Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Маданияти Археологи

Маданияти Археологи

МАДАНИЯТИ АРХЕОЛОГИ, истилох барои ифодаи умумияти ёдгорихои археологии мансуби як давра, ки хусусиятхои махалли дошта, дар худуди муайян чойгиранд. Ба Маданияти археологи одатан аз руи ягон аломати шакл ё ороиши зарфхои сафоли, зебу зинатхо (мас., маданияти мегалити), урфу одати дафнкуни (мас., маданияти Ямная) ва ё номи махалле, ки дар он бори аввал ёдгорихои хоси ин маданият ёфт шудаанд, ном мениханд (мас., маданияти Хисор, маданияти Вахш, маданияти Истаравшан ва г.).

Куза

Маданияти археологи бештар ба гуруххои муайяни ахолии кадим, аз чумла гуруххои этники мансуб аст. Баъзан Маданияти археологиро аз руи сарчашмахои хатти ба кабилахои муайян алокаманд кардан мумкин аст. Вале монандии унсурхои маданияти модди на хама вакт умумияти этники ё пайдоиши умумиро инъикос менемоянд. Дар шароити якхелаи ичтимои ва географи хаст ва маданияти моддии кабилахои гуногун бо якдигар монанд шуда метавонанд. Баъзе унсурхои маданият дар натичаи пахн шудани гоя ва хичрати халке, ки дорои ин маданият аст, метавонанд аз чониби халки дигар пазируфта шавад.

Агар пайдоиш, пахншави ва бархамхурии Маданияти археологи омухта шавад, таърихи кабилахо ва халкхоро то замони ба вучуд омадани манбаъхои хатти муайян кардан имконпазир мегардад.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …