Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Вилояти ХАРКОВ

Вилояти ХАРКОВ

xark

ХАРКОВ, вилоятест дар хайати РССУкраина 27 феврали 1932 таъсис ёфтааст. Масохаташ 31,4 хазор км2. Ахолиаш 3126 хазор нафар (1984). Ахолии шахри 77%. 25 район, 16 шахр ва 62 птш дорад. Марказаш шахри Харков. Вилоят дар канори чанубу гарбии баландии Миёнаи Рус чой гирифтааст. Иклимаш континентии муътадил. Харорати миёнаи январ аз -7 то — 8°С, июн 20—2ГС. Боришоти солона 450 —570 мм. Дарёи асоси — Северский Донец бо шохобаш Оскол. Кулхо: Лимаи, Боровое, Чайка, Лебяже ва гайра; обанборхо: Печенеги, Красный Оскол. Замини Xарков сиёххок. Кисми зиёди худуди вилоят заминхои корам буда, чо-чо бешахои пахнбарг (булут, заранг, зирфун) ва санавбарзорхо вомехуранд.
Вилояти Xарков ба нохияи иктисодии Донецу Наздиднепр дохил аст. Сохаи асосии саноат— мошинсози (тракторсози, турбинасози, дастгохсози, асбобсози, электротехники, тачхизот барои саноати ангишт ва полиграфи ва гайра)» Корхонакои саноати химия, хуроквори, сабук, чубгари, истехсоли масолеки бинокори низ мавчуданд. Манбаи энергетикиаш ГРЭС-и Змиёв. Марказкои саноат: Харков, Изюм, Лозовая, Купянск, Балаклея, Чугуев ва гайра. Зироатхои хочагии кишлок: гандум, чав, чуворимакка, офтобпараст, лаблабуи канд, картошка ва сабзавот. Богдори ривоч ёфтааст. Аз чорво гов, хук, гусфанд мепарваранд. Курортхояш: Чашмахои Минералии Берёзовка, Рай-Елеиовка, Роща. Вилоят бо 2 ордени Ленин мукофотонида шудааст (1958, 1968).

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …