Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЮСУФОВ Хаким Мустафоевич

ЮСУФОВ Хаким Мустафоевич

ЮСУФОВ Хаким Мустафоевич (тав. 17. 12. 1918, ш. Бухоро), геологи совети. Доктори илмхои геология ва минералогия (1984). Аъзои КПСС аз с. 1945. Ун-ти Самаркандро хатм кардааст (1940). Иштирокчии Чанги Бузурги Ватани (1941—45). Пас аз чанг дар Управленияи геологияи РСС Точ. кор кардааст.

С-хои 1960—66 ходими хурди илми ва аз 1967 ин чониб ходими калони илмии Ин-ти геологияи АФ РСС Точ. мебошад. Ю. асосан ба тадкики сохти геологи, тарзи пайдоиш ва конунияти чойгиршавии кондои сурмаю симоби Точикистон машгул аст. У аввалин шуда барои чустучуи конхои теле-термали (пастхарорат) услуби палеомагнитиро ба кор бурд. Шароити пайдоиш ва манбаъхои маъдани сурмаю симоби кухистони Зарафшону Хсорро омухта, нохияхои нави сурмаю симобдорро муайян намуд. Ю. муаллифи зиёда аз 40 макола ва 1 рисолаи илми мебошад. Бо ордени Ситораи Сурх (1944) ва медалхо мукофотонида шудааст.

Ос.; Основные закономерности размещения ртутно-сурьмяного оруденения в Зеравшано-Гиссарском рудном поясе, Д., 19/8.

М. Чалилов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.