Главная / Чугрофия / Вилояти Октеппа

Вилояти Октеппа

Октеппа (Актюбинск), вилоят дар хайати Республикаи Советии  Сотсиалистии Казокистон 10 марти 1932 ташкил шудааст. Дар кисми гарбии республика вокест. Масохаташ 299,8 хазор километр2. Ахолиаш 629 хазор нафар (январи 1979). Вилоят 13 райони маъмури, 7 шахр ва 4 посёлкаи типи шахр дорад. Марказаш шахри Октеппа.

Табиат. Октеппа дар байни пастии Наздикаспий (дар Гарб), пуштакухи Ус­тюрт (дар Чануб), пастии Турон (дар Чануби  Шимол) ва шохахои чануби кухи Урал (дар Шимол) чой гирифтааст. Кисми зиёди территорияи вилоят — хамвори (баландиаш 100—200 метр); дар кисми миёнаи он куххои Мугочар (нуктаи баландтаринаш кухи Бактибой, 657 метр) вокеанд. Иклимаш нихоят континенти, тобистонаш гарми хушк.

Тобистон зуд-зуд гармсер вазида, зимистон бисёр бурон мешавад. Харорати миёнаи июл дар Шимоли Гарб 22,5° Селсия, дар Чануби Шимол 25° Селсия, дар январ мувофикан — —16 ва —15° Селсия. Тамоми дарёхоиОктеппа. ба хавзаи бахри Каспий ва кулхои на он кадар калон мансубанд. Даорёхои калон: Эмба, шохобхои Урал — Ор, Илек, инчунин Иргиз, Уил, Тургай ва Сариз. Дарёхо камобанд, аксари онхо тобистон хушк мешаванд. Кулхои хурди обашон шур бисёранд. Оби шури кулхо ва дарёхо ба максадхои хочаги истифода намешаванд, бинобар ин обхои зеризамини истифода бурда мешаванд. Хоки кисми шимоли гарби вилоят сиёх ва дорчинии тира, марказ ва Шимоли Шарк дорчинранги кушод ва хокистарранг. Дар Чануб шурзаминхо вомехуранд.

Дар шимоли гарби вилоят растанихои дашти, дар водии дарёхо хар гуна алафу дарахтхо, дар кисмхои маркази ва шарки растанихои даштии хушкидуст, дар кисми чануб бошад, растанихои нимбиёбонию биёбони меруянд. Аз даррандахо гург, рубох вомехуранд. Хояндахо (юрмон, муш) ва хазандахо хеле бисёранд.

Ахоли. Дар Октеппа кариб 5% ахолии Республикаи Советии  Сотсиалистии  Казокистон  зиндаги мекунад, ки аз он казокхо 43%, русхо 26%, украинхо 17%, тоторхо З%ро ташкил медиханд. Зичии миёиаи ахоли дар 1 километр3 1,8 нафар. Ахолии шимолу гарби ви­лоят бештар зич аст. То Револютсияи  Кабири Сотсиалистии  Октябр дар вилоят хамаги 3 шахр (Октеппа, Шалкар, Темир) буд. Шахрхои Олга, Октябр, Хронтов, Шубарши баъди револютсия ба вучуд омаданд. Дар Мугочар курорти Бирчогир вокеъ аст.

Хочаги. Дар вилоят саноат (асо­сан маъдан, мошинсози ва коркарди ашёи хоми хочагии кишлок) ва лалмикори, чорводори таракки кардаанд. Солхои 1940—68 махсулоти умумии саноати 0. 17,6 маротиба афзуд. Энергетик вилоят асосан ангишти Караганда ва гази табиии газопроводи Бухоро—Уралро истифода мекунад. Дар Октеппа захирахои хромит, мис, маъдани никелу кобалт, титан, тилло, инчунин фосфорит, нефт, гази табии мавчуданд. Дар заминаи ин за- хира сохахои саноати маъдан, химия, заводи феррохулахо ва гайра ба вучуд омаданд. Аксарияти корхонахои саноати маъдан дар минтакаи My­гачар ва кисми марказию чануби вило­ят вокеанд. Дар шахри Октеппа заводхои феррохулахо, пайвастахои хром, аппаратхои рентгени, мошинхои хочагии кишлок, заводхои механики, таъмири автомо­бил ва корхонахои саноати сабуку хуроквори, дар шахри Олга комбинати химияви мавчуданд.

Дар вилоят кисми асосии заминхо чарогоханд: аз 26,6 миллион гектар замини хочагии кишлок (1968) танхо 2,8 миллион гектар замини киштшаванда, 0,5 миллион гектар алафзор буда, бокимонда хама чарогох аст. Солхои 1956—58 зиёда аз 1,6 миллион гектар замини бекорхобида аз худ карда, дар заминаи он совхозхои галлакор таш­кил карда шуданд.

Соли 1968 дар вилоят 91 совхоз ва 45 колхоз буд. Худи хамон сол замини кишт 1824 хазор гектар, аз он чумла майдони галла 1463 хазор гектар, майдони зироати техники 0,7 хазор гектар, майдони кар­тошка ва сабзавот 8,4 хазор гектар ва майдони зироати хуроки чорво 351 хазор гектар буд. Соли 1968 вилоят 2597, 8 хазор cap гусфанду буз, 452 хазор гов, 39,2 хазор хук, 83.4 хазор асп, 13,7 хазор шутур дошт. Дар шимоли гарби Октеппа кишти галлаи лалми (гандуми бахори, чав, арзан, инчунин офтобпараст), парвариши чорвои гушту ширдех, хукпарвари ва паррандапарвари ривоч ёфтааст. Дар кисми хеле хушку беоби вилоят чорвои гушту равгандех ва гусфанди гушту пашмдех, аспу шутур парвариш карда мешавад. Мохидорй дар кули Шалкор ривоч ёфтааст.

Тули рохи охан кариб 1140 километр. Магистралхои асоси: Оренбург—Октеппа— Тошкент ва Гурев—Октябр—Орск. Роххои хавои вилоятро бо Москва, Олмаато ва бо дигар шахрхо, инчунин бо районхои вилоят мепайванданд. Аз территорияи вилоят нефтепроводи Гурев— Орск ва газопроводи Бухоро — Урал ва Осиёи Миёна — Марказ мегузарад.

Сохтмони мадани ва нигахдории тандурусти. Соли тахсили 1968/69 дар Октеппа 574 мактаби маълумоти умуми (123 хазор талаба) буд. Дар му- ассисахои томактаби 13 хазор кудак тарбия меёфт. Дар 9 мактаби миёнаи махсус 6,7 хазор талаба, дар 2 мактаби оли (институти педагоги ва тибби) 3,7 хазор студент мехонд. Ви­лоят 548 китобхона, 340 клуб, 536 дастгохи намоиши кино, музеи кишваршиноси ва планетария -(дар Октеппа) дорад.

Соли 1968 дар вилоят 1009 духтур (1 духтур ба 500 нафар ахоли) ва дар беморхонахо 5902 кат (106 кат ба 10 хазор ахоли) буд. Газетахои вилоятии «Коммунизм жолы» (ба забони казоки аз соли 1932) ва «Путь к коммунизму» (ба забони руси аз соли 1919) нашр мешаванд. Барномахои радиои вилоят ба забонхон казоки ва руси шунавонида, барномахои радио ва телевизиони Москваю Олмаато низ шунавонида ва намоиш дода мешаванд.

Дар борамон

Инчунин кобед

MurghabTJ

МУРГОБ

МУРГОБ, посёлка, маркази маъмурии Совети кишлок ва райони Мургоби Вилояти Автономии Бадахшони Кухи. Дар сбхили …