Маълумоти охирин
Главная / Илм / Макон ва замон

Макон ва замон

МАКОН ВА ЗАМОН, шаклхои асоси ва умумии мавчудияти материя. Макон ва 3амон ба таври объективи вучуд дошта, даркшаванда ва дорои хусусиятхои умуми мебошанд, ки хосияти сеченакии чисмхо, чойивазкунин онхо, фосилаи байни чисмхо ва лахзахои мухталифи процессхо ва падидахо ва нихоят муносибатн макониву замониро ифода мекунанд. Дар халли ин масъала ду назарияи асоси — чавхари ва нисби (реляциони) таърихан ташаккул ва инкишоф ёфтаанд, ки онхо аз чигунагии халли масъалаи муносибати макониву замоии ва чисмхои одами модди муайян мешаванд. Тарафдорони назарияи чавхари муътакиданд, ки Макон ва 3амон хамчун шаклн мустакили чавхари новобаста аз материя вучуд дошта метавонанд, тарафдорони назарияи нисби бошад Макон ва 3амонро хосияти чудонашавандаи материя медонанд. Ба гайр аз ин 3амон ба таври статики (хамаи падидахои гузашта, хозора ва ояндаи табиат реалианд)  ва динамики (факат падидахои хозираи табиатро реали медонад) низ тавсиф шудааст.

soat_vaqt

Тасаввуроти Макон ва 3амон дар илму фалсафаи атика ва асрхои миёна. Дарки муносибати замониву макони зимни тачрибаи истехсоли модди кабл аз ташаккули таълимоти фалсафию табиатшиноси шуруъ шуда буд. Хануз Дар давраи кадим илмхои нучум, физика, риёзиёт ва гайра ин масъаларо ба таври гуногун таъбиру таъвил мекарданд. Баъдтар тасаввуроти чавхарии маконро мактаби атомистии Юнони Кадим инкишоф дода, онро бо халоъ яксон донист. Лукреций назарияи мактаби атомистиро хулоса намуда, рочеъ ба алокаи ашьёю ходисаву замон тахкикотп муайян анчом дод. Арасту бошад мачмуи акидахои мавчударо чамъбаст намуд ва дар китоби 4-уми «Физика»-и худ мафхумхои халоъ, 3акон ва 3амонро тахлил намуда, охириро хамчун худуди чисм муайян кард, онро аз материя, шакл ва фосилаи байнн чисмхо фарк кард.

Мутафаккирони асрхои миёнаи Шарк чихатхои рацноналистии таълимоти фалсафии ахди кадимро дар бораи Макон ва 3амон хифз намуда, онро дар заминаи таркиби эчодии анъанахои илми давом доданд. Онхо объективияти макон ва харакатн чисмхоро дар он эътироф намуда, замонро микдори харакат донистаанд.

Мас., ба акидаи Ибни Сино макони хар як чисм ба хачмаш баробар аст. Азбаски чисмхо се андоза доранд, макон низ сохиби се абъод — арз, тул умк аст. Мувофики акидаи мутафаккир дар як макон факат як чисм чойгир мешавад. У алокамандии харакату замону маконро таъкид намуда, замонро азали, кадим, беибтидо ва таксимпазир медонад. Дар ин бора у дар «Китоб-ул-ишорот ва-т-танбехот» навиштааст: «агар харакат номункасим бувад, масофат, ки харакат дар вай аст, хам номункасим бувад ва баён кардем, ки масофат абадан мункасим аст. Пас, харакат мункасим бувад ва чун харакат мункасим бувад, замон низ мункасим бувад».

Таълимоти мутафаккирони Шарки Наздик ва Миёна таъсири муфидо ба ташаккули тамоюлхои материалистии асрхои миёнаи Аврупо расонид. Роли таълимоти намояндагони мактаби машшоъ ба Ибни Рушд ва пайравони у дар мубориза ба мукобили теологияи ортодоксали ва томизм, илхом бахшид, ки он баъдан барои Эхёи Гарб замина ва сарвати маънави ба шумор мерафт.

Тасаввуроти Макон ва 3амон дар асрхои 17—19. Танкиди акидаи арастуии пайдоиши олам ва космологияи Батлимус (Птолемей) дар ахди Чадид ба тачдиди назар рочеъ ба масъалаи макону замон овард. Ба ин тачдиди назар баъзе таълимотхои рационалистии ахди гузашта ва тасаввури наве, ки зимни натичаи пешрафти илм ва инкишофи назарияхои гуногун дар бораи падидахои олам заминаи асоси ба шумор мерафт. Аввал ин ки таълимоти Фороби, Беруни ва дигар мутафаккирони Шарк оид ба яксонии физикии падидахои заминиву осмони (улвию сифли) ба тасаввуроти беинтихоии замон асос гузошта буд; дуюм, муносибати Макон ва 3амонии чисмхо дар ахди Чадид а ахмияти хосса пайдо кард; сеюм, як катор тасаввуроти геометрияи мушохидави дар боби Макон ва 3амон ташаккул ёфтанд ва чахорум, муносибати мантикию математики ба ин категорияхо пайдо шуда буд. Дар ин давр дар бораи объектпвияти Макон ва 3амон бахс давом дошт.

Р. Декарт, Т. Гоббс, Б. Спиноза, Члокк назарияи статикии замонро танкид кунанд хам онро хамчун падидаи физики ё психикии субъект медонистанд. Дар чунин шароит таълимоти Ньютон дар боби объективияти Макон ва 3амон ва чори намудани ин категорияхо дар системаи мафхумхои асосии илми физика муваффакияти мухими афкори илмии ахди Чадид ба шумор мерафт. Г. Лейбниц бошад тахкики амиктари худро дар хамин замина инкишоф дод, вале аз сабаби чихатхои идеалистии таълимоташ назари у мавриди истифодаи табиатшиносон карор нагирифт.

Классикони марксизм ба таври диалектики комёбихои илмиро чамъбаст намуданд ва мафхумхои Макон ва 3амонро ба таври материалисти муайян карданд (таълимоти идеалистии ин мафхумхоро Г. Гегель муайян карда буд) ва назари сифатаи нави мантикию методологии дарки Макон ва 3амонро ба вучуд оварданд. Дар ин бора Ф. Энгельс навиштааст: «Табиист ки хар дуи ин шакли мавчудияти материя бидуни материя мохияте надоранд ва факат тасаввурот ва абстракцияе дар майнаи мо мебошанд» (Маркс К. и Энгельс Ф., Соч., т. 20, стр. 550). Ин акидаро баъдан назарияи умумии нисбият комилан тасдик кард.

Масъалахои Макон ва 3амон дар асри 20. Дар охири асри 19 ва аввали асри 20 дар сохаи физика револютсияи илми ба вучуд омад, ки дар натичаи он методологияи метафизикии пештара ба методологияи диалектикию материалисти иваз шуд. Ахамияти масъалаи Макон ва 3амон дар асари В. И. Ленин «Материализм ва эмпириокритицизм») равшан нишон дода шудааст. В. И. Ленин норасоии принципиалии фахмиши идеалистии Макон ва 3амонро нишон дода, на факат объективи, умуми ва даркшаванда будани Макон ва 3амонро кайд кард, балки ногузирии тагйири мазмуни ин мафхумхоро дар сохахои алохидаи илмхо нишон дод.

Аз чумлаи кашфиётхои умдае, ки мазмуни асосии револютсияи физикаи асри 20-ро ташкил медихад, назарияи чузъии нисбияти А. Эйнштейн мебошад, ки аз бисьёр чихат фахмиши Макон ва 3амонро тагйир дод. Дар ин назария бо рохи математики тавассути истилохи муттасили робитаи мутакобилаи метрикии Макон ва 3амон ифода ёфт; бо худ мафхуми «хамзамони» мазмуни нави физики гирифт. Назарияи умумии нисбият ба фахмиши Макон ва 3амон тагйироти боз хам чиддитар дохил намуд. Ба акидаи А. Эйнштейн «хосиятхои геометрии макон мустакил нестанд, онхо ба материя вобастаанд». Халли муодилахои назарияи умумии нисбият масъалаи качиии макон (фазо), беинтихоии он, снигулярияти Макон ва 3амонро ба тарзи нав ба миён гузошт. Бисьёр масъалахо дар ин соха мавриди тахкики физикаи муосир карор гирифтанд. Барои муайян намудани геометрияи олами реали тадкикоти А. А. Фридман, ки у модели Коиноти васеъшавандаро (баъдан ин ходиса аз тарафи Хаббл кашф шуд) пешниход намудааст, ахамияти мухим дорад.

Дар ибтидои асри 20 масъалахои аз чихати назарияви асоснок намудани хосияти сеченакии макон ва мурури замон мавриди тахкик карор гирифта буд. Бахсу мунозира байнн тарафдорони таълимоти динамики ва статики давом дошта диалектикаи робитаи мутакобилаи хусусиятхои муттасили ва мунфасилии Макон ва 3амон низ мавриди маърифат карор гирифт.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …