Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / Мануфактура

Мануфактура

МАНУФАКТУРА (аз забони лотини «manufacture», яъне аз «manus» — даст ва «factura» — тайёр кардан), корхонаи капиталисти буда, ба таксимоти мехнат ва хунари дасти асос ёфтааст; давраи дуюми тараккиёти саноати капиталистист, ки пеш аз давраи истехсолоти мошини чой дошт. Мануфактура дар миёнахои асри 16 пайдо шуда, то охири асри 18 вучуд дошт. Чихати хоси шакли ибтидоиву оддитарини Мануфактура ин буд, ки мехнаткашони дар хона коркунандаро капитали тичорати истисмор мекард. Зинаи дигари истехсолоти мануфактури Мануфактураи марказиятноке буда, он чо кортарони кироя кор мекарданд.

Мануфактура

Мануфактура бо ду рох пайдо шудааст:

дар корхонаи умуми коргарони гуногун чамъ омада, хамаи раванди тайёр кардани махсулотро пай дар хам ба чо меоваранд;
дар корхона хунармандони як касби муайян чамъ меомаданд.

Мануфактураи капиталисти барои истехсолоти калони капиталисти замина фарохам овард, ба таксимоти минбаъдаи мехнат сабаб шуд, бисёр корхои мехнатталабро сабук гардонд, олоти мехнатро такмил дод, барои гузапгган ба истехсолоти калони мошини кадрхо тайёр кард. Таксимоти мехнат дар шароити истехсолоти мануфактури, аз як тараф, хосилнокии онро зиёд карда бошад, аз тарафи дигар, коргарро бо як навъи муайяни кор побанд намуда, боиси сахт истисмор шудани он гардид. Мануфактура ба чамъ шудани воситахои истехсолот дар дасти капиталистон мусоидат намуда, боиси хонавайронии оммаи асосии хунармандон гардид.

Мануфактура дар Россия нимаи дуюми асри 17 ва аввали асри 19 пайдо шуд. Чихати хоси Мануфактураи рус ин буд, ки вай дар шароити хукмронии муносибатхои феодали-крепостнои ривоч меёфт. Аввалин Мануфактурахо дар он сохахои саноат (намак, арак ва истехсоли спирт) ба вучуд омаданд, ки махсулоташон дар бозорхои дохили ва хоричи ба таври фаровон фурухта мешуданд. Дар ин Мануфактурахо асосан муносибатхои капиталисти чой доштанд. Кисми зиёди Мануфактурахо бо ёрии фаъолонаи давлат ба вучуд омад. То галабаи Револютсии Кабири Социалистии Октябр дар шароити иктисодиёти бисьёрукладаи Россия Мануфактура ахамияти калон дошт. Мануфактура баъди галабаи Револютсияи Октябр бархам хурд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …