Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Вилояти Липетск

Вилояти Липетск

ВИЛОЯТИ ЛИПЕТСК – (ба забони аслии руссиаш «Липецкая Область»)  минаткаи маъмуриест дар хайати Федератсияи Россия, ки санаи 6.1.1954 ташкил ёфтааст. Масохаташ 24 047 км². ва ахолиаш 1,2 млн. нафар (2017 сол), асосан русхо. Зичии миёнаи ахоли дар 1 км. мураббаъ 48 нафар. Ахолии шахри 57%. Ибрат аз 18 нохия, 8 шахр, 6 шахрак аст. Шахрхои калонаш — Липетск, Елетс, Данков, Грязи, Усман. Марказаш — шахри Липетк мебошад. Аз маркази Вилояти Липетск то шахри Москва 370 км. дури аст.

Вилояти Липетск

Чугрофия: Липетск дар кисми марказии Европаи Шарки, дар минтакаи бешадашт вокеъ аст. Кисми зиёди масохати онро баландии миёнаи Рус (баландиаш то 246 метр) ва пастии Окаю Дон ишгол намудаанд. Сатхашро водии дарёю чазирахо бурида гузаштаанд. Дерёхои мавсимии хушкшаванда, гору чашмахои карсти вомехуранд. Сарватхои зеризамини: охан, охаксанг, мергел, гили оташтобовар, реги квартси, торф. Дар наздикии ш. Липетск обхои минерали ва лойхои шифобахш мавчуданд. Иклимаш муътадили континенти. Харорараташ миёнаи январ аз —12° С то —11 С, июл +20 дарача гарм аст. Боришоти солона 450—500 мм.

Липетск

Дарёхои калонаш: Дон (шохобхояш Воронеж, Сосна, Красивая Меча ва гайра.). Хокаш — асосан сиёхи хокистари ва хокистарии бешаги, дар водихо — аллювиали, 8,3% масохат. вилоят бешазор аст. Дар Чанубу шаркии вилояти бешаи Усман вокеъ аст, ки он як кисми мамнуъгохи Воронеж ба хисоб меравад. Дар даштхои китъаи обтаксимкунаки Дону Воронеж алафхои гуногун меруянд.

ВИДЕО ДАР БОРАИ ЛИПЕТСК

Аз хайвонхои вахши рубох, гург, аз хояндагон юрмони холдор, хомяк, сугур, муши дашти, санчоб ва аз паррандагон чур, чугз, турнаи хокистарранг, мургоби, кози хокистарранг хастанд. Дар обанборхо мохи (загорамохи, окунь ва гайра.) парвариш карда мешавад.

Иктисодиёт:

Сохахои асосии саноат: металлургия, саноати кухи (асосан истихрочи маъдани охан), мошинсози, хуроквори. 3аводхои металлургии «Свободный Сокол» ва Новолипецк (Липецк) тахтапулод, прокат, чуяни рехтагари, узел, оханхулахо истехсол мекунанд. Дар наздикии Липецк маъдани охану охаксанг истихроч мешавад. Дар саноати мошинсози ва коркарди металл ба истехсоли трактор, дастгоххои оханбури (Липетк), тачхизоти рехтагари (Усман), кисмхои дастгоху тракторхо, радиаторхо (Липетск, Елен, Грязи, Чаплыгин), тачхизоти бинокорию насосхо (Елетс, Лебедян), гидроаппературахо, тачхизоти тибби (Елетс) ахамияти зиёд дода мешавад.

Корхонахои калони саноати хуроквори: заводхои канд (Лебедян, Грязи, Елетс), консерв, крахмалу патока (Лебедян), комбинатхои хуроквори (Грязи), гушт, ширу равган, фабрикаи тамоку (Усмен, Елетс) ва гайраанд. Саноати химия махсулоти органики (локи ба харорат тобовар, равгани молидани), алиф, нурихои минерали истехсол менамояд. Аз масолехи бинокори семент, хишти силикати, блокхо (Липетск), махсулоти охану бетони (Грязи, Елец) ва гайра истехсол мешавад. Саноати сабук асосан талаботи ахолии вилоятро конеъ мегардонад. Чарм ва турхои Елетс машхуранд.

Xочагии кишлоки вилояти Липетск дар истехсоли галла, офтобпараст, лаблабуи канд, чорвои гушту ширдех махсусгардонида шудааст. Гандум, чав, чавдор сули, арзан, мардумак аз зироатхои асоси ба хисоб мераванд. Дар атрофи Елетс ва Усмен тамоку ва картошка кишт мешавад. Обчакориву богдори низ таракки кардааст. Аввали соли 1977 (ба хисоби хазор сар) 692,7 гов, 502,1 хук, 323,2 бузу гусфанд дошт. Мургпарвари ривоч ёфтааст (5 млн). Тули рохи охан 786 км (1977). Аз вилояти Липетк роххои Москва—Елетс—Донбасс, Москва — Грязи — Воронеж — Ростови сохили Дон, Рига—Орёл— Липетск—Волгоград мегузаранд. Узели калони рохи охани — Елетс, Грязи.

ХАРИТАИ ВИЛОЯТИ ЛИПЕТСК

Маориф: Соли хониши 2010 дар вилоят 1020 мактаби маълумоти умуми, 41 омузишгохи касбхои техники, 22 мактаби миёнаи махсус, 2 институти педагоги (Липетск ва Елетс), Институти умумяиттифокии тадкикоти илми ва лоихакашии истифодаи металлпорахо, театрхои драмавию лухтак, 5 музей, 750 китобхонаи оммави мавчуд буд. Дар вилоят кариб 3 хазор нафар духтур (ба 10 хазор ахоли 25 нафар духтур) кор мекард. Касалхонахояш дорои 15 хазор катанд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …