оро ёфта буданд. Кафедрахои санъати Университети Вильнюс, ки солхои 1793—1803 таъсис ёфтанд, дар инкишофи санъати тасвири роли калон бозидаанд. Дар асархои рассомони асрхои 18—19 П. Смуглявичюс, Й. Рустемас, В. Дмахауснас, Я. Дамель, К. Русяцкас дар баробари унсурхои классицизм тамоюли романтикию реалисти низ мушохида мешаванд. Ибтидои асри 20 дар санъати Литва муборизаи Чараёнхои гуногуни гоявию бадеи кувват гирифт. Дар асархои Ю. Зикарас, П. Рвмша, П. Калпокас, А. Жмуйдзинавичюс чараёни реалисти кувват гирифта, гояхои демократии давр ифода шудаанд. М. К. Чюрлёнис дар инкишофи санъати рассомии Литва сахми арзанда гузошт. Зиддиятхои гояви ва гуногунии принстихои бадеи хоси санъати тасвирии солхои 1919—40 Литва мебошанд. Дар эчодиёти хайкалтарошон В. Грибас, Ю. Мккенас, рассомон В. Дидчиокас, П, Калпокас, К. С. Склерюс, Й. Шилейка, Ю. Веножшнскис, А. Гудейтис, А, Самуолис, Л. Кааокас, В. Визгирда ва дигар принсипхои реалисти мавкеи мухим доранд. Дар давраи совети дар асоси азхуд кардани методи реализми сотсиалисти тамоми намудхои санъати тасвири инкишоф ёфт. Хайкалтарош Г. Йокубонис барои офаридани хайкали курбоншудагони фашизм (дар дехаи Пиргюляй) сааовори Мукофоти ленини (1960) гардид. Хаккок С. Красаускас барои офаридани силсилаи «Абадзиндахо» ба Мукофоти давлатии шуравиро ноил гардид.

Меъмори. Кадимтарин ёдгорихои меъмории сарзамини Литва деворхои сангин (Каунас, Медниинкай) ва силсилаи касрхои мудофиави (Вильнюс, Тракай) ба асрхои 14—15 тааллук доранд. Услуби готики хоси санъати меъмории асрхои 14—16 аст. Аа ёдгорихои готики калисои Анпа ва Берна дрипхо (Вильпюс), Хонаи Перкуно (Каунас) дорои санъати баланданд. Бештари бинохои асрхои 16—17 бо услуби ренессанс сохта шудаанд. Услуби барокко (калисои Пётр ва Павел, Терасса дар Вильнюс, дайри Пажайслис дар наздикии Каунас, дар асрхои 17—18 ривоч ёфт. Классицизм дар охири асри 18 — аввали асри 19 (ратушахои Вильнюс ва г.) таракки кард. Унсурхои готикаи сохта, эклектика ва дигар услубхо хоси санъати меъмории асри 19 ва аввали асри 20 аст. Принсипхои шахрсозию меъмории рус ба санъати меъмории асрхои 19—20 таъсири калон расонд. Нуфузи чараёнхои меъмории модернисти (аксари бинохои чамъиятии Каунас, меъморон В. Дубенцкис, В. Ландс-бергис-Жямкальнис) аз соли 1930 баланд шуд. Вале бештари бинохо дар шахрхою дехахо бе лоиха одди ва бештар аз чуб сохта мешуданд. Ба меъмории давраи советии Литва сохтмонхои оммави, окилона чойгир кардани минтакохои истехсоли, районхои истикомати, амали намуданн лоихахои типи ва усулхои саноатии сохтмон хос аст. Бехтарин бинохои ин давра бо санъати баланди хозираи меъмори, сохту намудхои прогрессиви, чустучуи шаклхои нави интерьер, ба шароити махалхо мувофик кунонидани лоихаи типи районхои ахолинишини Жирмунай (Мукофоти давлатии шуравиро, 1968; Лаздинай — Мукофоти ленини, 1974) фарк мекунанд.

Дар Литва ба мухофизати ёдгорихои меъмори, азнавсозии районхои ахолинишини кадима, бо камоли кордони ба план гирифтани посёлкахои колхзи диккати махсус дода мешанад. Меъморон: В. Чеканаускас, А. ва В. Насвитисхо, Н. Бучюте, Э. Хломаускас, 3. Ляндзбергис, Б. Касперавичене, А. Сприндис ва дигарон.

Мусики. Фольклори Литва бо сурудхои халкии (daina) лирики бой аст. Сутатринес жанри махсуси мусикии бисьёровозаи кадимии халкист. Скудутис, бирбине, канклхои аз асбобхои мусикии халкии Литва, ба хисоб мераванд. Мусикии касби аз асри 14 огоз ёфт. Бисьёр сарватмандони Литва дар асрхои 16—18 капелла ва баъзеашон дастахои операю балет доштанд. Аввалин бор соли 1936 операи «Дуздидани Елена-и М. Скакки дар Вильнюс ба сахна гузошта шуд ва нахустин китоби дарсии мусикии Ж. Ляуксминас соли 1667 нашр гардид. Кафедраи мусикии Университети Вильнюс соли 1803 ташкил шуд. Аввалин операи миллии Литва «Бируте»-и М. Петраускас ба сахна гузошта шуд. М. К. Чюрлёнис асосгузори мусикии симфонии Литва аст. Бастакорон Ю. Груодис, С.

Шимкус, Ю. Таллат-Келпша, Ч. Саснаускас, Ю. Науялис ва дигарон дар равнаку ривочи санъати симфони ва хори милли сахми арзанда гузоштаанд. Роли хофизон К. Петраускас дар инкишофи санъати мусикии Литва низ хеле калон. Соли 1920 дар Каунас Театри опера ва балет ва 1933 Консерватория ташкил шуд. Хаёти мусики дар солхои Хокимитяти Совети равнак ёфт.

Дар Литва Театри академии опера ва балет (Вильнюс), Театри мусики (Каунас), Филармонияи давлати, Ансамбли давлатии суруду ракси «Лиестува» (Мукофоти давлатии СССР, 1970), Хори телевизион ва радио, 70 муассисаи таълими мусики, аз он чумла Консерватория (Вильнюс) вучуд доранд. Идххои мусикии оммави ташкил мешаванд. Бастакорони советии Литва 13 операи милли ба вучуд оварданд. Жанрхои симфони ва камери бомуваффакият таракки доранд.

Театр. Манбаю сарчашмаи театри Литва бозию анъанахои халки мебошанд. Театрхо ё дастахои театри дар асрхои 16—18 дар дарбори феодалхо, князи бузург ва дар баъае мактабхо мавчуд буданд. Аввалин театри оммави дар Вильнюс соли 1785 ташкил шуд. Минбаъд театр, дастахо, чамъият ва студияхои театрии Литва дар Вильнюс, Рига, Петербург, Москва ва дигар шахрхо низ ташкил ёфтанд. Хукумати Совети соли 1919 дар Вильнюс театри литвони таъсис кард. Театрхои драмаю опера дар Каунас (1920) ва баъд дар шахрхои дигар низ сохта шуданд. Анъанахои реалисти дар санъати театрии Литва дар солхои 1919—40 ба туфайли эчодиёти К. Глинскис, Ю. Вайчкус, А. Олека-Жи-линскас, Б. Даугуветис инкишоф ёфтанд. Соли 1976 намоишномахои нави В. Миколайтис-Путинас «Хоким», «Курорти сохили бшхри»-и Б. Сруога ба сахна гузошта шудаанд.

Баробари баркароршавии Хокимияти Совети (1940) давраи нави санъати театрии Литва, ки ба методи реализми сотсиалисти асос ёфта буд, cap шуд. Дар республика (1972) 11 театр, аз чумла Театри академии опера ва балет дар Вильнюс, театрхо дар Каунас, Паневежск ва г. мавчуданд. Муваффакиятхои калони театри советии Литва бо номи арбобони сахна Б. Даугуветис, Ю. Сипарис, Ю. Мильтинис, Р. Юкнявичюс, К. Кимантайте, М. Миронайте, Д. Банёнис, Г. Ванцявичюс, драматургон Ю. Грушас, А. Грицюс, К). Марцинкявичюс ва дигарон алокаманданд. Дар Литва дастахои балет хануз да асри 16 пайдо шуда буданд. Балети миллии Литва аз ибтидои асри 20 инкишоф ёфт. Студияи балет дар Каунас соли 1921 ташкил ёфт. Нахустин балети Театри давлати «Копелия»-и Л. Делиб соли 1925 ба сахна гузошта шуд. Таъсири хореографияи рус дар инкишофи

балети Литва бузург аст. Балетхои милли дар солхои хокимияти Совети бисёр офарида шуданд.

Кино. Кинематографияи бадеии Литва баъди Чанги Бузурги Ватани инкишоф ёфт. Соли 1940 киностудияи филмхои хроникавию хуччати (аз 1946 Киностудияи Л.) ташкил шуд, ки киножурнал, фильмхои илмию оммави ва бадеи истехсол мекунад. Зиёда аз 30 фильми пурраметраж дар киностудияи Литва ба навор гирифта шуданд. Актёрхои намоёни кинои советии Литва инхоанд: Р. Адомайтис, Б. Бабкаускас, Д. Банёнис, И. Будрайтис, Л. Норейка, А. Шурна, А. Масюлис ва дигарон. Соли 1976 филми бадеии дусериягии «Бехонумони», «Хизматгорзан ё малика» ба навор гирифта шуданд.

Партияи Коммуннстии Литва. ПК Литва кисми таркибии КПСС мебошад. Дар охири асри 19 дар Литва марксизм пахн шуд, харакати Сотсиал-демократ авч гирифт. Охири солхои 80-ум дар Вильнюс ва дигар шахрхо аввалин кружокхои марксисти ба вучуд омаданд. Сентябри 1895 ба Вильнюс В. И. Ленин омада бо сотсиал-демократхои махалли вохурд ва гуфтушунидхо кард. Охири соли 1895 Маркази сотсиал-демократхои Литва ташкил карда шуд: А. Домашявичюс, С Трусявичюс (К. Залевский), А. Моравские. Маи 1896 Партияи сотсил-демократ Литва (ПСДЛ) ва Иттифоки коргарони Литва (ИКЛ) ташаккул ёфтанд. Бо ташаббуси Ф. 3. Дзержинский соли 1900 сотсиал-демократхои Королин Польша, ИКЛ ва кисми унсурхои чапи ПСДЛ ба сотсиал-демократи Королии Польша ва Литва муттахид шуданд. Дар Литва ташкилотхои РСДРП солхои 1901—19 амал мекарданд. Июли 1901 гурухи вильнюсив РСДРП ташкил гардид (Ф. В. Гусаров, И. О. Клопов ва дигар.). Аз соли 1904 ин гурух тахти рохбарии Комитети Шимолу Гарбии РСДРП амал мекард. Дар нимаи дуюми соли 1905 дар шахрхои Каунас, Шяуляи, Паневежис, Швенчёнис низ ташкилотхои РСДРП ташкил шуданд. Дар давраи реаксияи солхои 1908—10 аксари ташкилотхои РСДРП пароканда карда шуданд.

Съезди 7-уми ПСДЛ (августи 1907, Краков) бо РСДРП муттахид шуданро мувофики максад донист, вале аз сабаби ба хабс гирифта шудани бисёр аъзоёни партия ин максад амали нагардид. Дар солхои реаксия ва авчирии майли револютснони сотсиал-демократхои револютсионии ПСДЛ (П. Эйдукявичюс, В. Мицкявичюс-Капсукас ва дигар) бо В. И. Ленин робита мукаррар карданд, бо матбуоти большевики хамкори намуданд. Баъди Револютсия Февеврали 1917 болшевикони Литва аз пинхонкори баромаданд. 10 (23) октябри 1917 КМ РСДРП (б) Бюрои муваккатии марказии сенсияи Литваро бо рохбарии В. Мицкявичюс-Капсукас тасдик кард. Соли 1918 дар Вильнюс ва дигар шахру уездхо аввалин ячейкахои коммунисти ба вучуд омаданд. 14 авгсти 1918 партияи синфи кортари Литва Партияи Коммунистии Литва ном гирифт. 1—3 октябри 1918 дар Вильнюс съезди гайрилегалии ПКЛ шуда гузашт, ки он ба муттахидшавии ташкилотхои коммунистии пинхонкор мусоидат намуд. Съезд вазифаи асосии партия — торумор кардани истилогарон ва баркаpop намудани Хокимняти Советиро муайян кард, устави партияро кабул ва КМ партияро интихоб намуд. Дар натичаи муттахидшавии Республикахои Советии Литва ва Белоруссия РСС Литваю Белоруссия ба вучуд омад ва ташкилотхои партиявии Литва ва Белоруссия марта 1919 ба Партияи ягонаи коммунистии Литва ва Белоруссия дар хайати РКП (б) муттахид гардид. ПКЛ аз соли 1919 гайрилегали амал мекард, вай ягона партияи сиёсие буд, ки барои манфиатхои мехнаткашон мубориза мебурд. Соли 1940 мехнаткашони Литва диктатураи фашистиро сарнагун карданд. ПКЛ легали амал мекард, ба муборизаи мехнаткашон барои ташкил намудани органхои Хокимияти Совети ва сохтмони чамъияти сотсиалисти рохбари менамуд. 8 октябри 1940 ПКЛ ба хайати ВКП (б) кабул шуд.

Дар солхои Чанги Бузурги Ватании 1941—1945 коммунистони Литва ба муборизаи халки Литва бар зидди истилогарони гитлери ва ёрдамчиёии буржуазию миллии онхо рохбари карданд. Баъди он кн республика аз юга фашизм озод карда шуд, ПК (б) Литва тамоми кувваашро барои баркаpop ва мустахкамкунии органхои Хокимияти Совети, ба амал баровардани дигаргунихои сотсиалисти равона кард. ПКЛ 1 январи 1979 153969 аъзо ва 6577 номзадхо ба аъзои, 5066 ташкилотхои ибтидоии партияви дошт.

Иттифоки коммунистии ленинии чавонони Литва. ЛKCMЛ кисми таркибии ВЛКСМ мебошад. Охири соли 1918 дар Вильнюс аввалин ячейкаи гайристалини комсомоли ба вучуд омаданд. Баъди он ки дар кисми зиёди масохат. Литва Хокимияти Совети барпо гардид, бо ташаббуси КМ ПКЛ 29 январи 1919 Бюрои марказии ИКЦЛ ташкил карда шуд. 27 августи 1922 дар Каунас Конференцияи ИКЧЛ шуда гузашт, ки иштирокчиёни он ба номи В. И. Ленин мактуби табрики фиристонданд. ИКЧЛ дар солхои 1920—40 гайрилегали амал мекард. Аз соли 1940 комсомолони Литва ба сохтмони чамъияти сотсиалисти фаъолона хамрох шуданд. 18 октябри 1940 ташкилоти комсомолии Литва ба хайати ВЛКОМ кабул гардид. Дар солхои Чанги Бузурги Ватании 1941—45 комсомолони Литва кахрамонихои бемисл нишон доданд. 10 нафар комсомолони Литва сазовори унвони олии Кахрамони Иттифоки Совети шуданд. Комсомоли Литва тахти рохбарии ПКЛ барои барпо кардани базаи моддию техникии коммунизм мехнат мекунад, дар кори тарбияи коммунистии насли наврас хиссаи калон мегузорад. ИКЛЧЛ бо ордени Байраки Сурхи Мехнат мукофотонида шудааст (1978). ИКЛЧЛ 1 январи 1979 417058 аъзо ва 5926 ташкилоти ибтидоии комсомоли дошт.

Иттифокхои касаба. Иттифокхои касабаи Литва кисми таркибии Иттифокхои касабаи СССР мебошад. Харакати иттифокхои касаба дар Литва охири асри 19 ба вучуд омадааст. Солхои 1918—19 баъди барпошавии Хокимияти Совети дар Литва шумораи ташкилотхои иттифокхои касаба то ба 18 хазор афзуд. Соли 1934 хукумати буржуазии фашистии Литва иттифокхои касабаро бархам дод. Ба чои иттифокхои касаба Палатаи мехнат ба вучуд омад. Баъд аз сарнагуншавии диктатураи фашисти хукумати халки 28 июни 1940 фаъолияти иттифокхои касабаро конуни кард. Бо озодшавии республика аз истилогарони фашистии немис иттифокхои касаба аз паи баркарор карда шуданд. 1 январи 1979 дар республика 1701 182 аъзои иттифокхои касаба, 8932 ташкилоти ибтидоии иттифокхои касаба мавчуд буд.

Хочагии халки Литва республикаи индустриалию аграрист. Он дорои саноати тараккикардаи мошинсози, коркарди металл, электротехника, химия, сабук, хуроквори ва хочагии кишлоки механиконида ва электронидашуда мебошад. Саноат аз хиссаи махсулоти республикаро медихад. Асоси хочагии энергетикаи Литваро сузишвории кашондашаванда (ангишт, махсулоти нефт, газ) ташкил мекунад. Аз захирахои гидроэнергетики (ГЭС-и Каунас) ва торф истифода бурда мешавад. Калонтарии стансияи электри — ГРЭС-и Литва бо мазуту гази табии кор мекунад. Дар Каунас ГЭС хаст. Дар Игналин стансияи олектрии атоми сохта шудааст. Дар Мажойкяй заводи истехсоли махсулоти нефт кор мекунад. Дар Литва саноати мошинсози ва коркарди металл чои намоёнро ишгол менамояд. Саноати дастгохсози таракки кардааст. Дар Клайпеда (заводи «Валтия») киштихои укёнусгарди боркаш ва тичорати сохта ва таъмир карда мешаванд. Киштихои дарёгард, турбинахои буги дар Каунас, мошинхои хочагии кишлок дар Вильнюс, Рокишкис, Укмерге, велосипед ва двигателхои мопедхо дар Шяуляй сохта мешаванд. 3аводхои Кедайняй ва Ионава суперфосфат, аммофос ва нурихои нитрогени истехсол мекунанд. Дар заводхои Алитус нахи сунъи, Плунге чарми сунъи, Вильнюс махснуоти пластмасси, Швенчёнис аз растани дорухо истехсол мекунанд. Саноати хуроквори аз гушт, шир, мохи, картошка, сабзавот ва мевачот махсулоти гуногун тайёр мекунад. Дар Литва 4 завохди канд хаст. Саноати бофандаги таракки кардааст. Дар 5-солаи 9-ум хачми истехсоли махсулоти саноат 49%, истехсоли мошинхои хочагии кишлок 2,4, асбоб 3,1, дастгох 1.7, махсулоти саноати химия ва нефту химия 1,6 баробар афзуд. 1 январи 1978 (ба хиссаи хазор cap) 2196,8 гов (аз чумла 875,0 модагов), 2556,8 хук, 64,8 бузу гусфанд буд.

Тули рохи охани Литва 2019 км (1975). Аз он 130 км. электриконидашуда мебошад. Роххои мошингард зиёда аз 33,3 хазор км, аз чумла роххои сангфарш— 14,5 хазор км (1975). Бандархои калонтарини дарёи — Каунас ва бахри — Клайпеда. Роххои хавои Вильнюсро бо шахрхои дигар Литва ва шахрхои калонтарини СССР пайвастаанд.

Адабиётхои истифодашуда.: Атамукас С., Тарвидас С. С. и Басаликас А. Б., Советский Союз. Литва, М., 1967; П а ш у т о В. Т., Образование Литовского государства, М., 1959; Революция 1905—1907 гг. в Литве, документы и материалы, Вильнюс, 1961; Чюрлёните Я., Литовское народное песенное творчество, М.— Л.. 1966; Вопросы истории Коммунистической партии Литвы (сб. статей), Вильнюс, 1961; Борьба за Советскую власть в Литве в 1919—22 гг. Сб. документов, Вильнюс, 1967; Развитие промышленности и формирование пролетариата Литвы в XIX в., Вильнюс, 1969; Компартия Литвы в борьбе за Советскую власть (19Э5— 40), М., 1961; Кубилюс В., Современная Литовская поэзия, М., 1969; История советского драматического театра, т. 4— 6, М., 1966—71′, Будрейка Э. С., Архитектура Советской Литвы, Л., 1971; Советская Литва и ее наука, дар кит.: «Наука Союза ССР», М., 1972; Червонная С. М., Богданас К. А., Искусство Литвы, Л., 1972; Гаудримас Ю. Из истории Литовской музыки, т. 1, М., 1964, т. 2. Л.. 1972.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …