Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Вилояти САРАТОВ

Вилояти САРАТОВ

САРАТОВ, вилоятест дар хайати Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР. 10 январи 1934 ташкил шудааст (солхои 1934—1936 кишвари Саратов буд). Масохаташ 100,2 хазор километр.2 Ахолиаш 2605 хазор нафар. (1984). Дар вилоят 38 район, 17 шахр ва 31 посёлкаи типпи шахр хаст. Марказаш шахри Саратов. Вилоят бо 2 ордени Ленин мукофотонида шудааст (1956, 1970).

gorod-saratov
Табиат. Вилоят дар чануби шарии хамвории Европаи Шарки, дар Поволжияи Поён, дар хар ду тарафи шахр (сохили дарёи Волга чой гирифтааст. Иклимаш континенти. Харорати миёнаи январ —11°С, —14°Селсия, июл 20—24*Селсия. Боришоти солона 250—450 миллиметр. Дар самти гарбии вилоят шохобхои дарёи Дон: Хопёр, Медведица, Иловля чори мешаванд. Хоки вилоят сиёх, дорчинии тира ва дорчини. 5%масохати вилоят бешазор (булут, тус ва гайра) аст. Дар вилоят хайвонхои зерин хастанд: гург,’ рубох, хаз, заргуш, шохгавазн, сайгак, хонгул, гуроз ва хояндахои гуногун. Дар дарёи Волга, шохобхои он ва дар Хопёр ва Медведица мохихои судак, лакка, леш ва гайра бисёранд.
Ахоли. Дар вилоят асосан русхо, инчунин украинхо, казокхо, тоторхо,белорусхо, чувашхо ва дигар халкхо зиндаги мекунанд. Шахрхои калон: Саратов, Энгелс, Балаково.
Хочаги. Дар давоми солхои 1913— 1974 хачми умумии махсулоти саноат 49 маротиба афзуд. Дар вилоят электроэнергетика, мошинсози, саноати химия ва нефту химия босуръат таракки карда истодаанд. Гидро Электоро Стансияи Саратов ба номи Комсомоли ленини, Гидро Электоро Стансияи ГРЭС ва Тепло Электро СтансияТЭЦ-1, Тепло Электро СтансияТЭЦ-2-и Саратов ва гайра базаи энергетикаи вилоят мебошанд.
Саноати мошинсози ва коркарди металл асосан дар Саратов (заводхои авиатсиони, мошинсозии энергетики, подшипник, «Серп и молот», «Сардизел», «Нефтемаш» ва гайра), Энгелс (заводи троллейбуссозии ба номи Уринский, заводи конструксияхои металли, заводи кисмхои эхтиётии автомобилу трактор ва гайра), инчунин дар Балаково (заводи таъмири киштихо), Балашов (заводхои таъмири автомобил, присепхои автомобилу трактор), дар Петровск (заводи кисмхои эхтиётии автомобил) ва гайра чой гирифтаанд. Саноати коркарди нефт дар Саратов вокеъ аст. Саноати химия низ ривоч ёфтааст. Корхонахои калонтарини химия: Иттиходияи истехсолии «Нитрон» (дар Саратов), Иттиходияхои истехсолии «Химволокно» (дар Энгелс ва Балаково), заводи химия дар Балаково, заводи махсулоти резини техники дар Саратов. Саноати масолехи бинокори хишт, семент, маснуоти охану бетон, карамзин, шишаи тиреза, шифер ва гайра мебарорад. Саноати тахтабури ва чубгари таракки кардааст. Дар саноати хуроквори корхонахои гушту шир, орду ярма ва равган бештар ривоч ёфтаанд. Дар Балашов заводи канд сохта шудааст.
Саратов яке аз нохияхои мухими хочагии кишлоки Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР мебошад. Дар вилоят 403 колхоз ва 237 совхоз буд (1974). Xочагии кишлоки вилоят 8485,7 хазор гектар замин дошт (1974). Замини кишт 6126,3 хазор гектар буд, ки аз он 4476.3 хазор гектар барои зироати галла, 420.6 хазор гектар барои зироати техники, 80,9 хазор гектар барои картошка ва сабзавоту зироати полизи ва 1148,5 хазор гектар барои зироати хуроки чорво чудо карда шудааст. Дар вилоят асосан гандум, чав, арзан, чавдор, сули, чуворимакка кишт мешавад. Аз зироати техники асосан офтобпараст парвариш мекунанд.
Дар вилоят чорводори низ ривоч ёфтааст. Соли 1975 дар вилоят ин кадар чорво буд (ба хисоби хазор сар): гов— 1587, модагов —615, бузу гусфанд — 2964, хук —894.
Тули рохи охан 2217 километр (1974). Дарозии рохи автомобилгард 22,7 хазор километр. Дарёхои Волга ва Иргизи Калон киштигарданд.
Сохтмони мадани ва нигахдории тандурусти. Соли тахсили 1974—1975 дар 1952 мактаби маълумоти умуми 420,1 хазор талаба, дар 77 омузишгохи касбхои техники 32,4 хазор талаба, дар 47 мактаби миёнаи махсус 54,1 хазор талаба ва дар 12 мактаби оли 58,6 хазор студент мехонд. Соли 1975 дар вилоят 1342 муассисаи томактаби буд, ки дар он 122,6 хазор кудак тарбия ёфт.
Соли 1975 дар вилоят 1191 китобхонаи оммави, 13 музей, 7 театр, филармония, сирк, 1755 клуб, 1915 дастгохи кинонамоишдихи, 3 Касри пионерон, 2 стансияи табиатшиносони чавон буд.
Дар вилоят газетахои вилояти «Коммунист» (аз соли 1906), газетаи комсомолии «Заря молодёжи» («Субхи чавони», аз соли 1919) чоп мешаванд. Радио барномахои вилояти ва Марказиро мешунавонад. Телевизиони вилояти барномахои махалли ва Марказиро намоиш медихад. Соли 1974 дар вилоят 251 беморхонаи дорои 27,8 хазор кат (11,1 кат ба 7 хазор сокин) буд; 9,1 хазор духтур (1 духтур ба 276 сокин) кор мекард. Дар вилоят курорти ба номи В.И. Чапаев, 15 санатория хаст.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …