Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Мактабхои фалсафи

Мактабхои фалсафи

МАКТАБХОИ  ФАЛСАФИ, навъ ва шаклхои равияхои фалсафист (материализм ва идеализм), ки дар халли масъалаи асосии фалсафа аз якдигар фарк мекунанд ва тобишхои гуногуни равияву мактабхоро ифода менамоянд. Мактабхои фалсафи ифодаи муборизаи дохилии равияхои фалсафи, натичаи муборизаи байни онхо ва инъикоси муборизаи гоявии табакахои гуногуни чамъият мебошанд.

Фалсафа

Бузургтарин ва машхуртарин Мактабхои фалсафи инхоянд:   Мактаби Баден, мактаби Фрейбург, равияи иртичоию идеалистии фалсафаи буржуазии немис, яке аз мактабхои неокантчиги. Охири асри 19 ва ибтидои асри 20 аз тарафи В. Виндельбанд (1848—1915) ва Г. Риккерт (1863— 1936) таъснс гардидааст. Фалсафаи мактаби Баден таълимоти софиррационалист. Ба акидаи пайравони мактаби мазкур илмхои табиатшиноси ва чамъиятшиноси асосхои комилан мухталиф доранд. Илмхои табиатшиноси, ки аз мафхумхои умуми истифода менамоянд, аз оптимизм дур буда, фарду вахдатро сарфи назар менамоянд; илмхои чамъиятшиноси бошад на бо конунхои умуми, балки танхо бо ходисахои ягона сару кор доранд, бинобар ин онхо аз таъбири илмии ходисахои ичтимои очизанд. Намояндагони мактаби Баден назария ва таърихро ба хам мукобил гузошта беасос даъво мекарданд, ки хаёти таърихи ба конуне тобеъ нест. Ин даъво чунин маъни дорад, ки илмхои чамъиятшиноси аслан илм нестанд. Намояндагони ин Мактаб ба таълимоти марксисти дар бораи зарурати ивазшавии капитализм ба социализма зид мебаромаданд, прогресси чамъиятиро инкор мекарданд, социализмро на хамчун сохти чамъилти, балки шиори ахлоки медонистанд. Мактаби мазкур, ки душмани материализми таърихи мебошад, дар байни идеологхои империализм шухрату ривоч ёфт. Мактаби имманенти, фалсафаи имманенти, яке аз мактабхои идеализми субъективи. Дар Германия нимаи дуюми асри 19 пайдо шудааст. Маччудияти мустакили хастиро нисбат ба шуур рад карда, олами объективиро мазмуни имманентии (ботинии) шуур медонад. Файласуфони мактаби имманенти ошкоро икрор буданд, ки тарафдорони солипсизми махсусанд. Ба акидаи онхо солипсизм набояд «метафизики», балки «геосеологи» бошад. Файласуфони имманенти (В. Шуппе, И. Ремке,ь A.Леклер, Р. Шуберт-Зольдерн ва диг.) дар пайравии Беркли мавчудияти ашьё ва ходисахои олами моддиро натичаи идрок медонистанд. Мактаби имманенти катъиян зидди илм аст. Намояндагони он хамфикрии худро бо эмпириокритицизм ошкоро изхор карда, руйрост ба химояи дину идеализм мебаромаданд. И. Ленин мактаби имманентиро махсули инкирози маданияти буржуази номида, навишта буд: «имманентхо — реакционерхои нихоятдарача ашадди, таргиботчиёни ошкорон фидсизм, чахолатпарастони комил мебошанд» (Ас., чилди- 14, сахифи- 242). Мактаби Иония, кадимтарин равияи материалисти дар фалсафаи Юнони Кадим. Дар шахр — давлатхои Милет ва Эффес асри 6 пайдо шудааст. Бо табакахои пешкадами чамъияти гуломдори алокаманд буд. Пайравони ин Мактаб дар мубориза бо акидахои асотири ва динии аъёну ашрофи заминдор гояхои соддаи материалистию диалектикиро пеш гузоштаанд. Ба ташаккули мактаби Иония маданияти Шарк таъсири зиёд расондааст. Намояндагони ин Мактаб мекушиданд, ки зухуроти гуногунн оламро аз як мабдаи модди нишон диханд: «об» (Фалес), «хаво» (Анаксимен), «оташ» (Гераклит). «Хамил тавр,—навишта буд Ф. Энгельс,— ин чо дар назди мо материализм» ибтидоии стихияви пурра хувайдо мегардад» (Диалектика природы, с. 147). Диалектикаи мактаби Иония дар эътирофп робита ва нуфузи мутакобили ходисахо, тагйир ва зиддияти доимии онхо ифода меёфт. Анаксимандр дар боби сершумори оламхо, таъбири илмио табиии тараккиёти зволюциони аввалин фарзияхо пешниход кард. Анаксимен аввалин шуда дар байни сайёра ва ситорахо фарк гузошт. Матерпализми онхо тамоюли атеисти дошт. Мактаби Искандария (аз номи ш. Искандарияи Миср), 1) ба маънои махдуд фалсафаи яхудии Искандарияи асри 1 то м. Бар хилофи дигар таълимоти фалсафй танкидро таргиб менамуд, таълимотро дар бораи офариниш исбот кардани мешуд (чараёнхои бокимонда азалияту абадият вa мустакилияти оламро эътироф мекарданд) , ба таъбиру тафсири Библия дар асоси методи категорияхои равокии афлотуниён асос ёфта буд. 2) Ба маънои васеъ — равияи фалсафаи идеалистии Юноки Кадим (асри 1 то м. — асри 6 м.). Пай доиши Мактаб натичаи таназзули сохти гуломдори аст. Мактаб асосан фалсафаи яхудии Филони Искандари (соли 25 то м.—соли 40 м.) неопифагоризм, навафлотунии, инчунин мутафаккирони масехии Искандарияи асрхои 2—3-ро дар бар мегирад. Мактаби Искандария ба таъбири хеле дакики К. Маркс «…мекушид, ки зуран «хакикати абадин» асотири юнони ва мутобикати пурраи онро бо «натичахои тадкикоти илми» исбот намояд» (Маркс К.  Энгельс Ф., Соч., т. 1, с. 99). Мактаби калби, калбиюн, чараёни фалсафаи эклектикии Юнони Кадим, ки асри 5 то м. аз тарафн Aристофен (такрибан 435—370 то м.) таъсис шудааст. Антисфен дар ибтидо пайраии Горгий, баъд пайрави Сукрот буда, бар зидди аъёну ашроф—аристократия мебаромад. Калбиюн бар хилофи идеалнзми Афлотун мавчудияти вахдату эхсосотро эътироф мекарданд; мафхумхои умумиро номи бемазмун мешумориданд. Ба мукобили мутлак гардонидани кулл мубориза бурда, калбиюн худи фардро мутлак месохтанд. Антисфен модди будани рухро коил аст. Диогени Синопи (404—323 то м.) таълимоти Антисфенро таракки дода камбагали, зухду бемаданиятиро таргиб мекард. Менедем (асри 3 то м.) ба танкиди ахлоки эпикурсизм диккати махсус медод. Идеали ахлокии мактаби калби бехиссиёти, бенарвон нисбат ба сарват, шаъну шараф, никох, оила, сиёсат ва г. буд. Мактаби Кембрич, афлотуниёни Кембрич чараёни фалсафаи идеалисти, ки ба химояи дину идеализм, бар зидди материализму атеизм нигаронда шуда буд. Дар давраи Револютсияи буржуазии Англия (асри 17) пайдо шудааст. Асосгузороии мактаби Кембрич Р. Кедворт (1617—88) ва Г. Мор (1614—87) баъзе нуктахои афлотуния, аз чумла таълимоти «олами гояхо»-и уро кабул карда, гояхоро нахустмояи мавчудот мепиндоштанд. Ба матеркализми Ф. Бэкоп, Т. Гоббс ва физикаи Р. Декарт ирфон, схоластика ва хурофотро мукобил мегузоштанд. Мор ва Кедворт фитрияти донишро эътироф мекарданд. Ба акидаи онхо маърифат як навъи хотира аст, «зеро ашьё сабаби маърифат набуда, ёддошти маърифат мебошад» (Мор). Хеч гуна материяи берун аз рух вучуд надорад; материя моддаи гайрифаъолест, ки аз рух харакат мегирад. Афлотуниёни Кембрич на танхо ба мукобили Материалистони замони худ, балки бар зидди Демокрит низ мубориза бурда акида доштанд, ки материализмро аз ибтидо нест кардан зарур аст. Онхо ба мукобили илму материализм мубориза бурда, дар таърихи фалсафаи англис роли иртичои бозиданд. Мактаби Кирена, киренаихо, чараёни фалсафии Юнони Кадим. Асосгузори ин Мактаб Аристипики-Киренаги (435—360 то м.) даъво мекард, ки хакикати объективи вучуд надорад. Аз ин ру, бояд аз харгуна кушиши дарки табиат ва конунхои он даст кашид. Пайравони мактаби Кирена дар масъалахои умумифалсафи гояхои идеализми субъективи ва шаккокия, дар масъалаи ахлок гедонизм (риндия)-ро таракки доданд. Ба мукобили материализм ва табиатшиноси мубориза бурда, факат эхсосоти субъективиро асоси боэътнмоди маърифату ахлок медонистанд. Ба ин муносибат В. И. Ленип навишта буд, ки киренанхо «эхсосро хамчун принципи назарияи дониш ва хамчун принцини этика аралаш мекунанд» (Ас., чилди 38, сахифаи 290). Мактаби Марбург, яке аз мактабхои неокантчиги. Охири асри 19 дар Германия аз тарафи Г. Коген (1842— 1918) таъсис шудааст. Тахти шиори «ба кафо, ба суи Кант» бо материализм ва табиатшиносии матерлалисти мубориза мебурд. Намояндагони ин Мактаб П. Наторп (1854—1924), Э. Кассирер (1874—1945) И. Кантро аз тарафи «рост» танкид карда, вокеияти объективиро махсули «тафаккури холис» эълон намуданд. Хасти дар чараёни тафаккур пайдо мешавад, вале ба вокеияти том табдил намеёбад. Чараёни маърифат хама, аммо максад хеч аст. Г. Коген табиатшиносии назарияви ва математикаро беасос ба илмхои ичтимои мукобил мегузошт. Илмхои ичтимои ба акидаи у дуюмдарачаанд. Социализмро гуё аз чихати илми асоснок кардан мумкин нест. Г. Коген хомии ашадии дин буд. Душмани бо материализми диалекунию таърихи ин мактабро ба такьягохи гоявии рохбарони иртичоии Интернационали II (Э. Бернштейн, К. Каутский, М. Адлер) табдил дод. Дар замони хозира гояхои иртичоии мактаби Марбургро социалистони рост интишор медиханд. Мактаби машшоияи Юнон, перипатетика, мактаби шогирдону пайравони фалсафаи Арасту. Мактаби пайравони Арасту дар зарфи такрибан дах аср (335 то м.— 529 м.) воситаи тавонои инкишофи илм дар Юнон буд. Дар ибтидо бисьёр шогирдони Арасту хамчун муаррих, табиатшинос, географ, мусикишииосу адабиётшинос ном бароварданд. Баъди Арасту Зеофрасти Эфеси (372— 287 то м.) ва Стратони Лампасаки (305—270 то м.) сарварии мактабро ба ухда доштанд. Асрхои охир ахли Мактаб асосан аз шорехон, ноширон ва мухаррирони баъдинаи Арасту (машхуртаринаш Искандари Афродизи) иборат буд. Мактаби мазкур дар ташаккули акидахои афлотуниён, фойсогурасиён (пифагориён) ва равокиён накши муайян гузоштааст. Пайравони фалсафаи Арасту дар мамлакатхои Шарки Наздику Миёна бо номи ахли машшоия машхуранд. Мактаби Мегара, яке аз мактабхои фалсафии идеалистии Юнони Кадим. Унсурхои фалсафаи элсатхо ва суфистонён (софистхо)-ро бо этикаи Сукрот ба таври эклектики махлут месохт. Ибтидои асри 4 то м. дар Мегара аз тарафи Уклидус (Евклид, шогирди Сукрот) таъсис шуда, то асри 3 то м. вучуд дошт. Баъди Уклидус мутафаккирон ва файласуфон Евбулид, Диодор, Трасимах, Крон ва Стилпон нуктахои асосии мактабро инкишоф доданд. Ба акидаи намояндагони мактаби Мегара маърифати хасти факат ба туфайли мафхумхо мумкин аст. Шаходатн органхои хис боиси гумрохихост. Файласуфони ин Мактаб харакат, гуногунрангии олам, гузаштани тагйироти микдори ба сифати, ягонагии фарду хосро инкор мекарданд. Акидахои худро ба воситаи сафсата ва парадоксхо дар мубохиса бо мухолифонашон баён мекарданд. Раддияи ин сафсатаю парадоксхо ба тараккии диалектика ва мантики атика мусоидат кардааст. Мактаби Милет, аз кадимтарини таълимоти фалсафаи материалистист, ки асри 6 то м. дар ш. Милети Юнони Кадим пайдо шудааст. Файласуфони Милет (Фалес, Анаксимандр ва Анаксимен) дар асоси комёбихои маданияти Шарки Кадим (Миср, Финиция ва Бобулистон) аввалин фарзияхои астрономи, математики, физики ва биологиро дар Юнони Кадим пешниход кардаанд. Мактаби Милет оламро организми том дониста, байни зиндаю мурда, рухиёту табииёт фарк нагузоштааст. Мактаби Милет ба тараккии баъдинаи афкори илмию фалсафии Юнони Кадим ва Аврупои асрхои миёна таъсир расонидааст. Ба таълимоти мактаби Иония каробат дошт. Мактаби Падуя, мактаби рушдии Италия, мактаби фалсафаи асрхои 14—16, ки дар Италияи Шимоли ташаккул ёфтааст. Асосгузораш таргиботчии фалсафаи Арасту, фалсафаи араб ва илмхои табиатшиноси Пьетро д Абано (1257-1315) эътироф шудааст. Мактаби Падуя гояхои Ибни Рушд ва рушдияро дар бораи кадимии олам, назарияи «хакикати дугона», таълимот дар бораи зехн хамчун чавхари рухии мустаким идома дод. Ба акидаи ахли ин Мактаб одам махлук нест ва оламро бо дахолати куввахои фавкуттабии дарк менамояд; рухи фарди фонист. Онхо сабабнокии ходисоти оламро эътироф намуда муъчизотро рад мекарданд, ба пешрафти астрономия ва тиб диккати махсус медоданд. Намояндагони асосии мактаби Падуя Марсилийн Падуяги (байни 1275 —80 — 4343), Паоло Венето (1372—1429), Алессандро Акиллини (1463-1512), Элиа дель Медиго (1450—93) ва дигарон буданд. Мактаби Падуя асархои Арасту ва Ибни Рушдро тарчумаю нашр кард. Мактаби равоки , равокия, бузургтарин мактаби фалсафии Юнони Кадим. Дар давраи таназзули демократияи гуломдори дар афкор ва акидахои ахли чамъияти Юнон тагйироти амик ба амал омад. Мактаби равокия ифодакунандаи ин акидахо буд. Ба акидаи равокиён зиддият ва душворихои хаётро тавассути фаъолияти сиёси ва мубориза бархам задан имконнопазир аст, зеро фард кобил нест, ки ба сохти олами мавчуда ракобат кунад. Аз ин ру, вазифаи фалсафа аз ташхиси асли рафтори шахс иборат мебошад. Асосгузори ин Мактаб Зенони Китиони (336—264 то м.) буд. Дар давраи Хрисиппи Килики (281—205 то м.) равокия хамчун таълимоти том ташаккул ёфт. Равокия космополитизмро пеша карда, давлати чахониро орзу дошт. Баъзе равокиён баробарии умумии мардум, бархам задани моликияти хусуси, манъи пулро таргиб мекарданд. Дар таълимоти равокия фалсафа ба се фасл— физика, этика, мантик чудо мешуд. Барои равокиёни аввали баъзе тахминхои диалектики хос аст: онхо табдилу тагйири хаводис ва ашьёро эътироф мекарданд. Аммо ба логоси Гераклит маънои «рухи мутлакро нисбат медоданд ва фалсафаи онхо чанбаи казои (фаталиси) дошт. Назарияи маърифати равокияи ибтидои аз тамоюлоти материалисти холи нест. Чунончи, тасаввуротро хамчун накши ашьё дар рух мефахмиданд. Равокиён баъзе нуктахои мантикро таракки дода, мантикро бо илми баён (риторика) ва грамматика наздик мекарданд. Минбаъд тамоюлоти материалисти таназзул карда, мактаби равоки иртичоитарин чараёни фалсафаи идеалистии, чамъияти гуломдори гардид. Миёнаи асри 2 то м. гояхои равоки ба Рим рох ёфтанд. Дар инкишофи мактаби равокия дар Рим устоди равокиёни Рим Понецийи Родоси (185— 110 то м.) макоми махсус дошт. Ба кавли шогирди Понеций — Муцин Сцевола акидахои фалсафи бояд барои халк нихон бошанд. Дар байни омма бояд хурофот хукмфармо бошад, зеро гумрохии авом аз фонди холи нест. Акидаи шоирон, файласуфон ва хомиёни дин рочеъ ба худохо мухталиф аст. Аз таълимоти шоирон ва файласуфон дар бораи худо (таълимоти табии) бояд сарфи назар кард. Эътирофи дини давлати аз тарафи умум хатмист. Мактаби равокии Рим бо афлотуния каробат пайдо карда, комилан таълимоти иртичои, динию идеалисти гардид. Таълимоти намояндагони баъдинаи равокии Рим — Люций Анней Сенека (таваллуд байни соли 6 ва 3 то м.—вафот 65 м.), Эпиктет (такрибан 50 — такрибан 138) ва император Марк Аврелий Антонии (121—180)-ро рухияи ноумеди, эътикод ба кувваи такдир, нобовари, муросокори бо истисмор, зулми ичтимоию сиёси фаро гирифта буд. Равокияи баъдина шиддати муборизахои синфиро паст, «дустии» хамаи одамонро, сарфи назар аз мансубияти синфиашон таргиб карда, сохти гуломдориро хак мебаровард. Мактаби Франкфурт, мактаби фалсафа ва социологияи муосири немис. Солхои 30—40 асри 20 аз тарафи профессори М. Хоркхаймер (1895—1973) таъсис шудааст. Баъди хичрати Хоркхаймер ба ИМА дар Женева, Париж ва Университети Колумбияи ИМА интишор ёфт. Намояндагони асосиаш — Т. Адорно (1903—69), Г. Маркузе (1898—1979), Ю. Хабермас (тавваллуд 1929). Органи асосии Мактаб журнали «Zeitschrift fiir Sozialforschung» («Журнали тадкикотхои ичтимои», 1932—41) буд. Taхти «Назарияи танкиди чамъият» баъзе чихатхои таълимоти К. Марксро бо гояхои Г. Гегель ва 3. Фрейд (1856—1939) омехтани мешуд. Дар таълимоти мактаби Франкфурт масъалаи гайрият масъалаи асоси мегардад. Баъди Чанги дуюми чахони зиддиятхои байни пайравони Мактаб , алалхусус байни Э. Фромм (1900— 1980) ва Маркузе хеле тезутунд гардида, аксар намояндагони чавони мактаби Франкфурт аз гояхои ибтидоии он дур шуданд. Дар натичаи ин зиддиятхо ибтидои солхои 70 Мактаб пароканда шуд. Ба тараккии фалсафа ва социологияи гайримарксисти таъсир расондааст. Мактаби шотланди ё фалсафаи «акли солим», мактаби фалсафаи идеалисти, ки нимаи дуюми асри 18 рухони ва файласуфи шотланди Т. Рид (1710—1796) таъсис кардааст. Т. Рид дар асархои «Тадкикот доир ба нафси инсон тавассути акли солим» (1763) ва «Тачриба доир ба кобилияти фикри» (1785) бар зидди шаккокияи Д. Юм. ва идеализми субъективии Ч Беркли баромад, вале ба мавкеи материализм нагузашт. У ба туфайли «эътикод», «идроки бевосита» макоми эхсосотро дар маърифати олам рад карда, умуман бар зидди сенсуализм (аз чумла сенсуализми Ч. Локк) мебаромад. Ба акидаи Т. Рид, чараёни маърифати ашьё на ба эхсосот, балки ба маълумоти ибтидоии шуур асос ёфтааст. Гайр аз эхсосот идроки бевосита вучуд дорад, ки тавассути он дар бораи мавчудияти ашьё хулоса баровардан мумкин аст. Т. Рид мухокимахои ибтидоиро аз аксиомахои мантикию математики («хакконияти акли солим», «принципхои гариза», «принципхои эътикоди инсони» ва г.) чудо кардааст. Намояндагони мактаби шотланди — Ч. Битти (1735—1803), Ч. Освальд (вафот 1793) Д. Стюарт (1753—1827), У. Гамильтон (1788— 1858) ва дигарон таълимоти фалсафии Т. Ридро пайрави ва эътикод ба худоро гаризаю махвнопазир эълон кардаанд. Фалсафаи «акли солим» дуалистист. Дар катори эътирофи вокеияти объективи мавчудияти чавхари махсуси рухи ва идеяхои фитриро низ коил аст. Мактаби шотланди салафи бевоситаи утилитаризм ва прагматизм буд. Мактаби Элей, мактаби фалсафаи идеалистии охири асрхои 6—5 то м. Дар ш. Элейн чануби Италия аз тарафи Ксенофани Колофони (573 ё 565— 473 то м.) таъсис шудааст. Таълимоти Ксенофанро файласуф ва ходими сиёсии Элей Парменид (таваллуд 540 то м.) идома дод. Нуктахои асосии фалсафаи Элей дар асари Парменид «Дар бораи табиат» ифода шудаанд. Парменид тафаккурро ба дарки хисси мукобил мегузошт, фикр ва хастиро омехта, нестию халоъ ва дар ин асос харакатро инкор кард. Шогирд ва пайрави Парменид Зенони Элейн (таваллуд такрибан 500 то м.) таълимоти Парменидро инкишоф дод. Элеатхо идеологхои аристократияи иртичои, мухолифони материализму диалистикаи мактаби Милет ва Гераклит буданд. Таълимоти элеатхо якхела нест: дар таълимоти Ксенофан тамоюлоти материалисти мушохида мешуданд. Дар акидаи Парменид идеализм хукмфармо буд. Дар таълимоти Зенон чанбаи идеалистии фалсафаи элеатхо комилан ошкоро зохир гаштааст. Мелисс (асри 5 то м.) таълимоти Парменидро инкишоф дода, бар хилофи у оламро на танхо дар замон, балки дар макон низ беохир медонист. Акидахои идеалистии элеатхоро давомдихандагони анъанаи милетихо ва Гераклит — материалистони асри 5 рад карданд. Мактаби Элидаю Эретрия, мактаби фалсафаи идеалистии Юнони Кадим (асрхои 4—3 то м.), ки ба мактаби Мигара каробат дорад. Асосгузораш — шогирди Сукрот Федони Элиди. Дар ибтидо бо номи мактаби Элида маъмул гаштааст. Аз давраи Менедем (такрибан 352—278 то м.) ва Асклепиад шогирдони Стилпон номи мактаби Элидаю Эретримро гирифт. Таълифоти намояндагону пайравони Мактаб то замони мо боки намондааст. Ин Мактаб нисбат ба таълимоти мегарихо гояхои тоза дохил накардааст. Ба акидаи пайравони Мактаб хосияти умумии ашьё мустакил вучуд надошта, балки дар ашьёи алохидан конкрети зохир мегарданд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …