Маълумоти охирин
Главная / Илм / УСЛУБШИНОСИ

УСЛУБШИНОСИ

УСЛУБШИНОСИ, як шохаи филология, ки системаи услубхои (нигаред Услуб) забон ва конунияти истифодаи воситахои баёнро меомузад. Услубшиноси бо грамматикаи нормативи, лексикология, фразеология, орфоэпия робитаи кави дорад, вале аз чихати вазифа ва усули тадкик аз онхо фарк мекунад. Услубшиноси ахамияти амали дорад: вай махорати суханвариро омузонда, ба забон окилона муносибат кардани ахли чамъиятро талкин менамолд. Мавзуи бахси Услубшиноси забон ва нутк буда, ба масъалаи «забон ва чамъият» ва проблемаи сосиолингвистика бештар тамоюл дорад.
Тахкики нормахон услубии забони адаби дар даврахои гунотуни инкишофи таърихии он вазифаи Услубшиносии таърихнст. Дар он на танхо тагйироти ягон услуб, тобишхои услубии унсурхои гуногуни забон, балки таърихи системаи услубхо, ташаккул ва инкишофи услубхои гуногуни забон ва таърихи таъсири мутакобили онхо муайяи мешавад. Аз ин ру, яке аз вазифахои Услубшиносии таърихи тахлили муносибати забони адабии китоби (хатти) ба забони адабии умумихалки ва гуфтутуист. Бо ин рох робитаи таърихи забони адаби ва таърихи адабиёт, хусусиятхои забонии сабкхои адабиёти форс-точик (сабки хуросони, сабки ироки, сабки хинди), чараёнхои адаби — классисизм, романтизм, сентиментализм, маорифпарвари, реализм ва гайраро мукаррар кардан мумкин аст. Услубшиносии забони адабии хозира вазъи имрузаи системаи услубхои забони адаби, хусусиятхои услубии материали забон, нормахои сохта шудани матнхоро муайян мекунад.

book-1
Услубшиноси ба се шохаи ба хам наздик — услуби забои, услуби нутк ва услуби адабиоти бадеи таксим мешавад. Услуби забон услубхои функсионали — услуби гуфтугуи, илми, расмии коргузори, публисисти ва гайраро дар бар мегирад. Услуби нутк аз муайян кардани фаркхои маънои, муассири ва услубии жанрхои гуногуни нутки хатти ва шифохи дар амалия ва фаъолияти чамъиятии одамон (дар маъруза, лекция, сухбату гузоришот ва бахсу мунозирахо) иборат аст. Услуби нутк ба услуби забон асос меёбад. Услуби адабиёти бадеи мачмуи услубхои адабиёти бадеи, инчунин услуби фардии нависанда ва услуби хоси чараёнхои адабиро фаро мегирад. Он дар байни услубхои дигари нутк мавкеъ ва эътибори махсус дошта, ахамияти бузурги адабиёти бадеиро дар хаёти мадани ва макоми аввалиндарачаи онро дар таъин намудани нормаи забони адаби муайян мекунад.
Дар илм холо ду усули омузиши забон ва услуби адабиёти бадеи чорист: аввалан, мухаккик системаи воситахои нуткро, ки муаллиф аз забони умумихалки интихоб кардааст, мукаррар менамояд. Дар инхол забони асари бадеи бо шохахои гуногуни забони милли (адаби ва гуфтугуи) мукоиса мешавад. Сониян, услубшинос воситахои баёнро ба сифати як воситаи офаридани асари бадеи аз назар мегузаронад. Дар ин маврид забон бо композисия ва мундаричди асар пайваста омухта шуда, мутобикати вазифаи коммуникативи ва эстетикии он муайян мегардад. Услубшиносии амали низ хаст, ки чихатхои нормативии забони адаби ва махорати суханвариро меомузад. Услубшиносии амали роххои бамаврид истифода бурдани имкониятхои забонро нишон медихад ва бо маданияти сухан робита дорад.
Унсурхои Услубшиноси дар замони атика ба миён омада, дар асрхои миёна инкпшоф ёфтаанд.
Дар таърихи забон ва адабиёти точик асархои бевосита ба услубшиноси дахлдор ба миён наомадаанд, вале дар таркиби асархои оид ба забон (фархангхо, сарфу нахв), адабиётшиноси (илми бадеъ, шарх, тафсир) ва таълифоти оид ба иншо баъзе масъалахои услубшиноси ба миён гузошта шудаанд.
Аз чумла асархои Мухаммад Умари Родуёни «Тарчумон-ул-балогат» (асри 11), Шамси Кайси Рози «Ал-Муъчамфи маоири ашъор-ил-Ачам» (асри 13) ва гайра баъзе масъалахои услубшиносиро дар бар мегиранд.
Дар забоншиносин имрузаи точик услуби адабиёти бадеи каму беш тадкик шудааст. Аввалин мухаккики ин соха С. Айни буд. Тахлили забони осори нависандагони точик С. Айни, Хаким Карим, Рахим Чалил ва дигарон дар таълифоти Н. Маъсуми, М. Шукуров, Р. Гаффоров, X. Хусейнов, Б. Камолиддннов ва дигарон сурат гирифтааст.
Адабиёт: Маъсуми Н., Очеркхо оид ба инкишофи забони адабии точик, Сталинобод, 1959; Гаффоров Р., Забон ва услуби Рахим Чалил, Душанбе, 1966; хамон муаллиф, Нависанда ва забон, Душанбе, 1977; Камолиддинов Б. Забон ва услуби Хаким Карим, Душанбе, 1967; хамон муаллиф, Услубшиноси, Душанбе, 1973; Хусейнов X., Забон ва услуби «Одина»-и устод С. Айни, Душанбе, 1973; Шукуров М., Хар сухан чоеву хар нукта макоме дорад, Душанбе, 1985. Р. Гаффоров.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …