Маълумоти охирин

Мали

МалиМАЛИ – Чумхурии Мали (Hepubligue du Mali), давлат дар Африкаи Гарби. Мали дар Гарб бо Сенегал, дар Шимол бо Мавритания ва Алчазоир, дар шарк бо Нигер, дар Чануб бо Вольтаи Боло, Сохили Оч ва Гвинея хамсархад аст. Масохаташ 1,24 миллион километри мураббаъ. Ахолиаш 19 миллион нафар дар соли 2017 аст, ки афзоишаш дар 30 соли охир ба 200% баробар аст. Пойтахташ ш. Бамако. Аз чихати маъмури ба 7 вилоят таксим шудааст. Бамако округи алохида аст.

Сохти давлати.

Мали— республика аст. Сардори давлат ва хукумат—президент; то 28 июни 1979 хокимият дар дасти Комнтети харбии озодии милли (ЮфМ) буд. Органи конунбарор — Мачлиси милли (бори нахуст 19 июни 1979 интихоб гардид). Солхои 2012, 1991, 1985 тагйирот дар сохтори рохбарикунандаи кишвар ба вукуъ пайвастааст.

Табиат.

Рельефи Мали асосан хамвор. Пуштакуххои регсанг (баландиашон 200—500 м.) дорад, ки то баландии Бандиагара (791 м.) тул кашидаанд. Дар Гарб ва Чануби. Гарб шохахои массиви кухии Фут-Чалдон (баландиашон 795 м) ва Шимолу Шаркии пуштакухи Ифорас вокеанд. Сарватхои зеризамини: тилло, алмос, боксит, маъданхои полиметалли, уран, манган, охан, молибден, мис, фосфорит, гач. Иклими кисми шимолии Мали тропики, биёбонист. Харораташ нимаи декабри 21,3° С, июль 34’* С. Боришоти солона 50— 200 мм. Иклимаш субэкваторист. Харораташ нимаи декабр 24”С, май 32,7е С. Боришоти солона 500—1000 мм. Мавсими боронгари — июл—октябр Дарёхои калон: Нигер ва Сенегал. Олами набототи Мали асосан биёбони ва нимбиёбони, дар Г.—саванна. Олами хайвонот: оху, газол, фил, заррофа, кафтор, гуроз, шер, бабр, шагол ва г. Дар дарёю кулхо мохи, тимсох ва дар д. Нигер ва сохили он бахмут бисьёранд. Парранда: лойхурак, коз, мургоби, турна, лаклак, баклан ва г. Аз хашарот мурча, занбури асал ва хомушак васеъ пахн шудааст.

Мали дар Харита

Ахоли. Дар Мали халкхои мандезабон (бамбара, малинке, соннике, дуала, сану), халкхои мансуби оилаи забонхои гур (сенуфо, догон, бобо, моей) ва атлантия (фулбе, волоф), соинанхо, дар Сахрои Кабир туарегхо ва арабхо зиндагй мекунанд. Забони расми — фаронсави. Кисми зиёди ахолии махалли ба забони бамбари гап мезанад. Ахоли – мусулмон ва пайрави дину оини махаллианд. Зичии ахоли дар 1 км. 8 нафар (2017с). Зиёда аз 70% ахоли дар водии д. Нигер зиндаги мекунанд. Шахрхои калон: Бамако, Мопти, Сегу, Каес, Сикасо, Гао, Томбукту.

Очерки таърихи.

Таърихи кадими Мали пурра омухта нашудааст. Асрхои миёна дар худуди Мали (Африкаи Гapби) аввалин давлатхо ба вучуд омаданд, ки калонтарини онхо давлати Гана, Мали ва Сонган буданд. Дар ин давлатхо дар баробари сохти общинаги муносибатхои феодали ташаккул ёфтанд. Дар нимаи дуюми асри 19 нохияхои марказии Африкаи Гapбиро Фаронса забт намуда, ба мустамликаи худ табдил дод. Халки махалли дар poхи истиклолияти худ мардонавор мубориза мебурд. Бар зидди истилогарон туарегхо муборизаи сахт (1915—18) мебурданд. Баъди Чанги дуюми чахони харакати зидди мустамликадорон авч гирифт.

Парчами Мали
Парчами Мали

Соли 1946 дар Бамако конгресси муасисони Иттиходияи демократии Африка барпо гардид ва Иттифоки Судон ташкил шуд. Ташкилотхои касаба таъсис ва харакатхои корпартои вусъат ёфтанд. Мувофики конституцияи нави Франция 28 сентябри 1958 Судони франсави бо номи Республикаи Судон ба статуси давлати — аъзоии Иттифоки Франция ноил шуд. Соли 1959 Республикаи Судон ва Рсспубликаи Сенегал ба федерацияи Мали муттахид гардиданд. Баъди аз федерасия баромадани Сенегал Съезди фавкулодаи Иттифоки Судон ташкил ёфтани Республикаи Малин сохибихтиёрро (22 сентябри 1960) эълон кард. Хукумати Мали барои мустахкам намудани истиклолияти сиёси ва иктисодии мамлакат тадбирхо андешид. Соли 1961 базахои харбии Франция, ки дар Мали буданд, бархам дода шуданд. Дар саноат сектори давлати ташкил ва хочагии кишлок кооперативонида, фаъолияти монополияи хоричи махдуд карда шуд. Барои навсозии маорифи халк ва нигахдории тандурусти низ тадбирхо кабул карда, ба хаёт гузарониданд. Октябри 1960 бо Иттифоки шуърави муносибатхои дипломати ба рох монда шуд, марти 1961 доир ба хамкории иктисоди ва тичорати, робитахои мадани ва гайра шартнома ба имзо расид. 19 ноябри 1968 дар Мали табаддулоти харби ба вукуъ омад. Комитети харбии озодии милли ташкил ёфт. Иттифоки Судон ва дигар ташкилотхои чамъияти пароканда карда шуданд. Сарварони Комитети харбии озодии милли изхор намуданд, ки принсипхои асосии сиёсати беруни, тараккиёти иктисодиёти милли тагйир нахохад ёфт. Мали дар солхои охир низ сиёсати зиддиимпериалисти, зиддимустамликадори ва принципи бетарафиро давом медихад. Мали аз соли 1960 аъзои ТДМ.

Хочаги

mali_bamakoМали— мамлакати аграри. Баъди ба истиклолият сохиб шудан дар саноат, хочагии кишлок, наклиёт ва гайра сектори давлати хеле инкишоф ёфт. Дар хочагии халк плани давлати чори карда шуд. 80% ахоли дар хочагии кишлок кор мекунад. Xочагии кишлок 45% махсулоти умумии миллиро медихад. Зироати нохияхои камбориш бо рохи сунъи обёри мешавад. Заминхои оби асосан дар «Оффис дю Нижер» вокеанд. Дар солхои истиклолият хочагихои давлати ташкил ёфтанд, ки дар онхо асосан шоли, лаблабу ва найшакар кишт мекунанд. Заминдории общинаги бартари дорад. Арзан, чойчувори, шоли, чуворимакка, батат, ямс парвариш карда мешавад. Богдори (анба, напайя, растанихои цитруси) ва сабзавоткори таракки кардааст. Мали яке аз давлатхои калони чорводории Африкаи Гарби мебошад. Мали соли 1977 (ба хисоби млн. cap) 5,0—гов, 11,7 — бузу гусфанд дошт. Мохигири инкишоф ёфтааст.

Саноати Мали баъди ба даст овардани истиклолият ру ба таракки ниход. Дар соли 1978 ичрои плани панчсолаи тараккиёти иктисоди ва ичтимои (солхои 1974—78) ба анчом расид. Аз чихати хачми истехсолот дар мамлакат саноати сабук (бофандаги, чарму пойафзол, тамоку) дар чои 1-ум, истехсоли масолехи бинокори (заводхои хишт, сафолиёт ва заводи цемент, ки соли 1969 бо ёрии Иттифоки Шуърави дар Диаму сохта шудааст) дар чои 2-юм, саноати хуроквори (шоликуби, равганкаши, канд, консерв ва гайра) дар чои 3-юм меистад. Истихрочи сарватхои зеризамини идома дорад (охаксанг, боксит, мармар, маъдани охан, тилло ва г.). Косиби таракки кардааст. Истехсоли миёнаи солонаи кувваи электр 75—85 млн. квт. с Тули рохи охан 645 км. Дарёхои Нигер ва Сенегал киштигард. Аэропортхо дар шахрхои Бамако (байналхалки), Гао, Гундаме, Сегу, Мопти, Каес хастанд. Мали ба хорича пахта, чорво, чарм, чормаги замини ва мохи мебарорад. Аз хорича озукавори, мошин, тачхизот, сузишвори, автомобил ва г. мегирад. Мали асосан бо Франция, Сенегал, Сохили ОЧ, Гана, Япопия ва СССР савдо мекунад. Вохиди пул — франки Мали.

Нигахдории тандурусти

Солхои 1970 ба 1000 нафар ахоли ба хисоби миёна 49,8 таваллуд, 26,6 фавт, ба 1000 нафар кудаки навзод 120,0 нафар фавт рост омад. Сабаби асосии фавт: варача, касалихои меъдаю руда. Дар дехот касалихои махав, трахома пахн шуда буданд. Солхои хафтодум дар Мали 114 беморхонаи дорои 3,7 хазор кат (0,7 кат ба 1 хазор нафар), 9 поликлиника, 294 амбулатория буд. Соли 1972 –юм 140 духтур (1 духтур ба 40 хазор нафар) кор мекард. Коркунони миёнан тибби дар 3 мактаб, духтурон дар хорича (Сенегал, Франция, СССР) тайёр карда мешаванд.

Маориф

ш. Бамако - Пойтахти Мали
Бамако – Пойтахти Мали

То давраи истиклолият 97,8% ахоли бесавод буд. Дар солхои истиклолият ислохоти мактаб гузаронда шуд. Барои 4 забони асосии мамлакат алифбо тартиб доданд. Мактаби асосии бепул ва хатми (мактаби миёнаи 9-сола), мактаби пулакии 3-сола, системаи маълумоти касби мавчуданд. Соли тахсил 1972/73 300 хазор талаба буд. Мали мактаби оли, мактаби олии педагоги, мактаби олии маъмури, институти политехники ва гайра дорад. Дар ибтидои солхои 70 такрибан 15000 донишчу мехонд.

Мали 7 китобхона, музеи милли, китобхонаи муниципали, Музеи марказии адабиёти араб (дар Томбукту) дар соли 1980 дошт.

Нашрияхои асосии даври: «Эссор» (газетаи харруза, аз соли 1948; органи Комитети харбии озодии милли), «Кибару» (газетаи мохона ба забони бамбари), «Бараколла» (газетаи хармоха, органи Иттифоки миллии мехнаткашон). «Журнал офисел дела Репюблик дю Мали» (органи хукумати), Радиои давлати (таъсисаш 1957) барномахояшро ба забонхои франсави, фулбе, бамбари, тамашек ва г. мешунавонад.

Адабиёт: Гауссу Диавара.. Рождение Мали, .М., 1965; Коцдpатьев Г. С., Путь Мали к независимости, М., 1970; Редченко Г. Ф., Республика Мали, М.. 1969.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …