Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УСМОНОВ Зафар Чураевич

УСМОНОВ Зафар Чураевич

УСМОНОВ Зафар Чураевич (таваллуд 26. 8. 1937, шахри Сталинобод), математики совети, доктори илмхои физика ва математика (1973). Академики Академияи Фанхои РСС Точикистон (1981; аъзо-коррспондент 1976). Аъзои КПСС аз соли 1975. Аз соли 1984 академик-котиби Шуъбаи илмхои физикаю математика ва геологияю химияи Академияи Фанхои РСС Точикистон.
Корхои илмии Усмонов асосан ба сохахои муштараки назарияи сатххо ва муодилахои эллипси, назарияи функсияхои тахлилии умумишуда, назарияи деформацпяи сатххо ва гайра оиданд. Доир ба назорати холати моддахои коллексиони, ба намуди формали тасвир кардани касалихои чигар ва гайра тадкикот бурдааст. Муаллифи зиёда аз 50 асари илмист. Раиси Совети Чамъияти илмию техникии Точикистон оид ба пешгуии илмию техники ва аъзои Комитети умумииттифокии он, рохбари гурухи Комитети ресяубликави оид ба тахкик ва моделонии математикии программаи байналхалкии «Инсон ва биосфера», аъзои сексияи моделонии математикии просессхои биогеосенологи ва мухофизати табиати Академияи Фанхои СССР ва дигар чамъияту ташкилотхои илми мебошад. Бо медали «Барои мехнати шучоатнок. Ба муносибати 100-солагаи рузи таваллуди Владимир Илич Ленин» мукофотонида шудааст. М. Исмоилов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.