Маълумоти охирин

УРДУН

УРДУН, Шохии ХошимииУрдун давлатест дар Шарки Наздик Масохат 95,4 хазор км2 (беш аз 6,6 хазор км2-и онро соли 1967 давлати Исроил ишгол кардааст). Ахолиаш 3,5 млн нафар (охири 1982), аз чумла 0,85 млн нафар дар худуди ишголкардаи Исроил эиндаги мекунанд. Кариб 95% ахоли арабхоанд, бокимонда — арманихо, форсхо, туркхо, курдхо ва гайра. Забони расми — араби. Дини давлати — ислом. Пойтахташ шахри Уммон. Сохти давлатии Урдун мутлакияти конститусионист. Сардори давлат — шох. Органи конунбарор — Мачлиси милли. Кисми зиёди Урдунро пахнкуххо ишгол кардаанд. Баландиашон аз сатхи бахр андаряк 500—1000 м (нуктаи аз хама баландаш кухи Рам; 1754 м). Дар гарби мамлакат пастхамие вокест, ки дар худуди он водии дарёи Урдун ва ё Майит чой гирифтаанд. Иклимаш хушки субтропикист. Харорати миёнаи январ 8—14°С, июл 24—30°С. Боришоти солона аз 100 мм то 700 мм. Набототаш асосан нимбиёбони ва биёбонист; дар вохахо нахлзорхо хастанд.

urdun
Дар замонхои кадим дар худуди хозираи Урдун кабилахои сомии ханаанайхо зиндаги мекарданд. Урдун аз асри 7 ба хайати Хилофати Араб ва аз ибтидои асри 16 то соли 1918 ба хайати Империяи Усмони дохил буд. Баъди Чанги якуми чахони ба худуди мандатии Британияи Кабир дохил гардид; соли 1921 аз он Аморати мандатии Трансурдун чудо шуд. Аз соли 1946 давлати шохии мустакил мебошад. Июни 1967 кушунхои Исроил як кисми худуди Урдун (сохили гарби дарёи Урдун)-ро забт намуданд. Аз соли 1963 Урдун бо СССР алокаи дипломати дорад.
Асоси иктисодиёти мамлакат хочагии кишлок аст. Зироати асосии хочагии кишлок— гандум, чав. Току зайтунпарвари низ ривоч ёфтааст. Гов, уштур ва бузу гусфанд мепарваранд. Саноаташ аз истихрочи фосфорит ва тахвили нефт (аз хорича мекашонанд) ва махсулоти хочагии кишлок иборат аст. Тули умумии рохи охан кариб 500 км, роххои автомобилгард 9,6 хазор км (1984); ягона бандари бахриаш Акаба (дар бахри Сурх). Ба хорича фосфорит, мева, равгани зайтун мебарорад. Шарикони асосии тичоратиаш: Арабисгони Сауди, Сурия, Республикаи Федеративии Германия. Вохиди пул — динори Урдун.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …