Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Мактаби усули чадид

Мактаби усули чадид

МАКТАБИ УСУЛИ ЧАДИД – навъи мактаб, ки бар хилофи мактаби кухнаи динии мусулмони ба чуз улуми дини рочеъ ба забони модари, таърих, арифметика, география, табииёт ва гайра маълумот медод. Мактаби усули чадид баъди ба Россия хамрох шудани Осиёи Миёна ва кушодани мактабхои руси дар шахрхои собик кишвари Туркистон ва шиносоии одамони тараккипарвар бо хаёти Россия ва Аврупои Гapби дар ибтидои асри 20 таъсис ёфт. Хукумати подшохи ба саводнок кардани халкхои махалли манфиатдор набуд, аммо зиёиёни пешкадам, ки пешравии халки худ ва бахту саодати онро аз инкишофи илму хунар медонистанд, аз паи кушодани Мактаби усули Чадид шуданд. Мактаби усули Чадиди Осиёи Миёна аз Мактаби усули Чадиди Эрон, Миср, Туркия Крим, Тотористон ва гайра, ки охири асри 19 ба вучуд омада буд, ибрат гирифтааст.

Мактабхои кадимаи мусалмони
Мактабхои кадимаи мусалмони

Хукумати амири бо маслихати рухониёни чохил ба кушодани ин мактаб монеъ мешуд, маблаг чудо намекард, бинобар ин ташаббускорон Мактаби усули чадидро ё аз маблаги шахсии худ ва ё аз хонаи «чамъияти хайрия» мекушоданд, фарзандони камбагалон аз хисоби хона ва фарзандони давлатмандон аз хисоби худ мехонданд. Маърифатпарварон дар масъалаи ёрии модди ба ахли савдо ва саноат умед мебастанд. Баъзе аз сарватмандон дар назди заводу фабрикаи худ Мактаби усули чадид мекушоданд, зеро ба онхо хизматчиён ва коргарони босавод лозим буданд. Соли 1889 дар назди заводи пахтаи Андичон актаби усули чадид  кушода шуд. Дар Бухоро бори аввал соли 1900 дар гузари Пустиндузон Мулло Курабон Мактаби усули чадид  кушод. Аммо бинобар тарафдорон надоштан он баста шуд. Аввалин Мактаби усули чадид  дар Тошкент соли 1900 ва дар Самарканд соли 1903 (бо ташаббуси Абдулкодири Шакури ва Сиддикии Ачзи) ташкил ёфт. Соли 1907 дар Бухоро Мактаби усули чадид и тотори кушода шуд, ки баъдтар бачахои точику узбекро кабул мекард. Соли 1908 дар хавлии Абдулвохиди Мунзим Мактаби усули чадид таъсис шуд, ки ташкилотчиёни он С. Айнй ва худи Мунзим буданд.

Рухониёни иртичои ва пайравони онхо ба Мактаби усули чадид мукобил баромаданд, онро харом ва гайришаръи эълон карданд. Дар атрофи Мактаби усули чадид мунозира ба вучуд омад. Маърифатпарварон харом набудан ва афзалият доштани онро исбот ва дарсу имтихонхои намунави ташкил мекарданд. Ба ин муносибат «Мунозира» ном повести Абдурауфи Фитрат (1909), «Мудофиа» ном шеъри Тошхочаи Асири (1912), «Мактаби кухна, мактаби нав» ном песаи Хочи Муни (1914) ва як силсила шеърхои Ачзи, Айни ва Мунзим навишта шудаанд. Соли 1911 дар кишвари Туркистон 68 Мактаби усули чадид буд, ки дар онхо 4106 талаба мехонд. Аз чумла дар худуди Точикистони имруза — собик уезди Хучанд ва волостхои Панчакент, Конибодом ва Исфара 7 Мактаби усули чадид буд. Мактаби усули чадид чорсола ва дар баъзе шахрхо, аз чумла дар Тошкент, шашсола ва дар хукми мактаби ибтидои буд. Хафтае 25 соат дарс мегузашт, ки аксарият аз таълими дин иборат буд. Системаи синф чори шуда буд, ки ин аз усули мактаби кухна афзалмият дошт. Китоби алифбои Мактаби усули чадид «Рохбари савод»-ро бори аввал А. Шакури ва баъд Исматулло Рахматуллозода бо номи «Рохбари мактаб» (1913), китоби кироати умумиро бо номи «Тахзиб-ус-сибиён» (1909) С. Айни, китоби кироати адабиро бо номи «Чомеъ-ул-хикоёт» (1911) ва «Зубдат-ул-ашъор» (1907) А. Шакури ва китоби «Тартил-ул- куръон»-ро Сиддикии Ачзи навиштаанд. Китобхои дарсии хисоб дар асоси китобхои дарсии руси тартиб дода мешуданд. Баъзе хатмкунандагони Мактаби усули чадид дар аввалхои Револютсияи Октябр хамчун ходимони сиёси ва мадани хизмат кардаанд.

Мактаби усули чадид назар ба мактаби кухнаи динии дар боби усули таълим ва тарбия кадаме ба пеш буд. Синфхои хукмрон ва буржуазияи навхези махалли ин чихати онро истифода бурданд ва дар он барои худ хизматчиён тайёр кунонданд. Ин мактаб низ бештар акида ва ахлоки дини таълим медод ва пурра дуняви набуд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …