Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / УСТОДИ ВАРЗИШ

УСТОДИ ВАРЗИШ

ustodi-varzish

УСТОДИ ВАРЗИШ, дар СССР унвонхои зерини спорти таъсис шудаанд: 1) Устоди спорти СССР, соли 1935 бо карори Совети Олии физкултураи назди КИМ-и СССР мукаррар гардидаст. Ин унвон ба варзишгароне дода мешавад, ки дар мусобикахои расми меъёру талаботи Низомномаи умумииттифокии спортро ичро кардаанд. Дар РСС Точикистон бештар аз 1400 нафар (январи 1986) варзишгарон сазовори чунин унвон шудаанд.

2)   Устоди хизматнишоидодаи спорти СССР, соли 1934 КИМ-и СССР таъсис кардааст. Ин унвон ба варзишгароне дода мешавад, ки дар мусобикахои умумииттифокию байналхалки натичахои бехтарин ба даст овардаанд, инчунии дар пешрафти кори фнзкул тураю спорт фаъолона иштирок карда, голиби бозихои Олимпи, мусобикахои чахони ва Европа (ду маротиба) гардидаанд. Ба ин унвони фахри 6 нафар (январи 1986) варзишгарони бехтарини Точикистон сазовор шудаанд: Хасанов И. (1964), Лобанов Ю. (1972), Лобанов М. (1974), Рустамова 3. (1975), Гусейнов С. (1979), Старостин А. (1980).

3)   Устоди спорти класси байналхалки, соли 1965 Совети марказии Иттифоки чамъиятхои спорти ва ташкилотхои СССР барои хавасманд гардондани варзишгарони совети бахри баланд бардоштани дарачан махорат ва ба даст овардани комббихои спорти дар микёси чахони мукаррар намудааст. Ин унвон ба голибон ва дорандагони мукофотхои бозихои Олимпи, чемпионатхои чахон, Европа, СССР ва калонтарин мусобикахои расмии байналхалки дода мешавад. Аз Точикистон ба ин унвон 54 нафар (1986) варзишгарон сазовор гардидаанд.

4)Устоди спорти Точикистон, бо карори Комитети физкултура ва спорти назди Совети Вазирони РСС Точикистон аз 29 августи 1970 чори шудааст. Ба голибони чемпионат ва мусобикахои республикави, спартакиадахои Точикистон аз руи гуштини тарзи милли (гуштингири) инчунин шахсоне, ки дар инкишофу пешрафти гуштини милли сахми арзанда мегузоранд, дода мешавад. Дар РСС Точикистон ба ин унвони фахри 194 нафар (январи 1986) варзишгарон ноил шудаанд.       Ф. Фаёзов.

Инчунин кобед

universiada

УНИВЕРСИАДА

УНИВЕРСИАДА, бозихои спортии умумичахонии студентон, ки соли 1924 тъсис шуд. Бо ташаббуси Федерасияи умумичахонии спортсменхои …