Маълумоти охирин

Мазхака

МАЗХАКА, музхика (араби—мазох, мазок, хазл, шухи, мутоиба), як навъи чинси драма.  Ба забони русси мазхакаро «Шутка, Забава ё худ Комедия» меноманд.  Мазхака гуё ба ходисахои тасодуфи асос ёфта, ихтилофхо бо ёрии низоъхои сюжет ошкор мегарданд. Хулку атвори персонажхои Мазхака ба мисли фочиа ва драма инкишоф ва тагиир намёбанд. Мохияти персонажи мазхакви низ дар хамин аст. Мазхакавияти образхои Мазхака дар номувофикии даъвои персонажхо бо вазъияти вокеи зухур мекунад; персонаж зохиран даъвои бузурги дорад, вале асли рафтору кирдораш пучу бемаънист. Хамин тазоди бузургии зохирию ночизии максадхо хандаовар буда, мохияти ичтимоии Мазхакаро муайян менамояд. Зимни рафтору кирдори шухиомези кахрамонони Мазхака ходисахои кухна ва манфии хаёти ичтимои масхара мешаванд.

Чаноби Бин
Сурати Чаноби Бин – Мазхакачии шинохтаи дуняви

Азбаски дар Мазхакакаи инкишофи характерхо, балки хулку одоб чизи асос нест, пас бояд лахзахо хеле намоён ва барчаста бошанд. Дар ин шакли Мазхака тасвирхон муболигавию марокомез роли калон мебозанд. Муболига, асосан, дар ихтилофхои хандаовари байни кахрамонон ба дарачаи баланд мерасад. Одатан персонажи Мазхака ба номуродихои зиёде дучор ояд хам, рухафтода намешавад. Тамошобин хам нисбат ба вай хамдарди нахохад кард, Мазхака маъмулан анчоми гамангез надорад. Ба Мазхака, хамчун, навъи адаби, Аристофан асос гузоштааст. Дар Мазхакаи Юнони Кадим суруд ва раксхои карнавали мавкеи намоён доштанд. Мазхака дар мамлакатхои Аврупо то замони паи сайри таърихии дуру дарозоро аз cap гузаронид. Фарки Мазхака аз дигар навъхои драма он аст, ки хамеша бо замона сахт алокаманд буда, ахлок ва завки давраро хуб инъикос менамояд.

Дар адабиёти классикии рус Мазхака бештар тобишхои хачвии ичтимои гирифта, бо хаёти халк алокаи мустахкам дошт. Дар адабиёти совети Мазхака майлхи хазлу шухи пайдо кард. Он махсусан пас аз Чанги Бузурги Ватани дар адабиёти советии точик ривоч ёфт. Кариб хамаи нависандагони точик Мазхака навиштаанд. «Чуяндагон» ва «Гавхари шабчарог»-и С. Улугзода, «Ситора» («Ман — Фахриддннов»)-и Ч. Икроми, «Интихоби домод»-и Содик, «Мужда»-и А. Бахори ва г. Намунаи он Мазхака мебошанд. Барои инкишофи Мазхака дар сахнаи театри точик роли тарчума ва намоиши бехтарин намунахои мазхакаи чахон калон аст.

Ад.: Аристотель, Поэтика, М., 1957; История эстетики. Памятники мировой эстетической мысли, т. 2, М., 1964. X. Шарифов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …