Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЗАРДОЛУИ АБДУХОЛИКИ

ЗАРДОЛУИ АБДУХОЛИКИ

АБДУХОЛИКИ, навъе аз зардолухои махалли. Дарахташ зудсабз (7 – 11 метр кад мекашад), сершоху барг (кутри пояаш 130 сантиметр), навдахояш гафси сурхча. Баргаш дилшакли нугтез, дандонадор, сабзи баланд.Аввали апрел гул карда, мевааш охири июл мепазад.

АБДУХОЛИКИМевааш калон-калон (вазнаш андаряк 40 – 45 грамм), байзашакл, зарди кушод (тобиши сурхча дорад), пусташ нафису пашмакдор, гушташ хамираки сершира ва хуштамъ; донакаш ка­лон, пахн, пурра. магзаш ширин. Дарахташ дарозумр буда, 90-110 сол месабзад. Аз як бехи 95-солааш 68 килограмм мева гундоштан мумкин аст. Хосилашро тар мехуранд, мехушконанд ва аштак мекунанд.

Дар вакти тайёр кардани аштак донаки зардолуро аз тарафи думчааш бароварда, ба чояш магзи бирён чой мекунанд ва ба ресмон хамел карда мехушконанд (45 – 47% гулинг ва 27 – 28 % аштак хосил мешавад). Абдухолики дар заминхои санглоху нишебихо хуб месабзад. Асосан дар дехаи Оббурдани нохияи Кухистони Мастчох меруяд. Дарахтони чудогонаашро дар дехахои Реомутк ва Пастигав низ дучор омадан мумкин. Дарахташ ба сармо ва камоби тобовар аст. Бештар аз хашарот ва касалихои занбуруги зарар мебинад.

Адабиёт: Плодовые Среднего Таджикистана. Ленинград, 1935;Костина К. Ф., Абрикос, Москва, 1936.

Ф. Урунов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.