Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЮСУФ ВАФО

ЮСУФ ВАФО

ЮСУФ ВАФО (1888, дехаи Пастигави Мастчох —10. 8. 1945, хамон чо), шоири халкии точик. Аз оилаи дехкон. Пет аз Рев. Октябрь дар Тошканд, Хучанд, Хучанд руз мегузаронд. Баъди Рев. Октябрь ба дехааш баргашт. Дар он чо бар зидди душманони синфи мубориза бурда, сохти колхозиро таргиб намуд. Чанд муддат сардори бригада буд. Дар сохтмони роххои Мастчоху Захматобод, Сталинободу Панчакент ва Уротеппа иштирок дошт. Эчодиёти Ю. В. дар ду давр гузаштааст. Дар ашъори тоинкилобии у шикоят аз чафохои рузгор ва беадолатихои замон мавкеи асоси дорад. Инкилоб ба назми Ю. В. сафои тоза овард. У Рев. Октябрьро бо мамнуният истикбол гирифта. дар шеърхояш хукумати Шуро, В. И. Ленин, озодии мехнаткашон, истиклоли занон, ободии кишвар ва диг. муваффакиятхои хаёти навро тараннум кардааст. Солхои Чанги Бузурги Ватани (1941— 45) ашъори у халкро ба кахрамонию фидокори хидоят намудаанд. Дар эчодиёти Ю. В. таъсири назми китоби баръало хис мешавад. У. дар шаклхои рубои, газал ва суруд шеър гуфтааст. Шеърхои хачви хам дорад, ки дар онхо муллою бойхои фиребгар мазаммат шудаанд.

Ос.: Бо шумо ман зиндаам, Сталинбод, 1956.

Ад.: Асрори В., Эчодиёти Юсуф Вафо, Сталинобод, 1956.

В. Асрори.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.