Маълумоти охирин

Либия

ЛИБИЯ (Ливия ба русси ё Dawlat Libya ба англиси), кишварест дар Африкаи Шимоли. Дар Гарб бо Тунис ва Алчазоир, дар Чануб бо Нигер ва Республикаи Чад, дар Чанбу Шарк бо Судон, дар Шимол бо Миср хамсархад. Номи расмиаш “Чамохирияи Либия” меьошад. Дар Шимоли хоки Либия ба бахри Миёназамин мерасад. Масохаташ 1 759,5 хазор метри мураббаъ. Ахолиаш зиёда аз 6,3 млн. нафар (2017) ва дар 40 соли охир 2-маротиба зиёд шудааст. Пойтахташ — шахри Тароблис (Триполи).

Расми Шахри Тароблис - Пойтахти Либия
Расми Шахри Тароблис – Пойтахти Либия (соли 2010)

Сохти давлати. Ас соли 2011-ум давлатро хокимияти гузаранда идора менамояд. То ин дам аз 3 марти 1977 органи олии хокимият — Конгресси умумии халки (КУХ; 1979), буд. Сардори давлат—котиби генералии КУХ буд; capфармондехи оли хам худи у буд. Хокимияти ичроия ба Комитети олии халки (хукумат) тааллук дорад, ки доир ба масъалахои гуногун иборат аст. Хокимият дар махал: ба «мачлисхои халки» тааллук дорад, ки онхо «комитетхои халкии» Рохбарикунандаро интихоб мекунанд. Системаи суди: Суди оли, судхои аслиятсиони, судхои инстаицияи якум, суди халки (аз октябри 1960).

Табиат. 98%-и масохати Либияро нимбиёбонхои субтропики (дар Шимол) ва биёбонхои тропики (дар Чануб) ташкил медиханд. Хатти сохил нисбатан рости яклухт. Ягона халичи калонтарин Сидра (Сирти Калон). Кисми зиёди мамлакатро пуштакух (баландиашон—600 метр) фаро гирифтааст, ки он дар баъзе чойхо ба пастхамихои васеъ чудо мешавад. Дар Гарб нишебихои калони сербар вокеанд, ки дар oнхo ба микдори зиёд peг чамъ шудааст. Дар Чануб суфакухи сангини Тибест, дар Шимол биёбони Либия вокеъ аст. Иклимаш тропики, биёбони, дар Шимол— субтропики, бахри миёназамини. Хаpopати миёнаи мохи хунуктарин (январ) Дар Шимол аз +11°С то +12°С, Дар Чануб +15 +1о С; мохи гармтарин (июл) аз +27 + 29° С то +32+35*С, боришоти солона дар Шимоли мамлакат аз 400—625 миллиметр то 100 миллиметр, дар Чануб ва Шарк то 100 миллиметр, дар биёбони Либия то 25 миллиметр.

Дар мамлакат дарёхои доими нест. Дар махалхое, ки обхои зеризамини ба кабати болои хок наздиканд, вохахо вокеанд: хокаш хокистарранг, хокистарранги дорчини. Набототи нохияхои назди сохил бештар субтропикии нимбиёбони. Кад-кади сохил ахён-ахён акокиё, тутанчир, газ, дар чойхои бештар намнок — паттазори маквис, чакалаки чалгуза, буттазори сузанбарг меруяд. Явшон, гиёх ва хорзори кадпаст, шуразор бартари дорад. Олами хайвоноташ камбагал буда, асосан хазандахо (мор, калтакалос); ба микдори зиёд каждум зиндаги мекунад.

Ахоли. Зиёда аз 90%-и ахолии мамлакат арабхои либияги. Инчунин барбархо (такрибан 75 хазор нафар) ва гуруххои начандон калони хауса ва тубу низ зиндаги мекунанд. Забони расми — араби. дини давлати — ислом (сунни). Шахрхои калон: Тароблис (1.5 млн. нафар, 2017 сол) ва Бангози (482 хазор нафар).

Очерки таърихи. Дар масохати хозираи Либия инсон дар даврахои хеле кадим сокин шуда буд. Кабилахои бодиянишин — ачдодони барбархои (бедуины ба забони русси) хозира, ки дар Либияи Кадим маскун буданд, бо шикор, баъдхо бо чорводори шугл доштанд. Масохати Либияро дар замонхои гузашта борхо ачнабиён забт кардаанд. Дар айни замон худи либиягихо хам борхо заминхои хамсояро ишгол намуда буданд. Дар нимаи 1-уми хазораи 1-ум дар Гарби Либия се касабаи Финикия (Лептис-Магна, Саброта, Эа) ба вучуд омад. Асри 7 дар Шимоли мамлакат шахрхои юнони ба вучуд омаданд, ки Кирена (як кисми Либия Киренаика ном дошт) калонтарин ва мухимтарини онхо буд. Дар миёнаи асри 5 кисми зиёди Либия (асосан дар Гарб) ба тасарруфи Карфаген афтод. Як кисми Киренаикаро дар охири асри 6 — ибтидои асри 5 Хахоманишиён, баъдхо кушуни Искандари Макдуни истило карданд. Баъди маглубияти Карфаген масохати Либияро Рим ба даст даровард. Асри 7 дар натичаи истилои араб Либия ба Хилофати араб хамрох карда шуд. Дар натичаи ба таври оммави кучонида овардани кабилахои араб халки Либия бо мурури замон бо онхо омезиш ёфт. Дар Либия ислом пахн шуд. Дар асри 16 масохати Либия ба хайати империяи Усмония хамрох карда шуд. Халки Либия дар давраи дуюми  хукмронии туркхо зуд-зуд бар зидди онхо баромад мекард. Дар нимаи асри 19 ба ин мубориза тарикати санусия сарвари намуд.

Парчами (байраки) Либия
Парчами (байраки) Либия

Соли 1911 Италия барои Либия шуда ба чанги империалистонаи зидди Туркия бархост, дар натичаи ин чанг Либия пурра ба Италия тобеъ шуд. Ахолии махалли ба мустамликадорони Италия мукобилати сахт нишои медод. Дар солхои Чанги якуми чахони Италия мачбур шуд кисми зиёди кушунхои худро аз Либия барорад, дар амал дар ихтиёри он танхо шахрхои Хуме, Тароблис ва Байгози монд. Масохат. Киренаика зери хокимияти тарикати санусия буд; музофоти Тароблис соли 1918 республика эълон карда шуд. Баъди дар Италия ба сари хокимият омадани фашистон (1922) хукумати Италия боз бар зидди Либия амалиёти харби cap кард. Бар зидди империалистони Италия оташи нави харакати озодихохона аланга зад. Танхо соли 1928 истилогарони Италия Тароблис ва 1930 Фаззонро забт карданд. Дар давраи Чанги дуюми чахони (1939—45) Италия умед дошт, ки масохат. Либияро хамчун база барои забткорихои минбаъдааш дар Африка истифода мебарад. Аммо кушунхои Италияро, ки аз масохат. Либия ба Миср зада даромаданд, охири 1940 кушунхои Англия зада гардонида, худ январ-феврали 1941 Киренаикаро ишгол карданд.

Баъди ба Либия гузаронидани корпуси танкии Роммель кушунхои Италияю Германия Киренаикаро ба даст дароварданд. Лекин баъди дар назди Сталинград торумор шудани кушухои фашистон кушунхои Италияю Германия аз тамоми хоки Либия бароварда шуданд. Охири 1942 — ибтидои 1943 кушунхои Франция Фаззон, Англия, Киренаика ва Тароблисро забт карданд. Соли 1943 Либия ба зери итоати маъмурияти харбии Британияи Кабир ва Фаронса гузашт. Дар ин чо базахои харби сохта шуданд. Ассамбляи Генерал, ки ТДМ (1949) карор кард, ки то 1 январи 1952 ба Либия истиклолият дода шавад. 24 декабри 1951 Либия мустакил эълон шуда, расман «Шохии муттахидаи Либия» ном гирифт; ба сари хокимият собик, амири музофоти Киренаика Идрис ас-Сануси (Идриси I) омад. Бо сабаби хукмронии дуру дарози хоричиён Либия то аввали солхои 50-ум хам яке аз мамлакатхои сусттаракки кардаи феодали буд. То хол дар бисёр бобат ба давлатхои империалисти тобеъ буд. Баъди эълон шудани истиклолият барои инкишофи иктисодиёти милли як катор тадбирхо андешида шуданд. Соли 1963 Либия давлати муттахида эълон карда шуд. Занон хукуки интихоботи гирифтанд. Соли 1964 хукумати Либия доир ба бархам додани базахои харбии хоричи масъала ба миён гузошт. Бахори 1966 кисми кушунхои Британияи Кабир аз хоки Либия бароварда шуда бошанд хам, базахои харбии Англия ва Америка боки монданд.

1 сентябри 1969 гурухи офитсерони артиши Либия («офитсерони озод») табадулоти давлати карданд, дар натича тартиботи монархисти сарнагун шуда, Республикаи Либияи Араб (РЛА) эълон карда шуд. Хокимиятро Совети Револютсионии Фармондех (СРФ) ба дасти худ гирифт. СРФ эълон кард, ки Либия минбаъд бо рохи тараккиёти капиталисти намеравад, дар Либия «сотсиализми исломии Либия» сохта мешавад. Соли 1970 хамаи базахои харбии хоричи дар хоки Либия бархам дода шуданд. Соли 1972 маркази иттифокхои касаба — Федератсияи умумии иттифокхои касабаи коргарони РЛА ташкил шуд. Худи хамон сол дар мамлакат ягона ташкилоти сиёси — Иттифоки сотсиалистии Араб (ИСА) таъсис ёфт. Асоси идеологии ин Иттифок ба ном «назарияи чахони сеюм»-и М. Каддафи эълон шуд, ки дин ва миллатпарасти мехвари он буд. Марти 1977 бо карори органи олии конунбарори Либия— Конгресси умумии халки (КУХ) СРФ бархам дода шуда, котиботи генералии КУХ, инчунин ба чои Совети Вазирон (хукумат)-и то ин давра вучуд доштаи Либия Комитети олии халки (КОХ) барпо шуд. Мамлакат ба худ номи нави расмй «Чамохирияи Арабии Халкии Сотсиалистии Либия»-ро гирифт.

Либия дар сиёсати хоричии худ сиёсати зидди империалисти зидди мустамликави ва бетарафиро мебарад. Либия иштирокчии фаъоли харакати мамлакатхои бетараф мебошад. Рохбарияти хукумати Либия барои инкишоф додани муносибатхои дустона ва хамкори бо мамлакатхои сотсиалисти дар навбати аввал бо СССР баромад мекунад.

Муаммар ал-Казофи
Сурати Муаммар ал-Казофи – Раиси Либия (с. 1970-2011)

Баъди табаддулоти соли 1969 рохбарони нави Либия ба давлати ягона муттахид намудани хамаи мамлакатхои арабро яке аз вазифахои асосии сиёсати худ эълон намуданд. 17 апрели 1971 дар натичаи ахду паймони хукуматхои Миср, Сурия ва Либия Федератсияи Республикахои Араб (ФРА) эълон карда шуд. Либия бо СССР аз соли 1955 муносибатхои дипломати барпо кард. Соли 1963 байни Либия ва СССР доир ба савдо, 1972 доир ба хамкории иктисоди ва техники, 1975 доир ба хамкорони мадани ва 1976 доир ба киштиронии бахри созишнома ба имзо расид. Либия ба Ахдномаи Москва оид ба манъи озмоиши яроки ядрои дар атмосфера, фазои кайхон ва зери об (1963) хамрох шуда, ба Ахдномаи пахн накардани яроки ядрои имзо кард. Либия Республикаи Халкии Анголаро эътироф намуда, бо РДГ, РХДК, РСВ ва Куба муносибатхои дипломати пайдо кард.

Либия аз соли 1953 аъзои Лигаи давлатхои араб, аз 1955 аъзои ТДМ, аз майи 1963 аъзои Ташкилоти ягонагии Африка шуд. Солхои 1970 то 2011 Либия дар шакли Чумхури вучуд дошт ва рохбарии онро Муаммар ал-Казофи ба ухда дошт. Кишвархои НАТО Либияро хамчун кишвари ба тероризм дахолатдошта эълон намуда дар сарнагун кардани рохбари кишвар (Кадофи) сабабгор шуданд.

Иктисодиёт. Дар давраи мустамликави дар сохахои асосии хочагии Либия капитали Италия хукмрон буд. Дар хочагии кишлок шакли асосии истифодаи замин ичораи замини помешикон буд. Кашф ва ба таври васеъ азхуд кардани конхои калони нефт дар солхои 50-ум иктисодиёти мамлакатро ба кулли тагйир доду хуб намуд. Соли 1972 Либия аз руи истехсоли нефт дар Африка чои 1-ум, дар чахони капиталисти чои 6-умро ишгол мекард. Конхои нефти Либияро асосан ширкатхои нефти Америка истифода мекунанд. Хукумати республикави, ки он сентябри 1969 ба сари хокимият омад, фаъолияти капитали хоричиро махдуд кард, Ухдадорихои корпоратсияи нефти миллии Либия васеъ карда шуданд. Доир ба милликунонидани тамоми сарватхои зеризамини карор баромад, дар он гуфта мешавад, ки минбаъд кашф ва истехсоли сарватхои зеризамини танхо бо ичозати хукумати Либия гузаронида мешаванд. Солхои 1969—71 бонкхои хоричи, тамоми замине, ки ба италиявихо тааллук дошт ва амволи гайриманкули ширкатхои хоричи низ милли кунонида шуданд.

Харитаи ЛибияСолхои 1972—19774 хукумати Либия бо як катор ширкатхои нефти хоричи барои ба сармояи онхо шарик шудан шартнома баста, ширкатхои бокимондаи хоричиро чисман ва тамоман милли кунонид. Дар натичаи ин чорабинихо кариб 70%-и нефти Либия ба сектори давлати тобеъ шуд. Июли 1971 Ташкилоти ислохоти аграри ва азхудкунии заминхои бекорхобида таъсис шуд. Аз масохати умумии мамлакат барои хочагии кишлок танхо 3,8 миллион гектар замин (21%) ба кор меояд. Кариб аз 2/з хиссаи ин заминхо киштзор буда, бокимондааш чарогох мебошад. Дар мамлакат аз зироати галладона чав, гандум, чойчувори, чуворимакка, аз зироати техники чормагзи замини, тухми беханчир, алафи эспато, тамоку кишт мешавад. Богдори (хурмо, зайтун, мевахои ситруси), обчакори инкишоф ёфтааст. Чорводори яке аз сохахои мухим ва асоси мебошад. Дар Либия бузу гусфанд, гов, шутур, асп ва хар парвариш карда мешавад.

Аз давраи огози истехсоли нефт (1961) мухочирати ахолии дехот ба шахру конхои нефт аз паи музди кор авч гирифт. Агар дар соли 1959 кариб 90%-и ахолии кобили мехнат дар хочагии кишлок кор карда бошад, то 1975 шумораи он то 21,8% кам шуд. Саноати истехсоли нефт яке аз сохахои асоси ва мухимтарини иктисодиёти мамлакат буда, кариб 75%-и махсулоти умумии милли ба сахми он рост меояд. То соли 1980 соле то ба 16—18 млн. тонна расонидани хачми истехсоли махсулоти нефт ба накша гирифта шуда буд. Ба гайр аз конхои калони нефт дар мамлакат инчунин конхои бои газ хаст; хукумат дар бобати истехсол ва самарабахш истифода кардани он чорахои зарури меандешад. Саноати- коркарди ашёи хом суст таракки кардааст. Истехсоли масолехи бинокори, пеш аз хама семент босуръат инкишоф ёфта истодааст. Соли 1970 дар Бангози заводи электрокабел ба кор даромад, заводхои кубур, аккумулятор, васли автомошин, шина кор мекунанд. Комплекси металлурги сохта шудааст. Саноати сабуки мамлакат асосан аз корхона ва устохонахои косиби иборат аст. Соли 1975 дар ин соха чандин корхонахои калон ба кор даромаданд. Саноати хуроквори низ зуд инкишоф ёфта истодааст; дар Либия 4 заводи орд, 4 заводи консерви мохи, 4 заводи консерви сабзавот ва фабрикаи тамоку хаст. Мамлакат ба гайр аз нефт ба хорича чормагзи замини, пусти хом, тухми беданчир, пашм, тамоку, меваи ситруси, равгани зайтун, исфанч, сардина бароварда, аз хорича автомобил, дастгох, тачхизоти саноати нефт, кубурхои металли, молхои саноати, хуроквори ва гайра мекашонад. Шарикони асосии савдояш — ИМА, Олмон, Итолё, Англия, Фаронса. Вохиди пул — динори Либия (1 динор = 1000 дирхам = 0,7 доллари ИМА ё худ 6 сомони , (марти соли 2017).

ММД – Мачмуи махсулоти дохилии Либия дар соли 2017 маблаги 30 миллиард доллари ИМА-ро ташкил кард ва ин нишондиханда нисбати солхои кабли  2-3 маротиба кам аст ва сабабгори ин асосан паст фаромадани нархи нафт дар чахон мебошад. Либия мисли Руссия ва як катор давлатхои дигари содиркунандаи нафта аз нархи нафту газ нихоят вобастагии зич дорад. Мачмуи махсулоти дохили ба сари ахоли кишвар дар як сол ба 14 хазор доллари ИМА рост меояд ки дар чахон байни 228 давлати чахон дар чойи 109 аст (2016 сол) буд.

Мамлакат рохи охан надорад, калонтарин шохрохи автомобилгард, ки дарозии он 1882 км аст, кад-кади сохили бахри Миёназамин аз сархади Тунис то сархади РМА кашол меёбад. Тули умумии рохи автомобилгард ба 10 хазор км мерасад. Рохи хавоии байналхалки Тароблис ва Бангозиро бо Копира ва Тунис, инчунин бо пойтахтхои давлатхои Европа — Париж, Рим ва Афина мепайвандад. Аз июли 1970 байни Тароблис ва Москва (рохи хавоии Аэрофлот) алокаи мунтазами хавои кушода шудааст.

Маориф. Низоми маорифи мамлакат аз муассисахои томактабии кудакон — богчахои бачагона cap мешавад. Системаи таълим аз мактаби ибтидоии 6-сола, миёнаи ду зина (34-3) иборат аст. Соли тахсили 1974/75 дар мактабхои ибтидои 980,2 хазор, миёнаи нопурра 195,3 хазор, миёнаи пурра 30 хазор талаба мехонд. Соли 1975 дар бораи таълими хатмии 9-сола конун кабул шуд. Мактабхои дини хам хастанд, ки соли тахсили 1974/75 дар онхо хамаги 16,2 хазор нафар талаба мехонд. Тайёрии касби техники дар базаи мактаби ибтидои ва мактаби миёнаи нопурра дар зарфи 4 сол ба амал бароварда мешавад. Дар пойгохи мактаби миёнаи нопурра дар омузишгоххои педагоги барои мактабхои ибтидои дар зарфи 4—5 сол муаллим тайёр мекунанд. Донишгохи Бангози (таъсисаш 1955), Донишгохи Тароблис (таъсисаш 1973), институти алока (таъсисаш 1963) мутахассисони маълумоти олидор тайёр мекунанд. Китобхонахо: Китобхонаи давлатии Тароблис (таъсисаш 1917), Китобхонаи Бангози (таъсисаш 1955) ва г. Дар мамлакат музей археология, музеи табиатшиносию таърихи, музеи таърихи атика хаст.

Матбуот, радио, телевизион. Соли 1976 дар мамлакат ба забони араби газетахои «Ал-Фачр-ул-Чадид» (хукумати), «Ар-Paй», «Ал-Чиход», журналхои «Ал-вахдат-ул-Арабия», «Чайш-уш-Шаъб» нашр мешуданд. Радиошунавони аз соли 1957 ва стансияи телевизион аз 1968 кор мекунад.

Нигахдории тандурусти. Соли 2015 ба 1000 нафар 65,4 таваллуд, 10,8 фавт, ба 1000 нафар кудаки навзод 99,1 фавт рост омад. Аз касалихо бештар беморихои сирояти, ва паразитари вомехуранд. Соли 2010 дар Либия 5063 духтур, аз он чумла 4027 духтур дар муассисахои табобатии давлати, 329 духтури дандон, 793 фарматсевт ба ахоли хизмат мерасонд; 78 муассисаи табобати буд. Коллеч ва мактабхои тибби духтур ва коркунони тиб тайёр мекунанд.

Адабиёт. Баъди истилои арабхо асри  7 — ибтидои асри 8 адабиёт дар масохат. Либия асосан дар чараёни умумии маданияти араб инкишоф меёфт. Аз асри 16, аз замоне, ки туркхо Либияpo забт карданд, хаёти адаби таназзул кард. Бо вучуди он дар асрхои 17—18 шоирон Умар ал-Фарид, Ахмад ал-Бахлули (ваф. 1701) ба арсаи адабиёт омаданд. Шоирон Ахмад аш-Шариф (1864—1918), Мустафо Зикри (1853— 1918) ва дигарон дар касидахои худ халкро ба муборизаи зидди истилогарони турк даъват мекарданд. Барои назми давраи хукмронии Италия мавзуи ватанпарварона, озодихохона (Ахмад Рафик ал-Махдави (ваф.1961), Иброхим ал-Усто Умар (1907— 1950 ва дигарон.) хос мебошад.

Баъди ба даст даровардани истиклолият (1951) ба адабиёт шоироне омаданд (Али Сидки Абдулкодир, Али ар-Ру-кайн ва дигарон.), ки онхо аз услуби классикии шеъргуии араби даст кашиданд. Наср дар Либия солхои 40—50-ум ба вучуд омад. Мубориза бахри истиклолияти дакики, баробарии ичтимои, махкумкунии хурофот (Мустафо ал-Мисурати, Абу Хappyc ва дигарон) мавзуи асосии насри Либия буд. Ба насри адибони Либия эчодиёти нависандагони Миср таъсири калон расонд. Дар солхои 60 — ибтидои 70-ум ба адабиёт як зумра насрнависон ва шоирони чавон омад (Чумъа ал-Фа-рони, Ахмад ан-Нувайри, Фавзия Бариюун ва дигарон). Ба хаёти мадании мамлакат Раёсати корхои санъат ва адабиёт рохбари мекунад.

 

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …