Маълумоти охирин
Главная / Илм / УРОЛОГИЯ

УРОЛОГИЯ

УРОЛОГИЯ (аз уро… ва логия), як сохаи тибро гуянд, ки беморихои узвхои пешоб (дар мардхо беморихои узвхои чинси), пешгири ва усулхои муоличаи онхоро меомузад. Беморихои урологи аз кадим маълум буданд, вале урология хамчун илм асри 19 ташаккул ёфт. Соли 1869 Г. Зимон (дар Германия) бори нахуст гурдаро безарар бурида партофт. Дар тараккиёти минбаъдаи Урология хизмати олимони франсави Ф. Ж. К. Гюйон, Л. Мерсье, Ж. Албарран, англис Г. Томпсон, П. Фрейер ва австрияги Л. Диттель бузург аст. Дар асри 20 усулхои нави ташхису муоличаи урологи, масалан, хромосистоскопия, пиелюграфияи ретрогради, урографияи экскретори ва гайра кашф шуданд. Соли 1943 олими голланди В. Колф бори аввал гурдаи сунъиро истифода бурд. Инкишофи Урология дар Россия (асри 19) ба фаъолияти И. Ф. Буш, И. В. Буялский ва Н. И. Пирогов алокаманд аст.
Урология дар Точикистон соли 1958 ба вучуд омад. Соли 1965 дар беморхонаи республикавии № 3 шуъба (дорои 90 кат) ва соли 1969 дар Институти тибби кафедраи урологи кушода шуд. Минбаъд шуъбахои урологи (дорои 30— 40 кат) дар Ленинобод, Уротеппа, Кургонтеппа ва Кулоб низ ташкил шуданд. Дар шахрхои Душанбе, Ленинобод ва Орчоникидзеобод шуъбахои фтизиоурологи амал мекунанд. Дар Душанбе инчунин кабинети тадкики безурётии мард мавчуд аст. Шароити географии республикаро ба назар гирифта, дар 11 шуъбаи чаррохии беморхонахои райони барои шахсони гирифтори беморихои урологи 10—15-тоги кат чудо карданд. Урологхои Точикистои баъае масъалахои мухимми урологию нефрологи, масалан, таъсири омилхои баландкухи Помир ба кори гурдаи одам, муоличаи беморихои илтихобии музмин ва дарди санги гурда дар курорти Хочаобигарм, тагиири гурда хангоми нефрокалсивози тачрибави ва гайраро бомуваффакият хал карда истодаанд. Дар Точикистон шумораи бисёри урологхо кор мекунанд. А. С. Осимов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …