Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Вилояти ТОШКЕНТ

Вилояти ТОШКЕНТ

ТОШКЕНТ, вилоятест дар хайати Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон 15 январи 1938 таъсис ёфтааст. Масохаташ 15,6 хазор км3. Ахолиаш 3956 хазор нафар (1984), ахолии шахри 70,2%. Вилоят 13 район ва 16 шахр дорад. Марказаш шахри Тошкент.

450px-tashkent_districts
Кисми зиёди худудаш аз хамворихои наздикухи иборат буда, сатхаш ба суи Сирдарё паст шуда меравад, дар шимол ва шимолу шарки вилоят куххои Тиёншони Гарби вокеанд. Иклимаш континенти, зимистонаш нисбатан гарм, тобистонаш хушки нарм. Харорати миёнаи январ —1оС, июл 27оС. Боришоти солона 250 мм, дар куххо то 500 мм. Дарёхо — Сир, Чирчик, Охангарон, каналхо — ба номи Моргуненков, Дилварзин, Тошкент, обанбори Чорвок. Дар дарёи Чирчик силсилаи стансияхои электрии оби кор мекунанд. Инчунин стансияхои давлатии электрии райони (ГРЭС)-и Ангрен ва Тошкент, Маркази электру гармидихи (ТЭЦ)-и Тошкент ва гайра сохта шудаанд. Саноати истихрочи маъдани кухи (металлхои ранга, ангишти бур ва гайра), мошинсози, химия, металлургия, бофандаги, хуроквори ривоч ёфтааст. Асосан пахта, галладона, канаб, картошка, сабзавот мекоранд. Богдори, токпарвари ва кирмакдори низ ривоч ёфтааст. Бештар гов, хук, бузу гусфанд мепарваранд. Бо ду ордени Ленин мукофотонида шудааст (1959, 1970).

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …