Маълумоти охирин

ЮРА

ЮРА, давраи (системаи) юра, дар таърихи геологии Замин давраи дуюми эраи мезозойро гуянд, ки 190—195 млн сол мукаддам огоз ёфта 55—58 млн сол давом кардааст. Номи давра аз к-хои Юра, ки дар Франция ва Швейцария вокеанд, гирифта шудааст. Истилохи «Ю.»-ро с. 1829 геологи франсави А. Броньяр аввалин бор истифода бурд. Давраи Ю. ба заминхои аввал, миёна, онро ва (системааш табакаи чинсхои кухии Ю.) ба кисмхои поён, миёна, боло таксим мешавад.

Дар аввал ва охирхои давраи Ю. харакатхои пуршиддати тектоники ба амал омаданд. Ин харакатхо махсусан дар нохияхои геосинклиналии атрофи ук. Ором пурзуртар буданд ва ин боиси дар гарби Америкаи Шимоли ва Чануби, дар шарки Осиё ва баъзе чойхои минтакаи геосинклиналии Бахримиёназамин пайдо шудани куххои чиндор гардид. Дар чараёни кухпайдошави бошад, магматизм авч гирифт. Дар платформахо гох трансгрессия ва гохо регрессияи бахрхо ба амал меомад. Дар давраи Ю. материки Гондвана ба кисмхо чудо шуда, хавзаи ук-хои Атлантик ва Хинд ба вучуд меомаданд. Дар минтакаи чокхои калони кишри Замин (Африкаи Шарки, Америкаи Чануби ва диг. чойхо) вулконхо оташфшони мекарданд.

Олами органикии Ю. ба олами органикии давраи триас монанди дошт. Дар хушкихои давраи Ю. хамон растанихои лучтухми давраи триас, яъне гинкгохо, беннетитхо, саговникхо, мунмунахо (плаунхо), сузанбаргхо, сархасхо, чилбандхо ва г. меруиданд. Дар давоми давра ягог гурухи калони наботот на бархам хурдаасту на пайдо шудааст. Факат чинсу намуди лучтухмхо хеле тагйир ёфтаанд. Дар хушкихои Ю. хазандахои азимчуссаи алафхур (диплодок, стегозавр, бронтозавр) ва хазандахои дарранда (цератозавр, аллозавр), инчунин калтакалосхои паррон — претозаврхо, тирхурхои майда зиндаги мекарданд. Аввалин парранда — археоптерикс ва шапалакхо дар хамин давра пайдо шуданд. Олами хайвоноти бахрхо асосан аз нармбаданхо — сарпойхо (аммонитхо, белемнитхо), нармбаданхои дупалла ва ишкампойхо, инчунин марчонхо, сузанпустхо, бандпойхо, форсминиферахо, мохихои устухондор ва г. иборат буданд. Баъзе хазандахо — ихтиназаврхо, плезиозаврхо дар бахрхо мезистанд.

Тахнишастхои давраи Ю. дар хамаи континентхо ва хатто дар каъри укьёнус мавчуданд. Таркиб ва шароити пайдоиши онхо гуногунанд. Тахнишасти платформахо асосан континентию бахри ва геосинклиналхо бахри ва вулконогени мебошанд. Шароити иклимии юраи аввал, алалхусус юраи миёна, барои ангиштхосилшави ва охирхои Ю. бошад, барои намакхосилшави мусоид буд. Тахнишастхои давраи Ю. дар СССР, махсусан дар хамворихои Европаи Шарки, Сибири Гарби, дар Крим, Кавказ, Осиёи Миёна, Забайкалия ва Шарки Дур бисьёранд. Дар Точикистои он хо дар доманаи шимолии к-кухи Туркистон (кони ангишти Шуроб), дар кухистони Зарафшону Хисор (водии к-хои Зарафшон, Фону Ягноб, хамихои Киштуду Заврон, Могиёну Фароб, Зидди, нишебихои чанубии к-кухи Хисор), депрессияи Точикистон ва аз хама зиёдтар дар Дарвозу Помир вучуд доранд. Ии тахнишастхо аз конгломерат, peг, гил, вараксанг, охаксанг, мергел, чинсхои вулкони, кабатхои ангишт, намаксанг ва г. иборатанд, ки дар шароити континенти, бахри ва лагуни пайдо шудаанд.

Гафсии табакаи чинсхои Ю. дар Точикистони Маркази ва Чан. Гарби даххо, садхо м ва дар Помир ба якчанд км мерасад. Тамоми конхои ангишт, конхои намаксанги Хочамуъмин, Хочасартез ва г., инчунин баъзе конхои нефту гази республика дар давраи Ю. ба вучуд омадаанд.

У. Олимов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …