Маданият – калимаи араби буда, дарачаи муайяни инкишофи таърихии чамъият, ки дар намуд ва шаклхои ташкили хаёт ва фаъолияти одамон, инчунин дар сарватхои модди ва маънавии офаридаи онхо ифода ёфтааст. Мафхуми Маданият барои тавсифи дарачаи модди ва маънавии инкишофи даврахои муайяни таърихи, формацияи чамъиятию иктисоди, халкият ва миллатхои конкретии чамъияти (мас., Маданияти атика, Маданияти социалисти), инчунин сохахои махсуси фаъолият ё хаёт (Маданияти мехнат, Маданияти бадеи, Маданияти маиши) истифода мешавад. Дар маънои тангтар истилохи «Маданият»-ро танхо ба доираи хаёти маънавии одамон нисбат медиханд.
Назарияхои томарксисти ва гайримарксистии Маданият дар ибтидо мафхуми Маданият маънои таъсири максадноки одам ба табиат (коркарди замин ва г.), инчунин тарбия ва таълими худи одамро дошт. Дар асрхои миёна Маданият камолоти шахси, алалхусус такомули динии шахсро ифода мекард. Дар давраи Эхё такомули Маданият гуфта ба идеали гуманисти (баъд маорифпарвари) мувофик омадани атвору аъмоли инсонро мефахмиданд.
Фалсафаи буржуазии томарксисти Маданиятро ба шаклхои маънави ва сиёси инкишофи чамъият ва одам, ки дар илм, санъат, ахлок, дин ва шаклхои идораи давлaти зохир мешаванд, айният медод. Аз ин сабаб маорифпарварони асри 18 Франция (Вольтер, А. Тюрго, Ж. А. Кондорсо) мазмуни чараёни маданию таърихиро аз инкишофи «акли» инсон иборат медонистанд. Дар баробари ин дар доираи маорифпарвари «танкиди» Маданият ва тамаддун (Ж. Ж. Руссо) пайдо шуд. Ин тамоюлро фалсафаи классикии немис давом дода, зиддиятхои тамаддуни буржуазиро ба таври назарияви шapх дод. Илочи аз ин вазъияти зиддиятнок халос шуданро файласуфони немис дар доираи «рух», дар доираи шуури ахлоки (И. Кант), эстетики (Ф. Шиллер, романтикхо) ё фалсафи (Г. Гегель) . мечустанд. Маданият аз ин нуктаи назар, хамчун сохаи «озодии маънавии» одам аст, ки аз доираи мавчудияти табии ва ичтимои берун буда, ба максадхои эмпирики ва талаботи вай вобаста нест. Мохияти тамоми эволюцияи маданию таърихии инсоният ба даст овардани ин озоди аст.
Дар охири асри 19— ибтидои асри 20 дар зери таъсири неокантчиги Маданият гуфта системаи махсуси сарват ва идеяхоро меномиданд, ки аз руи мавкеъ дар хаёт ва ташкили чамъият аз якдигар фарк мекарданд. Назарияи ягонагии хати эволюционии Маданиятро намояндагони фалсафаи хаёт низ танкид кардаанд, ки Маданият ва тамаддунро (хамчуи зинаи охирини инкишофи Чамъияти муайян) ба якдигар мукобил мегузоштанд. Аз сеяки охири асри 19 омузиши Маданият дар доираи антропология ва этнография инкишоф ёфт.
Дар шароити хозираи пешрафти илмию техники ва тезутундшудани зиддиятхои чамъияти капиталисти, дар шароити хамзистии ду системаи ичтимои ва ба арсаи прогресси таърихи кадам мондани халкхои Осиё, Африка ва Америкаи Лотини бисёр сотсиолог ва маданиятшиносхои буржуази ба хулосае омаданд, ки татбики муттасили гояхои Маданияти ягона имконпазир аст. Ин акида дар назарияхои полицентризм, зиддияти кадимии Гарбу Шарк ва г. зохир мешавад, ки конуниятхои умумии инкишофи чамъиятро инкор мекунанд.
Назарияи марксисти-ленинии Маданият Назарияи марксистии Маданият, ки ба таълимотхои буржуази зид аст, ба нуктахои принционалии материализми таърихи асос ёфтааст. Аз нуктаи назари марксизм-ленинизм Маданият тавсифи махсуси чамъият буда, зинаи инкишофи таърихии инсониятро, ки аз руи муносибати одам ба табиат ва чамъият муайян мегардад, ифода мекунад. Бинобар ин Маданият ифодаи махсуси ягонагии одамият бо табиат ва чамъият, тавсифи куввахои эчоди ва имкониятхои шахс аст. Маданият на танхо натичахои предметии фаъолияти одамон (мошинхо, иншоотхои техники, натичахои маърифат, асархои санъат, нормахои маърифат, нормахои хукук ахлок ва г.), балки кувва ва имкониятхои субъективии одам (дониш ва махорат, малакаи истехсоли ва касби, дарачаи инкишофи акли, эстетики ва ахлоки, чахонбини, тарз ва шаклхои муомилаи коллективи ва чамъиятии одамон)-ро низ дар бар мегирад,
Вобаста ба се намуди асосии фаъолияти одамон — модди, сиёси ва маънави Маданиятро ба Маданияти модди, Маданияти сиёси ва Маданияти маънави таксим мекунанд. Маданияти модди тамоми сохаи фаъолияти модди ва натичахои он (олоти мехнат, манзил, лавозимоти харруза, либос, воситахои наклиёту алока ва г.)-ро дар бар мегирад.
Маданияти сиёси сохаи муносибатхои ичтимоию сиёси ва натичахои он (дарачаи фаъолии сиёси, аз тарафи синфи революциони аз худ карда шудани конуниятхои объективин инкишофи чамъият ва махорати рохбарии сиёсии он ба омма ва г.)-ро дар бар мегирад. Маданияти маънави сохаи шуур ва фаъолияти маънави (маърифат, ахлок, тарбия ва маориф, фалсафа, этика, эстетика, илм, санъат, адабиёт, асотир, дин)-ро дар бар мегирад. Назарияи марксистии Маданият ба ягонагии узвии Маданияти модди, сиёси ва маънави асос ёфтааст.
Асосхои моддии Маданият дар инкишофи он роли халкунанда мебозанд. В. И. Ленин кайд карда буд, ки «…маданият хар кадар хароб карда шавад хам — онро аз хаёти таърихи хат зада партофтан мумкин нест… Ин ё он кисми ин маданиятро, ин ё он бокимондаи моддии онро аз миён бардоштан мумкин нест, факат аз нав баркарор кардани он душвор мешавад» (Асархо, чилди 27, сахифаи 125). Хар як формацияи чамъиятию иктисоди Маданияти ба худ хос дорад. Вобаста ба ивази формацияхои чамъиятию иктисоди хелхои Маданият тагийр меёбанд, аммо ин маънои канда шудани инкишофи Маданият, нест кардани Маданияти кухна, даст кашидан аз мерос ва анъахои маданиро надорад, зеро хар як формацияи нав заруратан комёбихои мадании пешинаро мерос ва системаи нави муносибатхои чамъиятиро дар бар мегирад.
Маданият зухуроти умумиинсони ва синфист. Барои формацияхои антагонисти стихиявист ва нобаробарии чараёни маданию таърихи хос аст. Маданияти синфи хукмрон фаъолияти маънавии оммаро паст мезанад, аммо махз хамин фаъолият мазмуни объективии умумиинсонии бисьёр комёбихои мухимтарини хар як Маданияти миллиро муайян мекунад. Синфхои хукмрон кушиш мекунанд, ки ба души омма «маданияти оммавии» соддаро бор кунанд. Дар айни хол дар катори Маданияти синфи хукмрон дар шароити капитализм Маданияти нав дар шакли унсурхои демократи ва социалисти ба миён меояд. «Дар хар як маданияти милли унсурхои лоакал инкишофнаёфтаи маданияти демократи ва социалисти мавчуданд, зеро дар хар як миллат оммаи мехнаткаш ва истисморшаванда хаст, ки шароити зиндагонии вай ногузир идеологияи демократи ва социалистиро ба вучуд меоварад» (Ленин В. И., Асархо, чилди 20, сахифаи 8).
Галабаи револютсияи социалисти табаддулоти куллиро дар инкишофи чамъият ва Маданияти он ба амал меорад. Дар рафти революцияи мадании социалисти Маданияти социалисти ташкил ва мустахкам мешавад. Хусусиятхои асосии Маданияти маънавии социалисти, ки онхоро шаклхои нави муносибатхои чамъияти ва чахонбинии марксисти-ленини муайян менамояд, чунинанд: халкият, гояноки ва партиявияти коммунисти, коллективизм ва гуманизми социалисти, мутобикати маънавии интернационализм ва ватандустии социалисти.
Максади мухимтарини Маданияти социалисти — ташаккули одами нав, табдили чахонбинии марксисти-ленини ба эътикоди хар як аъзои чамъият, дар у тарбия кардани сифатхои баланди ахлоки, бой гардонидани олами маънавии у мебошад.
Тачрибаи СССР — давлати сермиллати социалисти намунаи барчастаи инкишофи Маданияти социалисти дар шароити таъсири мутакобили Маданиятхои милли аст. Маданияти ягонаи советии социалисти, ки дар давраи мавчудияти СССР ташкил ёфтааст, чихатхои муфид ва анъанахои Маданияти хар як халки СССР-ро дар бар мегирад, хар як Маданияти миллии совети на танхо ба мероси мадании худ такя мекунад, балки аз хисоби комёбихои Маданияти халкхои дигар низ бой мегардад. Процесси пурзуршудаистодаи таъсири мутакобили Маданияти миллии социалисти ба афзоиши чихатхои интернационалии хар як Маданияти милли ёри мерасонад. Хамин тавр, дар замони социализм Маданият мазмунан социалисти, шаклан милли ва рухан интернационалисти буда, боигарии маънавии хамаи халкхои СССР аст. Наздикшавии босуръати Маданиятхои милли чараёни пешкадами объективист. Маданияти социалисти тимсоли Маданияти маънавии умумичахонии чамъияти коммунисти буда, хусусияти умумиинсони дорад. «Маданияти коммунизм, ки тамоми бехтарни чизхои бавучудовардаи маданияти чахониро дар худ мучассам карда ва инкишоф медихад, дар тараккии мадании инсоният дарачаи нави оли мешавад».
Ад.: Ленин В. И.. Мулохизахои танкиди оид ба масъалаи милли, Асархо, чилди- 20; хамон муал.. Дар бораи маданияти пролетари, Асархо, чилди- 31; хамон муал., Дар осраи кооперация. Асархо, чилди- 33; Программаи КПСС, Д., 1962; Ким М. П., Коммунизм и культура, М., 1961; Коммунизм и культура, М., 1966; Ковалев С. М., Социализм и культурное наследие,
М 1067; М е ж у е в В. М., О понятии «культура». М., 1968; хамон муал.. Культура и история. М., 1978; Боголюбов Е. В., Культура и общество, М., 1978; Культура развитого социализма, М.. 1978.