Маълумоти охирин

Мактаби Адаби

Мактаби Адаби, истилохи «Мактаби адаби» дар адабиётшиносии точик ба ду маъни истифода мешавад: Як гурухи нависандагоне, ки умумияти таърихию чугрофи ва каробати услуби доранд. Mac., Мактаби адаби Хирот, ки дар нимаи дуюми асри 15 бо сарварии Чоми ва Навои ташаккул ёфт. Бо такозои мухити таърихи байни шоирони ин давра аз чихати муносибат ба анъанахо, майлхои гояви, мазмуни шеър, истифодаи шаклхои адаби умумияти кави дида мешавад. Онро дар киёси дигар худудхои чугрофии инкишофи адабиёт доираи адаби (хавзаи адаби) низ гуфтаанд. Эчодиёти нависандаи барчастаест, ки асархои у дар адабиёт равиши тозае ба вучуд оварда бошад. Дар адабиёти точик Мактаби адабии Бедил мавчуд аст, ки бо таъсири эчодиёти у ба миён омада, то ибтидои асри 20 давом кард, (ниг. Мактаби Бедил).

Сурати Садриддин Айни ва Бобочон Гаффуров

Эчодиёти Айни низ дар насри муосири точик Мактаби адабиро ба вучуд овард. Аксаран баъзе чихатхои услуб ва шакли эчодиёти намояндагони як Мактаби адаби ба хамдигар монанд мешаванд. Мактаби адаби ба маънои васеъ принципи муайяни эчодист, ки эчодиёти нависанда дар асоси он инкишоф меёбад.

Х. Шарифов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …