Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Вилояти Намангон

Вилояти Намангон

Намангон вилоятест дар хайати РСС Узбекистон 18 декабри 1967 ташкил шудааст (аввал аз 6 марти 1941 то 25 январи 1960 вучуд дошт). Дар кисми шаркии республика чойгир аст. Масохаташ 7,9 хазор км2. Ахолиаш 1100 хазор нафар (1979). Ба 10 район таксим шуда, 6 шахр ва 9 птш дорад. Мар- казаш —шахри Намангон. Вилоят бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1 феврали 1973).

Табиат. Намангон тсисми шимолии водии Фар­гона, асосан сохили рости Сирдарёро ишгол кардааст. Кисми зиёди вилоят хамлориест (баландиаш такрибан 400—750 м), ки онро водии дарёхо бурида мегузарад. Ин хамвори ба тарафи Шимоли баланд шуда (баландихояш то 1000—1200 м), дар Шимол ва Шимолу Гарб ба каторкуххои Курама ва Чаткол мерасад. Тобистонаш гарми дароз, зимистонаш мулоими кутох, боришот кам аст (100—200 мм дар хамвори ва доманахо то 600 мм дар куххо). Дар хамвори харорати миёнаи январ— 3,5°С., июл 25°С. Калонтарин дарё— Сирдарё аст, ки дар худуди вилоят аз як шудани дарёхои Норин ва Кародарё ба вучуд меояд. Ба Сирдарё аз нишебии куххо дарёчахои Чорток, Чуст, Алмос, Чодак, Гова, Косон, Намангон мерезанд, ки хамаи онхо барои обёри истифода мешаванд. Хокаш бештар хокистарранг аст: то баландихои 700—850 м хокистарранги кушод, аз баландии 850 то 1200—1500 м хокис­тарранги мукаррари ва хокистарран­ги тира, боз хам баландтар — дорчинию сиёхтоб. Дар хамвори ва адирхо растанихои эфемери, баландтар аз он шувог, шура ва маргзорхо вомехуранд. Дар куххои Намангон дарахтони чормагз, олучаю себхои худруй ва арчазорхо мавчуданд. Дар куххои баланд маргзорхои субалпи — минтакаи чарогоххои тобистона вокеъанд. Аз олами хайвонот якчанд намуди хазанда ва хояндахо, аз паррандахо зогy суфитургай хастанд. Дар куххо оху, гуроз, хирс, паланг, чайра, капкалдок, аз паррандахо бургут, калхот, мурги хилол, кабк ва гайра мавчуданд.

Ахоли. Дар Намангон асосан узбекохо то­чикон, русхо, тоторхо (3%), киргизхо, кореихо ва гайрахо зиндаги мекунанд. Зичии миёнаи ахоли ба 1 км2 135 кас (1975). Ахолии шахр 33,3%. Шахрхо: Намангон, Чуст, Учкургон, Ко- сонсой, Хаккулобод, Чорток.

Хочаги. Вилоят яке аз калонтарин нохияхои пахтакории РСС Узбекистон буда, пахтакори сохаи асосии хочагии он аст. Дар катори ин богдори, чор- водори ва гайра таракки карда истодааст. Дар саноат сохахои пахтатозакуни ва хуроквори бештар мавкеъ доранд. Тилло, гач, охак, санги хоро, кум ва шагал истихроч карда мешавад. Саноати мошинсози, металлкоркуни ва химия таракки кар­да истодааст. Кисми асосии корхонахо дар Намангон буда, дар Чуст заводхои пахтатозакуни ва чарм, фабрикаи маснуоти бадеи ва гайра, дар Учкургои заводхои пахтатозакуни ва равган, дар Поп заводхои «Узбеккровля» ва пахтатозакуни, дар Чорток фабрикаи пахтаю дузандаги, дар Косонсой ва Уйчи фабрикахои шохибофи мавчуданд. Зироат асосан оби аст. Дар солхои хо- кимияти Совети каналхои ирригатсионии Шимоли Фаргона, Чуст, ба номи Охунбобоев, Чортоксой, обанбори Косонсой бунёд ёфта, чую каналхои кадима, аз нав сохта шуданд. Тули рохи охан 138 км (1975). Вилоятро рохи охани Куканд—Намангон—Учкургон— Андичон бурида мегузарад. Аз истгохи Учкургон як шохаи рохи охан ба Тошкумур (Киргизистон) меравад. Тули рохи автомобил 1830 км. Бо роххои Намангон—Тошкент, Наман­гон — Маргелон — Фаргона, Наман­гон— Андичон—Ош, Намангон—Куканд—Самарканд автобусхои пассажиркаш равуо доранд. Аз болои ви­лоят рохи хавоии Тошкент—Наман­гон—Андичон мегузарад. Намангон ба воситаи рохи хавои бо Душанбе, Фрувзе ва Самарканд низ алока до­рад.

Маорифу маданият ва тандурусти. Соли 1975 дар 508 мактаби миёна 272 хазор талаба, дар 17 омузишгохи касбхои техники 6510 хонанда, дар Инмтиту­ти давлатии педагогии Намангон зиёда аз 4,5 хазор студент тахсил ме- кард. Дар муассисахои томактабии вилоят зиёда аз 32 хазор бача тарбия меёфт. Дар Намангон 425 китобхона, 226 ки­нотеатр ва киноустановкахо, 273 клуб, музеи таъриху кишваршиноси, Театри драмаи мусикии Намангон кор мекунанд. Газетахои вилоятии «Намангон хакикати» («Хакикати Намангон») ба забони узбеки ва «Наманганская правда» ба забони руси, чоп мешаванд. Солхоиои 70 дар Намангон 97 муассисаи табобати (бо 8,3 хазор кат), кор мекард. Курорти балнеологии Чорток, санатория ва хонахои истирохати мавчуданд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …