Маълумоти охирин
Главная / Илм / Леонардо да Винчи

Леонардо да Винчи

Расми Леонардо да Винчи
Расми Леонардо да Винчи

Леонардо да Винчи (Leonardo da Vinci) (15. 4 1452, Винчи, Флоренция — 2.5.1519, касри Клу, Турень, Франция), мусаввир, хайкалтарош. Меъмор, олим ва мухандиси Италия. Аз оилаи нотариуси давлатманд буд. Леонардо воситахои нави санъати тасвириро бо хулосахои назарияви пайваста, образи инсони комилеро офарид, ки он ба идеалхои гуманистии замонаш мувофик буд ва бо хамин ба Эхёи Оли асос гузошт.

Солхои 1480—1490 давраи нашъунамои махорати рассомии Леонардо мебошад. «Олиха дар байни шаххо» (1483—94, Лувр, Париж; варианти 2-4497-154, Нигористони милли, Лондон) яке аз мусавварахои машхури Леонардо мебошад. Дар девори хонаи таомхурии дайри Санта-Мария делле Градче Леонардо лавхаи «Зиёфати махрамона»-ро меофарад (1495— 1497), ки он куллаи баланди инкишофи санъати тасвирии Европа аст. Ин мусаввара фазои реалиеро ба худ тобеъ намуда, бо композитсияи дакик ва мувозинати худ бинандаро ба вачд меоварад.

Чанд муддат бо меъмори машгул шуда, накшахои гуногуни «шахри идеали»-ро кор карда мебарояд. Дар Милан дар атрофи Леонардо меъморони машхур гирд омада, мактаби Ломбардияро ташкил медиханд (ин мактаб дар ташаккули услуби романи роли мухим бозидааст). Минбаъд кариб 20 соли умрашро дар шахрхои гуногун (Мантуя, Венеция, Милан, Рим) инчунин дар Фаронса гузарондааст. Дар Флоренсия дар дайри Палаццо Веккьо ба офаридани накши девории «Задухурди назди Ангьяри» шуруъ менамояд (1503—06, нотамом), ки он oгoзи жанри размнигории санъати давраи нав буда, «вахшонияти дахшатовар»-и чангро (аз руи ифодаи худи Леонардо.) акс кардааст.

Портрети «Мона Лизa»
Портрети «Мона Лизa»

Портрети «Мона Лизa», ки бо номи «Чоконда» машхур аст (1503, Лувр), тачассуми идеали олии зебои, латофату назокати зан буда, дар бинанда эхсоси самимияти махрамонаеро бедор мекунад. «Аннан Авлиё бо Марьям ва Исои навзод» (1500—07, Лувр)—чамъбасти чустучухои Леонардо аст дар рохи ба вучуд овардани композицияи пирамидамонанди фазои. Леонардо тамоми сохахои илми даврашро бо мушохидахои худ (хамаи онхоро дар расмхову эскизхояш ифода мекард) гани гардонда аст.

Леонардо да Винчи асосгузори иллюстрацияи илмист. Бо кашфиёти конструктививиаш аз замони худ чанд аср пеш гузаштааст: чунинанд лоихахои кураи металлгудози, дастгохи бофандаги, мошинаи чопкунанда, завраки зериоби, танк, аппаратхои парвозкунанда ва г. Муаллифи чандин назарияхост оид ба механика, гидравлика, биология, тиб ва г. Олим, кашшоф ва рассоми бемисл. Шахсияти Леонардо рамзи давраи Эхёи Олист.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …