Маълумоти охирин

Маишат

МАИШАТ, тарзи зиндагии рузмарра, дар социология фаъолияти ичтимоии гайриистехсолиеро меноманд, ки аз мачмуи талаботи моддии одамон ба хурок, пушок, манзил, тандурусти ва гайра иборат буда, азхуд намудани неъматхои маънави, тарзи муносибати одамон, ташкили истирохат ва гайра максади он мебошад. Маишатро ба забони руси «Удовольствие» ва Англиси «Pleasure» мегуянд.

Маишат чамъияти ва шахси мешавад. Маишат ба сохахои мухталифи хаёти ичтимои, аз чумла мехнат, рухия ва рафтори одамон таъсир мерасонад Маишат ва воситаи конеъ гардондани талаботи маиширо тарзи истехсолот муайян мекунад. Гайр аз ин маросим, анъана, одат, тафовутхои синфи, фарки байнн шахру кишлок, мавкеи зан дар чамъият, тафовути милли, идеология ва маданияти чамъият ба Маишат таъсир мерасонанд.

maishat_zan_mard_bahr

Шакли мухими ташкили Маишати шахси оила мебошад. Дар чамъияти социалисти Маишати мехнаткашон якчоя бо афзоиши истехсолоти моддию маънави бехтар мегардад; некуахволии модди ва дарачаи маданияти халк торафт меафзояд. Дар барномаи КПСС кайд шудааст; «КПСС вазифаи дорои ахамияти умумичахонии таърихи мегузорад, ки дар Иттифоки Совети дарачаи назар ба хар мамлакати капитализм баландтари зиндагони таъмин карда шавад». (сах- 87).

Мувофики барномаи таракккиёти хочагии халкки СССР маблаггузории давлати барои сохтмони манзилгох, бехбудии симои шахру дехот, васеъ кардани шабакаи касалхонахо, муассисахои бачагона, китобхона, клубхо, хонахои истирохати ва сапаторияхо мунтазам меафзояд. Масъалаи инкишофн минбаъдаи хизмати маиши, бо техникаи навтарин мусаллах намудани он пешбини шудааст. Маишати зиёддилхох нафарро метонад ба шахси зараровар мубаддал гардонад ва одаме, ки бе маиашти кифояги зиндаги мекунад пас ба бемори ва камбудихои зиёд дучор мешавад.  Мафхуми маишатро асосан мардуми одди хамчун «Рохат кардан» ва ё «Дам гирифтан» дар назар доранд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …